Гулҳои Душанбе
Асосӣ / Ташкили ширкатҳои соҳибмулкони манзил / ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ № 603 аз 10 декабри соли 2009
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ № 603 аз 10 декабри соли 2009

Дар бораи чораҳои беҳгардонии хизматрасонӣ

дар соҳаи нигоҳдориву истифодабарии фонди манзил

ва ташкили ширкатҳои соҳибмулкони манзил

дар ҳудуди марзиву маъмурии шаҳри Душанбе

 

     Бо мақсади такмили хизматрасониҳо дар соҳаи коммуналӣ ва нигоҳдории фонди манзил, таъмини ҷалби васеъи соҳибмулкон ҷиҳати идоракуни ва нигоҳдории биноҳои бисёрхонагӣ, таъмиру барқарорсозӣ ва беҳгардонии истифодабарии коммуникатсияҳою таҷҳизотҳо ва масоҳатҳои истифодаи умуми биноҳои истиқоматӣ, ташкили шаклҳои нав дар истифодбарии самараноки амволи ғайриманқули фонди манзил, таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нигоҳдории биноҳои бисёрхонагӣ ва ширкати соҳибмулкони манзил», мутобиқ ба талаботи моддаҳои 19 ва 20-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»,

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

 

1.                Тавсияи методии «Тарзҳои идоракунии биноҳои бисёрхонагӣ ва ташкили ширкатҳои соҳибмулкони манзил» (замимаи №1) ва оинномаи намунавии ширкати соҳибмулкони манзил (замимаи №2) ҷонибдорӣ карда шавад.

 

2.                Раисони ноҳияҳои пойтахт вазифадор карда шаванд, ки:

 - то 1 феврали соли 2010 ҷиҳати расонидани кўмаки ахборотиву амалӣ ба соҳибмулкони манзил оид ба интихоби тарзҳои идоракунии дар қонун пешбинишуда барои нигоҳдории фонди манзил тавассути чоп намудани варақаҳои иттилоотӣ-роҳнамоӣ, расонаҳои ахбори омма, расонидани кўмаки амалӣ оиди ташкил ва иштирок дар маҷлисҳои умумии соҳибмулкони манзил ва пайваста гузаронидани семинарҳо-машваратҳо ва треннингҳо чораҳои заруриро амалӣ созанд;

 

- баъди ба қайди давлатӣ гирифтани ширкатҳои соҳибмулкони манзил ё дигар воҳидҳои субъектҳои идоракунии фонди манзил, инвентаризатсия ва ба тавозуни онҳо супоридани амволи истифодаи умуми биноҳои бисёрхонагиро тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ва тартиби муқаррагардида амалӣ намоянд;

 - аз ҷониби собиқ ташкилотҳои истифодабарии манзил дар ноҳияҳо ҳаҷми умумии қарзҳои дебитории биноҳои бисёрхонагиро ба манфиати ширкатҳои соҳибмулкони манзили азнавташкилшуда бо тартиб додани санади дахлдор таъмин намоянд ва ё аз ҳисоби маблағи қарзҳои кредитории моликони манзил (ҳангоми вуҷуд доштани қарз) тибқи шартномаи тарафайн хизматрасонӣ оиди истифодабарӣ ва нигоҳдории моликияти умумии биноҳои мазкурро амалӣ созанд;

 - барои таъмини бақайдгирии манзилии шаҳрвандон дар заминаи собиқ идораҳои манзиливу коммуналӣ нозиротҳои манзилӣ таъсис ва ба онҳо функсияҳои бақайдгирӣ ва назоратиро вогузор намоянд;

- дар якҷоягӣ бо сохторҳои дахлдори шаҳриву ноҳиявӣ ва ҳамкорӣ бо Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон корҳои тарғиботиву маслиҳатӣ ва иттилоотиро байни сохторҳои навтаъсис ва соҳибмулкони квартираҳо дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монанд.

3.                Кумитаи заминсозии шаҳри Душанбе ҷиҳати пешгирии забти худсаронаи қитъаҳои замини наздихонагӣ, майдончаҳои кўдакон, таъмини нигоҳдорӣ ва истифодабарии онҳо аз рўи таъинот вазифадор карда шавад, ки тибқи тартиби муқарраргардида, қитъаҳои заминро барои истифодаи умум ба субъектҳои нави идоракунии фонди манзил вобаста намояд.

4.                Котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе Қаландаров Н. вазифадор карда шавад, ки инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути васоити ахбори омма таъмин намуда, дар якҷоягӣ бо Муассисаи давлатии телевизиони «Пойтахт», рўзномаи «Пайёми Душанбе» ва ҳамкорӣ бо дигар расонаҳои хабарӣ ҷиҳати ташкил намудани рубрикаҳои алоҳида, вобаста ба таъмини ёрии иттилоотӣ ба соҳибмулкони манзил, чораҳои зарурӣ андешад.

5.                Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.

6.                Назорати Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Мансуров Ҷ.М. ва Раисони ноҳияҳои пойтахт гузошта шавад.

 М.УБАЙДУЛЛОЕВ