Маркази барқу гармидиҳии -2 Душанбе
Асосӣ / Маъмурият / Дастгоҳи Раис / ДАВЛАТОВ Карим Сафарович
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
ДАВЛАТОВ Карим Сафарович

ДАВЛАТОВ Карим Сафарович
Муовини роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

17 октябри соли 1951 дар ноҳияи Кӯлоб таваллуд шудааст. Миллаташ   тоҷик, маълумоташ олӣ, Донишгоҳи давлатии Кӯлобро соли 1972 бо ихтисоси муаллими забон ва адабиёти тоҷик ва Мактаби олии ҳизбии шаҳри Тошкандро соли 1982  бо ихтисоси сиёсатшинос хатм намудааст. Давлатов К.С. фаъолияти меҳнатиашро пас аз хатми Донишгоҳи давлатии Кӯлоб соли 1974 то соли 1976 ба ҳайси роҳбари ҳарбии мактаби миёнаи №13 ба номи С.Лазои   ноҳияи Восеъ оғоз намудааст. Ӯ   солҳои 1976 –1980 ҳамчун ходими адабӣ, мудири шӯъбаи рӯзномаи «Роҳи ленинӣ»-и вилояти Кӯлоб кор кардааст. Аз соли 1980 то соли 1982  шунавандаи Мактаби Олии ҳизбии шаҳри Тошканд, солҳои 1982 – 1993 муҳаррири рӯзномаи «Мубориз» - и ноҳияи Восеъ, солҳои 1993 – 1995  дабири коргузори Ҷамъияти саҳҳомии «Чолтош» - и ноҳияи Восеъ, солҳои 1996 – 2000 хабарнигори рӯзномаи «Садои мардум», солҳои 2000 – 2009 мухбири махсус, муовини аввали сармуҳаррир ва муҳаррири шӯъбаи ҳуқуқии рӯзномаи «Ҷумҳурият»  кору фаъолият намудааст.

Аз моҳи январ то моҳи марти соли 2009 иҷрокунандаи вазифаи муовини роҳбари дастгоҳи Раиси   шаҳри Душанбе  ва аз моҳи марти соли 2009 то ҳол бо  Қарори Раиси шаҳри Душанбе №129 аз 10 марти соли 2009 дар  мансаби муовини роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе кор мекунад.

Давлатов К.С. соли 2002 бо медали «Хизмати шоиста» мукофотонида шудааст.

Оиладор, соҳиби 4 фарзанд мебошад.