Гулҳои Душанбе
Асосӣ / Маъмурият / Дастгоҳи Раис / ДАВЛАТОВ Муродалӣ Давлатович
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
ДАВЛАТОВ Муродалӣ Давлатович

ДАВЛАТОВ Муродалӣ Давлатович
Мудири шӯъбаи саноат ва энергетикаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

1 июли соли 1954 дар ноҳияи Восеъ таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1975 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимиро бо ихтисоси муҳандис-барқчӣ хатм намудааст.

Давлатов М.Д. фаъолияти меҳнатиашро баъди хатми Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ солҳои 1975 – 1980 ба ҳайси усто, устои калони Шабакаи барқии шаҳри Кӯлоб оғоз намудааст. Солҳои 1980 – 1982 муҳандис, муҳандиси калон, сардори бахши мошинҳои Маркази ҳисоббарорию ахборотии системаи нақлиёти автомобилии шаҳри Кӯлоб, солҳои 1982 – 1988 муҳандиси техникаи бехатарӣ, мутахассиси пешбар оиди муҳофизати меҳнат ва техникаи бехатарии Иттиҳодияи агросаноатии ноҳияи Восеъ шуда кору фаъолият намудааст. Аз моҳи март то моҳи октябри соли 1988 дар вазифаи муҳандиси Идораи махсуси ҳисоби хоҷагии Агропромбарқи ноҳияи Восеъ кор кардааст.

Солҳои 1988–1990 ба ҳайси усто, прораби Иттиҳодияи сохтмонию васлгарии комплекси агросаноатии ноҳияи Восеъ, солҳои 1990 – 1997 нозири фурӯши барқи ноҳияи Муъминобод, муҳандиси дифои релеӣ ва автоматӣ, муовини сардори фурӯши барқ, усто, сардори гурӯҳи восеъгии Шабакаҳои барқии шаҳри Кӯлоб шуда фаъолият намудааст.

Солҳои 1997–2002 дар вазифаҳои танзимгар, навбатдори Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе, солҳои 2002 – 2003 нозири калон, сардори шӯъбаи нозироти Раёсати фурӯши барқии ШСХК «Барқи тоҷик», солҳои 2003 – 2008 нозири назорати давлатии барқи шаҳри Душанбе, муҳандиси пешбар, сардори шӯъбаи истеҳсолию техники Инспексияи назорати давлатии барқи шаҳри Душанбе, директори Инспексияи назорати давлатии барқи шаҳри Душанбе, сардори шӯъбаи назорати давлатии энергетикии Хадамоти давлатӣ дар соҳаи барқи шаҳри Душанбе кор кардааст.

Бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе №131 аз 13 марти соли 2009 ба мансаби мудири шӯъбаи саноат ва энергетикаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе таъин гардид.

Оиладор, соҳиби 8 фарзанд мебошад.