Амфитеатр дар шаҳри Душанбе
Асосӣ / Маъмурият / Дастгоҳи Раис / ИБРАГИМОВ Рустам Матлабович
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
ИБРАГИМОВ Рустам Матлабович

ИБРАГИМОВ  Рустам  Матлабович
Мудири шӯъбаи коммуналии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

1 декабри соли 1970 дар шаҳри Душанбе  таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1994 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимиро бо ихтисоси  муҳандиси таъмини об, рафъи партовобҳо, истифодаи  оқилона ва ҳифзи манбаъи об хатм намудааст. Ибрагимов Р.М. фаъолияти меҳнатиашро баъди хатми   Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ солҳои 1994–1996 ба ҳайси муҳандиси Корхонаи хурди истеҳсолии «Фарзона» оғоз намудааст. Солҳои  1996–2001 мутахассиси дараҷаи якум, сармутахассиси шӯъбаи саноати дастгоҳи Раиси  шаҳри Душанбе, солҳои 2001–2005 мудири шӯъбаи саноати дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, солҳои 2005–2006  мудири шӯъбаи шабакаҳои муҳандисӣ, алоқа ва истифодабарии фонди манзили дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, солҳои     2006–2008 мудири шӯъбаи сохтмони дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе кору фаъолият намудааст.

Бо  Қарори Раиси шаҳри Душанбе №67 аз 12 феврали соли 2008 ба мансаби мудири шӯъбаи коммуналии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе таъин гардид.

Оиладор, соҳиби 4 фарзанд мебошад.