Кохи парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон – Маҷлиси Олӣ дар майдони «Дӯстӣ», дар маркази шаҳр ҷойгир аст.
Асосӣ / Маъмурият / Дастгоҳи Раис / НУРИДДИНОВ Шамсиддин
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
НУРИДДИНОВ Шамсиддин

НУРИДДИНОВ Шамсиддин
мудири бахши анъана ва ҷашну маросимҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

22 январи соли 1951 дар ноҳияи Файзобод таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1972 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси филолог, муаллими забон ва адабиёти тоҷик хатм намудааст, номзади илмҳои филологӣ.

Нуриддинов Ш. фаъолияти меҳнатии худро пас аз хатми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соли 1972 баъди хатми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ҳайси ходими хурди илмии Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон оғоз намудааст. Солҳои 1976-1978 тарҷумон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон, солҳои 1978-1984 ходими калони илмии Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон кор кардааст.

Солҳои 1984-1987 вазифаи котиби дуввуми Сафорати СССР дар Ҷумҳурии Демократии Афғонистонро анҷом додааст.

Мавсуф солҳои 1987-1998 ходими калони илмӣ, мудири шӯъбаи Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои Тоҷикистонро ба ӯҳда доштааст. Солҳои 1998-2007 мудири бахш, мудирии шӯъба оид ба корҳои дини дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва ҳамзамон

иҷрокунандаи вазифаи сардори Идораи фарҳанги шаҳри Душанбе шуда кор кардааст.

Бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе №570 аз 29 сентябри соли 2007 ба мансаби мудири бахши анъана ва ҷашну маросимҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе таъин гардид.

Вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе мебошад.

Соли 1998 бо «Ифтихорнома»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.
 
Оиладор, соҳиби 5 фарзанд мебошад.