Гулҳои Душанбе
Асосӣ / Маъмурият / Дастгоҳи Раис / УЛМАСОВ Фирӯз Убайдуллоевич
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
УЛМАСОВ Фирӯз Убайдуллоевич

УЛМАСОВ Фирӯз Убайдуллоевич
Роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

16 майи соли 1956 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1975 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимро бо ихтисосҳои муҳандис-сохтмончӣ ва соли 1987 Мактаби Олии ҳизбии шаҳри Тошкандро бо ихтисоси сиёсатшинос хатм намудааст.

Улмасов Ф.У. фаъолияти меҳнатии худро пас аз хатми Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ солҳои 1975 – 1977 ба ҳайси усто, технологи Комбинати хонасозии шаҳри Душанбе оғоз намудааст. Солҳои 1977 – 1979 дар сафи Кувваҳои Мусаллаҳ хизмат намудааст. Солҳои 1979 – 1982 прораб, котиби Кумитаи ҳизби коммунистии Комбинати хонасозии шаҳри Душанбе, солҳои 1982 – 1983 инструктори шӯъбаи ташкилии Кумитаи ҳизби коммунистии ноҳияи Марказии шаҳри Душанбе, солҳои 1983 – 1985 котиби Кумитаи ҳизби коммунистии Комбинати хонасозии шаҳри Душанбе кор кардааст.

Солҳои 1985–1987 дар Мактаби Олии Ҳизбии шаҳри Тошканд таҳсил намудааст. Солҳои 1987–1988 мудири шӯъбаи саноат ва нақлиёти Кумитаи ҳизби коммунистии ноҳияи Марказии (Фирдавсӣ) шаҳри Душанбе, солҳои 1988–1990 мудири шӯъбаи ташкилӣ, котиби Кумитаи ҳизби коммунистии ноҳияи Марказии шаҳри Душанбе, солҳои 1990–1993 раиси Кумитаи иҷроияи вакилони халқи ноҳияи Марказии шаҳри Душанбе, солҳои 1993–1994 роҳбари корҳои Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 1994–1999 раиси ноҳияи Октябри (Исмоили Сомонӣ) шаҳри Душанбе, солҳои 1999–2003 роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, солҳои 2003–2006 муовини Раиси шаҳри Душанбе, солҳои 2006-2007 дар вазифаҳои директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази байналхалқии намоиш ва фарҳангию савдои Душанбе», директори Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе» кору фаъолият намудааст.

Солҳои 2007-2009 муовини роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, аз моҳи январ то моҳи апрели соли 2009 дар мансаби мудири шӯъбаи сохтмони дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе кору фаъолият намудааст.

Бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе №222 аз 21 апрели соли 2009 ба мансаби роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе таъин гардид.

Улмасов Ф.У. бо медалҳои «60-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС» ва «Хизмати шоиста» мукофотонида шудааст.

Оиладор, соҳиби 2 фарзанд мебошад.