Биноҳои истиқоматӣ ва маъмурии лоиҳаи «Диёри Душанбе»
Асосӣ / Маъмурият / Муовинони Раис / МАНСУРОВ Ҷамшед Мақсудович
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
МАНСУРОВ Ҷамшед Мақсудович

МАНСУРОВ Ҷамшед Мақсудович
Муовини Раиси шаҳри Душанбе

26 январи соли 1955 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1977 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимиро бо ихтисоси муҳандис-барқчӣ хатм намудааст. Мансуров Ҷ.М. фаъолияти меҳнатии худро пас аз хатми Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ аз соли 1977 оғоз намуда то соли 1981 дар вазифаҳои муҳандис, сарбарқчии трести «Таджиккоопстрой» кор кардааст. Аз соли 1981 то соли 1995 дар вазифаҳои муҳандиси калони шӯъбаи истеҳсолӣ-техниқӣ, устои калон, сармуҳандис, директори Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе кору фаъолият намудааст. Солҳои 1995-2006 муовини сармуҳандис, муовини раиси Ширкати саҳҳомию холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» кор кардааст.

Бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе №200 аз 4 майи соли 2006 ба мансаби муовини Раиси шаҳри Душанбе таъин гардид.

Соли 1998 бо унвони фахрии медали «Хизмати шоиста» мукофотонида шудааст.

Оиладор, соҳиби 3 фарзанд мебошад.