Осорхонаи нави миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Маъмурият / Тақсимоти вазифаҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Тақсимоти вазифаҳо

 ТАҚСИМОТИ

вазифаҳо байни муовини якум, муовинони Раиси шаҳр

 ва роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

 

ЗУВАЙДЗОДА Маҳмадсаид Маҳмуд

муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе

      Барои татбиқи Нақшаи генералии шаҳр ва  тақвияти ислоҳоту дигаргунсозиҳо дар соҳаҳои комплекси сохтмонӣ, роҳсозӣ, заминсозӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, дар ҳамкории ҳамаҷониба бо раисони ноҳияҳои шаҳр, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ва сохторҳои нигоҳдорӣ ва идоракунии биноҳои бисёрхонагӣ оид ба истифода, ободонию нигоҳдории фонди манзилу шабакаҳои муҳандисии он, ҳифзи муҳити зист, фаъолияти самараноки системаҳои обтаъминкунию корезӣ, каналу селпартовҳо ва татбиқи Лоиҳаҳои обтаъминкунию идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Душанбе, воридоти инвеститсия ва тавлиди ҷойҳои нави корӣ  ва мубориза бо коррупсия дар соҳаҳои зикршуда, ҳамоҳангсозии кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Душанбе дар таъмин намудани волоияти қонун, қонуният, тартибот, амният, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ҳалли масъалаҳои ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, муҳофизат аз сӯхтор ва тадбирҳои зидди обхезӣ масъул мебошад.

            Ба раёсатҳои сохтмони асосии шаҳри Душанбе, сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосию ҷории роҳҳою кӯпрукҳои ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе, шуъбаҳои сохтмон ва ободонӣ, коммуналию муҳандисӣ, маъмурию ҳуқуқии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, корхонаҳои воҳиди давлатии «Роҳсоз», «Обу корези Душанбе» ва лоиҳаҳои обтаъминкунию  идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Душанбе роҳбарӣ ва бо сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи шаҳр, ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ,   Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе, инчунин сохторҳои марбутаи ҷумҳуриявӣ ҳамкорӣ  менамояд.

           Комиссияҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе бобати масъалаҳои пешниҳод ба мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номгузории кӯчаҳо ва додани иҷозатномаҳо барои гузаронидани корҳои муҳандисӣ-коммуникатсиониро сарварӣ менамояд ва ба комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе баҳри амалӣ намудани вазифаҳои ба зиммаашон гузошташуда мусоидат менамояд.

 

МУИНӢ Мавсума Муинзода

муовини Раиси шаҳри Душанбе

    Барои густариш ва тақвияти ислоҳоту дигаргунсозиҳо, амалӣ намудани барномаҳои қабулгардида оид ба рушду нумӯ ва мубориза бо коррупсия дар  соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҳифзи оила, модару кӯдак, занон ва ҷавонон, таъмини ҳамоҳангии фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятию сиёсӣ, динӣ, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, кор дар маҳалли зисту ҷои таҳсил  ва пардохти саривақтии музди меҳнат, нафақапулию ҷубронпулиҳое, ки қонунгузорӣ ба кормандони соҳаҳои зикршуда муайян кардааст, масъул мебошад.

    Ба  шуъбаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, фарҳанг, раёсатҳои маориф, тандурустӣ, кор бо занон ва оилаи Мақомоти иxроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, Маркази назорати давлатии санитарӣ-эпидемиологии шаҳри Душанбе, муассисаҳои  давлатии  фарҳангию фароғатии «Пойтахт-80», «Маркази худшиносии бонувон дар шаҳри Душанбе», «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе» (аз нигоҳи масъалаҳои тарғиботию ташвиқотӣ), корхонаҳои воҳиди давлатии «Маркази дӯстӣ-Интернет-кафе», «Фурӯш ва паҳни китобу нашрияҳои даврӣ»-и шаҳри Душанбе роҳбарӣ ва ба  Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе, шуъбаи Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе, комиссариати ҳарбӣ, Ташкилоти мададгори мудофиа, фаъолияти эҷодии рӯзномаи «Паёми Душанбе», Муассисаи давлатии «Телевизиони пойтахт»  дар амалӣ сохтани вазифаҳои ба зиммадоштаашон мусоидат менамояд.

           Сарварии комиссияҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, ҳуқуқи кӯдак ва даъват ба хизмати ҳарбиро ба уҳда дошта, бо сохторҳои марбутаи ҷумҳуриявӣ, комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, воситаҳои ахбори омма ва ташкилотҳои ғайриҳукуматию сохторҳои институтҳои ҷамъиятию шаҳрвандӣ ҳамкории мақсадноку самарабахшро амалӣ менамояд.

 

НАЗИРМАДЗОДА Бахтиёр

муовини Раиси шаҳри Душанбе

       Ба густаришу тақвияти ислоҳоту дигаргунсозиҳои мухталиф дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, ҷалби инвеститсияҳои хориҷиву дохилӣ, татбиқи барномаҳои мақсаднок оид  ба мубориза бо коррупсия, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, шуғли аҳолӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатию хусусигардонии моликияти коммуналӣ, баҳисобгирӣ ва тақсимоти манзил масъул мебошад ва пардохти саривақтии музди меҳнат, нафақапулию ҷубронпулиҳое, ки қонунгузорӣ муайян намудааст, таъини нафақа барои хизматҳои махсус дар  рушду нумӯи шаҳри Душанберо таъмин менамояд ва бо сохторҳои марбутаи кредитӣ-молиявӣ, инвеститсионӣ, андоз ва гумрук, дастгирию рушди соҳибкорӣ, савдою хизматрасонӣ, новобаста аз шакли моликияташон, ҳамкории судмандро амалӣ  менамояд.

         Ба шуъбаҳои  иқтисод, молия ва ояндабинӣ, таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе роҳбарӣ ва ба фаъолияти самараноки шуъбаи меҳнат ва ҳифзи иxтимоии аҳолӣ, раёсатҳои  сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, рушди иқтисод ва савдо,  ҳисоби хоҷагии баҳисобгирӣ ва тақсимоти манзили шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии «Душанбе Плаза», корхонаҳои воҳиди давлатии «Меҳмонсарои «Пойтахт»», «Меҳмонхонаи Вахш», «Маркази равобити пойтахт»-и  Мақомоти иxроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе масъул мебошад ва бо сарраёсатҳои молияи шаҳри Душанбе, Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ  ва  муҳоҷират  дар  шаҳри  Душанбе,  шуъбаи  Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар шаҳри Душанбе, Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар шаҳри Душанбе, шуъбаи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, мақомоти андоз, гумрук, омор, Маркази дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ дар шаҳри Душанбе, Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул»-и шаҳри Душанбе, Раёсати назорати давлатии байторӣ дар шаҳри Душанбе (бобати назорати сифат ва мутобиқати маҳсулот ба меъёрҳои санитарию эпидемиологӣ ва байторӣ дар бозорҳои истеъмолии шаҳр), комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва сохторҳои марбутаи ҷумҳуриявӣ ҳамкорӣ ва комиссияҳои мувофиқасозии тартиби (реҷаи) кори ташкилотҳои хизматрасониву маишӣ, тақсимоти манзил ва кумитаи ҳамоҳангсозии мусоидат ба шуғли аҳолиро дар шаҳри Душанбе сарварӣ менамояд.

 

САИДЗОДА Қурбон Тағай

муовини Раиси шаҳри Душанбе

     Ба густаришу тақвияти ислоҳоту дигаргунсозиҳо дар муассисаҳои давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамот-расон», мусофиркашонии нақлиёти коммуналӣ, ободонию  истифодабарии роҳҳо, боғҳои фарҳангию фароғатӣ дар шаҳри Душанбе,  ҷалби  инвеститсияҳои  хориҷию дохилӣ, тавлиди ҷойҳои нави корӣ, пардохти саривақтии музди меҳнат ва мубориза бо коррупсия дар соҳаҳои зикршуда масъул мебошад.

         Ба шуъбаи нақлиёт, нигоҳдории роҳ ва коммуникатсияи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон», корхонаҳои коммуналии воҳиди давлатии «Автобус-1», «Автобус-2», «Автобус-3», «Троллейбус», Корхонаи воҳиди давлатии таҷрибавии илмию истеҳсолии «Сабзкорӣ», муассисаҳои давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт», «Боғи пойтахт», «Боғи ҳайвонот», «Боғи фарҳангию фароғатии Айнӣ», «Боғи фарҳангию фароғатии «Дӯстии халқҳо», «Боғи фарҳангию фароғатии «Кули ҷавонон», «Раёсати хоҷагии ҷангал ва боғи маданӣ-истироҳатии «Ғалаба» роҳбарӣ менамояд ва бо Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе, шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати корҳои дохилии шаҳр, Раёсати хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти шаҳри Душанбе, Шабакаҳои телефонии шаҳрӣ, комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва сохторҳои марбутаи ҷумҳуриявӣ баҳри таъмини фаъолияти самаранокашон  ҳамкорӣ менамояд.

 

ҶУМАЗОДА Фаррух Тӯрақул

муовини Раиси шаҳри Душанбе

            Барои густаришу тақвияти ислоҳоту дигаргунсозиҳои мухталиф ва мубориза бо коррупсия, воридоти инвеститсия ва  тавлиди ҷойҳои нави корӣ дар  субъектҳои соҳаҳои энергетикаю саноат, гармидиҳӣ ва  истеҳсолии дар қаламрави шаҳри Душанбе  фаъолиятдошта масъул мебошад  ва бевосита ба шуъбаҳои саноат ва энергетика, коммуналию муҳандисии  дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Шабакаҳои гармидиҳии шаҳри Душанбе», «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе», Муассисаи давлатии «Равшании Душанбешаҳр», корхонаҳои воҳиди давлатии «Душанбе-контрактпром», «Душанбеагросервис» роҳбарӣ  ва бо Маркази истеҳсоли барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе, ҷамъиятҳои саҳомии «Душанбегаз», «Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе», шуъбаи назорати давлатии энергетикии шаҳри Душанбе, комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва мақомоту  сохторҳои ҷумҳуриявӣ ҷиҳати таъмини фаъолияти самараноки  онҳо ҳамкорӣ менамояд.

 

САИДЗОДА Тоҷиддин Ниёз

роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

          Таъминоти иттилоотию таҳлилӣ, ташкилию ҳуқуқӣ, моддию молиявӣ ва техникии фаъолияти Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва Раиси шаҳри Душанберо мутобиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва Қарори Раиси шаҳри Душанбе №301 аз 29 июни соли 2006 «Дар бораи Низомномаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе» бо мақсади иҷрои бемайлони  вазифаҳои асосии мақомоти намояндагӣ ва иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе амалӣ мегардонад. Фаъолияти самараноки дастгоҳи Раиси шаҳрро таъмин ва ба шуъбаҳои ташкилӣ, кадрҳо, умумӣ ва протокол, назорат, муҳосибот ва хоҷагӣ, муроҷиат ва қабули шаҳрвандон, бахши корҳои махсус ва бойгонии байниидоравӣ роҳбарӣ мекунад, назорати истифодабарии  мақсадноку самараноки маблағҳои  дар сметаи хароҷотии  дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ҷудогардидаро  ҷиҳати фаъолияти муътадили он  таъмин намуда, баҳри омодагию баргузор намудани иҷлосияҳои Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе дар муҳлатҳои муқарраргардида, ҷаласаҳои назоратии ҳарҳафтаина, корӣ ва таъҷилии Раиси шаҳри Душанбе чораҳои мушаххас андешида, иҷрои қарорҳои дар онҳо қабулгардидаро таъмин менамояд ва ташкили робитаи ногусастанӣ бо вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳрро  ба роҳ мемонад.

    Доир ба таъмини назорат ва  иҷрои Қарор, Амр ва супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе аз  ҷониби  шуъбаҳои   дастгоҳи Раиси шаҳр ва сохторҳои шаҳрӣ, баррасии саривақтии арзу шикоят, дархосту муроҷиатҳои шаҳрвандон, такмили  фаъолияти самараноку шаффофи Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва сохтору зерсохторҳои он, сари вақт омода намудани ҳуҷҷатҳои номзадҳо барои пешниҳод намудан ба мукофотҳои давлатӣ ба баррасии комиссияи марбутаи шаҳрӣ  масъул  мебошад.

        Кори комиссияҳои доимӣ ва муваққатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, фаъолияти сохторҳои дахлдори Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳр ва ноҳияҳои онро ҷиҳати риояи Регламенти умумишаҳрӣ ҳамоҳанг месозад.