Амфитеатр дар шаҳри Душанбе
Асосӣ / Иқтисодиёт / Рушди иқтисодиёт
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Рушди иқтисодиёт

Ҳисобот

оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Душанбе дар соли 2017

 

 

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар доираи сиёсати бунёдкоронаю созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда фаъолиятро роҳандозӣ намуда, як қатор тадбирҳои мушаххас баҳри таъмини рушди иқтисодию иҷтимоӣ, дигаргунсозиҳо дар соҳаҳои инфрасохторию хизматрасонӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна, бахусус соҳибкории истеҳсолӣ ва дар ин замина таъсис додани ҷойҳои нави корӣ ва дарёфти манбаъҳои иловагии андозу пардохтҳоро ба роҳ монд.

Бо дарназардошти омилҳои болозикр тамоюли мусбии аксари соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва устувории нишондиҳандаҳои асосии иқтисодӣ шаҳр дар ин давра таъмин карда шуд.

Маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ (МММ). Мувофиқи маълумоти пешакии оморӣ Маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ дар  соли 2017 ба 11003,9 миллион сомонӣ баробар гардида, суръати афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,2 фоиз ва саҳми он дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) 18,0 фоизро ташкил дод.

 

Тамоюли афзоиши ҳаҷми номиналӣ ва рушди воқеии МММ-и шаҳри Душанбе дар солҳои 2016 ва 2017

Дар моҳҳои январ – декабри соли 2017 сохтори МММ аз ҳисоби  истеҳсоли молҳо 21,2 фоиз (дар соли 2016-ум 23,9 фоиз), хизматрасонӣ 75,4 фоиз (72,7 фоиз) ва андозҳо 3,4 фоиз (3,4 фоиз) ташаккул ёфтааст.

 

Сохтори Маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ дар моҳҳои январ - декабри солҳои 2016 - 2017 (бо фоиз)

 Дар моҳҳои январ – декабри соли 2017 рушди МММ аз ҳисоби зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 104,9 фоиз, гардиши савдои чакана 103,9 фоиз, хизматрасонии пулакӣ 103,4 фоиз ва мусофиркашонӣ 100,5 фоиз таъмин гардидааст.

Соҳаи саноат. Истифодаи самараноки иқтидорҳои нав, роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазиру воридотивазкунанда ҷиҳати афзоиш ёфтани соҳаи саноати шаҳр дар соли 2017 заминаи мусоид фароҳам овард. 

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби 467 корхонаи саноатии шакли моликияташон гуногун, бо дарназардошти субъектҳои хусусӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 1596,8 миллион сомонӣ баробар гардид, ки суръати афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,9 фоиз зиёд мебошад.

 

Тамоюли ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар моҳҳои январ - декабри солҳои 2016 - 2017

 

Дар соҳаи саноати истихроҷ истеҳсоли маҳсулот ба 9,3 миллион сомонӣ ё 107,0 фоиз, саноати коркард 1223,9 миллион сомонӣ ё 106,9 фоиз ва истеҳсоли нерӯи барқ, газ, гармӣ ва обтаъминкунӣ 363,6 миллион сомонӣ ё 116,5 фоиз баробар гардидааст. Дар давраи ҳисоботӣ суръати афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияҳои Фирдавсӣ - 16,0 фоиз, Шоҳмансур - 2,1 фоиз ва Сино - 3,2 фоиз ва дар ноҳияи                     И. Сомонӣ - 6,6 фоиз кам нисбат ба ҳамин давраи соли 2016 таъмин гардидааст.

Таносуби соҳаҳои саноат дар ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар моҳҳои январ – декабри соли 2017  (бо фоиз)

Дар моҳҳои январ – декабри соли 2017 ба афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ зиёдшавии истеҳсоли маҳсулотҳо, аз ҷумла маҳсулоти хӯрокворӣ, якҷоя бо нӯшокиҳо 104,7 фоиз, истеҳсоли пойафзол ва маҳсулоти чармӣ 120,8 фоиз, коркарди чӯбу тахта ва истеҳсоли маҳсулот аз чӯб 156,9 фоиз, селлюлозаю коғаз ва фаъолияти табъу нашр 126,6 фоиз, истеҳсолоти кимиёвӣ 172,6 фоиз, маҳсулоти резинӣ ва пластмассӣ 127,4 фоиз, металургӣ ва истеҳсоли маснуоти тайёри физилӣ 110,8 фоиз, мошинолот ва таҷҳизот 107,3 фоиз, таҷҳизоти барқӣ 120,0 фоиз ва ҳар гуна маҳсулоти соҳаҳои саноат 146,7 фоиз мусоидат намудаанд.

Дар моҳҳои январ - декабри соли 2017 дар шаҳри Душанбе ба маблағи 59000,4 ҳазор сомонӣ маҳсулоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ истеҳсол гардид, аз ҷумла калобаи пахтагин 730,0 тонна ё 2,6 маротиба зиёд, газворҳои пахтагини тайёр 2720,0 ҳазор метри мураббаъ ё 125,9 фоиз ва ҷӯробу пайпоқ 804 ҳазор ҷуфт ё 103,1 фоизро ташкил дод.

Инчунин, дар ин давра ба маблағи 7821,8 ҳазор сомонӣ 204,6 ҳазор дона либоси мактабӣ истеҳсол шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 43,2 фоиз ва 57,9 фоиз зиёд мебошад.

Ҳаҷми маҳсулоти аз анбор ба фурӯш баровардашуда 1579,5 миллион сомониро ташкил намуд, ки ба 98,9 фоизи маҳсулоти истеҳсолгардида баробар аст.

Содироти корхонаҳои саноатии шаҳри Душанбе дар ин давра ба 2,6 миллион доллари ИМА баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 37,4 фоиз афзоиш ёфтааст.

Дар ин давра дар шаҳр 42 корхонаю коргоҳҳои истеҳсолӣ бо таъсиси беш аз 254 ҷойи нави корӣ ба фаъолият оғоз намуданд.

Истеҳсоли нерӯи барқ ва гармӣ. Дар соли 2017 дар марказҳои истеҳсоли барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе истеҳсоли энергияи барқ ҳамагӣ 1029,0 миллион кВт соатро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,5 маротиба ё 364,8 миллион кВт соат зиёд мебошад.

 

Ҳаҷми истеҳсоли энергия дар моҳҳои январ – декабри солҳои 2016 – 2017

Истеҳсоли энергияи гармӣ дар ин давра ба 428,2 ҳазор Гкал баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 37,5 фоиз ё 116,7 ҳазор Гкал зиёд мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ дар маҷмӯъ аз тарафи ҶСК «Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе» ба миқдори 2971,0 миллион кВт соат энергияи барқ қабул гардид, ки нисбат ба соли 2016-ум 110,8 миллион кВт соат зиёд мебошад, аз ҷумла аз ҷониби аҳолӣ 1573,0 миллион кВт соат энергияи барқ истифода гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 19,0 миллион кВт соат зиёд мебошад.

Хароҷоти технологии (талафот) барқ дар давраи ҳисоботӣ 16,8 фоизро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,1 банди фоизӣ кам мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби Муассисаи шабакаи гармидиҳандаи шаҳри Душанбе дар доираи нақша - чорабиниҳо як қатор корҳо, аз ҷумла таъмири ҷории қубурҳои гармидиҳанда 32,3 км, иваз намудани қубурҳои гармидиҳанда 6,8 км, таъмири ҷории чоҳҳои гармитақсимкунӣ 226 адад, таъмири ҷории истгоҳҳои насосӣ 26 адад, таъмири ҷории лукидонҳо 1231 адад, иваз намудани лукидонҳо 110 адад, таъмири ҷории дегхонаҳои локалӣ 13 адад, таъмири элеваторҳо 1644 адад, таъмири ҷорӣ ва иваз намудани 2 адад обгармкунакҳои бунгоҳҳои гармидиҳӣ ба сомон расонида шуд, ки 100 фоизи нақшаи пешбинигардидаро ташкил медиҳад.

Баъди ба анҷом расидани корҳои таъмириву азнавсозӣ 1616 бинову иншоот соҳиби шиносномаҳои тайёрӣ шуда, бо гармӣ таъмин гардиданд, ки 105,6 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ. Дар моҳҳои январ - декабри соли 2017 ҳаҷми умумии маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ бо нархҳои муқоисавӣ 2797,6 миллион сомониро ташкил дод.

Аз ҳаҷми умумии маблағҳои асосии азхудкардашуда 1258,0 миллион сомонӣ ё 45,0 фоиз ба маблағгузориҳои давлатӣ, 636,1 миллион сомонӣ ё 22,7 фоиз ба маблағгузориҳои шахсӣ ва 903,6 миллион сомонӣ ё 32,3 фоиз ба сармояҳои хориҷӣ рост меояд.

Тибқи маълумоти оморӣ дар соли 2017 дар шаҳр аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 1486,8 миллион сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор андохта шудааст, ки нисбат ба соли 2016 -ум 66,7 фоизро ташкил медиҳад.

Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмони асосӣ»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ин давра 430,1 миллион сомонӣ маблағгузориҳои асосиро аз худ намудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 47,2 фоиз зиёд мебошад. Аз ҳисоби маблағҳои азхудгардида 393,5 миллион сомонӣ ба корҳои сохтмонию васлкунӣ равона гардидааст.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби муассисаи мазкур дар 33 иншоот ба маблағи 266,2 миллион сомонӣ фондҳои асосӣ мавриди истифода қарор дода шуда, тибқи ҷадвали тасдиқшуда дар 22 иншоот иҷроиши корҳои сохтмонию васлкунӣ бо маром идома доранд.

Аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо 195191 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 63,6 фоизро ташкил медиҳад.

Вобаста ба сохтмони иншооти соҳаи маориф дар шаҳри Душанбе як қатор корҳо амалӣ карда шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ дар маҷмӯъ 2 муассисаи таълимӣ барои 1840 ҷой, аз ҷумла аз ҳисоби буҷети шаҳр 1 муассисаи таълимӣ барои 640 ҷой ва аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ 1 муассисаи таълимӣ барои 1200 ҷой сохта ба истифода дода шуд.

Ҳамзамон, аз ҳисоби буҷети шаҳри Душанбе сохтмони 5 муассисаи таълимӣ барои 1840 ҷой, аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 1040 ҷой, аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 4124 ҷой ва аз ҷониби ҷамъиятҳои саҳомӣ сохтмони 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 4020 ҷой идома дорад.

Дар ин давра аз ҳисоби  соҳибкорон 2 адад муассисаи томактабӣ барои 190 ҷой сохта ба истифода дода шуд.

Инчунин, дар ҳудуди шаҳр сохтмони 11 адад муассисаи томактабӣ барои 1027 ҷой бо маром идома доранд.

Барои муҳайё намудани шароити мусоид ҷиҳати машғул шудан ба варзиш тибқи нақша барои сокинони пойтахт сохтмони 70 майдончаи варзишӣ ва 49 гулгашт бо ташкили ҷой барои истироҳати шаҳрвандон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Дар баробари ин, бо мақсади боз ҳам зебову хуррамгардонии ҳудуди минтақаҳои шаҳр дар 12 мавзеъ корҳо барои ободонию кабудизоркунӣ ва ташкили боғу гулгаштҳо ва дар 92 мавзеъ корҳо барои сохтмони майдончаҳои варзишӣ оғоз гардиданд.

Дар ин давра барои таъмиру тармим ва ба талаботҳои муосир мувофиқ гардонидани иншооти манзилӣ ва биноҳои вазорату идораҳо шиносномаҳои рангубори биноҳои маъмурӣ ва манзилӣ дар хиёбони Рӯдакӣ мувофиқа карда шуда, корҳои таъмирӣ ва сохтмонӣ дар 20 иншоот оғоз гардида, бо муваффақият идома доранд.

Қобили зикр аст, ки алакай 11 бино пурра ба истифода дода шуда, дигар биноҳо мавриди баррасии комиссияи қабул қарор доранд. Дар кӯчаҳои Айнӣ ва А.Дониш корҳо дар самти таъмиру таҷдиди намои биноҳо оғоз гардидаанд.

Қобили тазаккур аст, ки дар ин давра бо мақсади таъмини рушди устувори шаҳр ва дар ҳудуди он ба вуҷуд овардани шароити мусоиди зиндагонии аҳолӣ Нақшаи генералии шаҳри Душанбе бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуда, нақшаи мазкур дар оянда ҳамчун дурнамои ташкили муҳитии ҳудуди шаҳр ба ҳисоб хоҳад рафт.

Ҷиҳати ба меъёрҳои шаҳрдорӣ мутобиқ намудани инфрасохтори пойтахти мамлакат ва суръат бахшидан ба таҷдиду азнавсозии роҳҳои дохилии хиёбону маҳаллаҳо, сохтмони пулҳо ва гузаргоҳҳои зеризаминӣ чораҳои зарурӣ андешида шуда, 6 иншооти ирригатсионӣ ва роҳҳо ба масофаи 66,4 километр (846593 метри мураббаъ) таъмир ва мумфарш гардида, ба истифода супорида шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ 20 иншооти роҳсозӣ дар масофаи 30,5 км бо масоҳати 740588 метри мураббаъ ва 9 иншооти ирригатсионӣ бо дарозии 10,3 километр аз ҷониби Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири роҳу кӯпрукҳои шаҳри Душанбе» ба маблағи 241,3 миллион сомонӣ маблағгузорӣ гардида, дар 11 иншооти роҳсозӣ бо дарозии 16,0 километр (467469 метри мураббаъ) ба маблағи 220,5 миллион сомонӣ ва 6 иншооти ирригатсионӣ (6,3 километр) бо маблағи 14,9 миллион сомонӣ корҳо ба анҷом расонида шуд.

Инчунин, дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби шахсони эҳсонкор роҳҳо ба масофаи 50,4 километр (379124 метри мураббаъ) ба истифода супорида шуд.

Тибқи нақшаи тасдиқшуда дар 9 иншоотҳои роҳсозии боқимонда ва 3 иншооти ирригатсионӣ корҳои сохтмонӣ  идома доранд.

Нақлиёт. Дар моҳҳои январ - декабри соли 2017 бо ҳама намудҳои нақлиёт 8280,3 ҳазор тонна бор кашонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 100,0 фоизро ташкил медиҳад.

Дар давраи ҳисоботӣ бо нақлиёти автомобилии корхонаву ташкилотҳо новобаста аз шакли моликият ва нақлиётҳои шахсони воқеӣ, ки ба боркашонии тиҷоратӣ машғуланд 8119,9 ҳазор тонна бор кашонида шуд, ки 98,1 фоизи ҳаҷми умумии боркашониро бо ҳама намудҳои нақлиёт ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,8 фоиз зиёд мебошад. 

 

 

Ҳаҷми боркашонӣ ва мусофиркашонӣ дар моҳҳои январ – декабри солҳои 2016 - 2017

Дар давраи ҳисоботӣ бо ҳама намуди нақлиёт 260,8 миллион нафар мусофир кашонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,5 фоиз зиёд мебошад.

Бо нақлиёти автомобилӣ (корхонаю ташкилотҳо новобаста аз шакли моликият, ки нақлиёти автомобилӣ доранд ва аз ҷониби соҳибкорони хусусӣ) дар ин давра 248600,7 ҳазор мусофир кашонида шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 0,4 фоиз зиёд мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади беҳбуд бахшидан дар раванди фаъолият ва рушди комплекси нақлиёти автомобилӣ таҳкими тартиботи хизматрасонии нақлиётӣ ба мусофирон ва пурзӯр намудани назорати фаъолияти онҳо дар хатсайрҳо як қатор  қарорҳои дахлдори Раиси шаҳри Душанбе ба тасвиб расида, вобаста ба иҷрои онҳо нақшаи чорабиниҳои мушаххас тартиб дода шуд.

Дар шаҳри Душанбе 4 корхонаи коммуналии воҳиди давлатӣ  ва 13 ҷамъиятҳои хусусии нақлиётӣ дар 93 хатсайрҳои мусофирбарӣ, ки аз ин 16 адад автобусгард, 6 адад троллейбусгард ва 71 адад микроавтобусгард мебошанд, хизматрасониҳо дар самти ҳамлу нақли мусофирон ба роҳ монда шудааст.

Миқдори нақлиёти истифодаи умуми мусофирбар дар шаҳри Душанбе, дар маҷмӯъ 3244 адад, аз ҷумла автобусҳо - 349 адад ё 10,7 фоиз, троллейбусҳо - 105 адад ё 3,2 фоиз, микроавтобусҳои сектори коммуналӣ -  30 адад ё 0,9 фоиз ва микроавтобусҳои сектори хусусӣ -  2760  адад ё 85 фоизро ташкил медиҳанд.

Бояд қайд кард, ки дар ин давра ҷиҳати ба низом даровардани фаъолияти воситаҳои нақлиёти мусофирбарӣ, таъмини риояи ҷадвали ҳаракат, аз байн бурдани ҳолатҳои тамбашавӣ, паст намудани шиддатнокии ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва дар ин замина ҷоннок намудани фаъолияти автобусу троллейбусҳо, ба нақшаи ҳаракати як қатор хатсайрҳо тағйирот ворид карда шуда, дар баробари ин як қатор хатсайрҳои нави наздишаҳрӣ ҷиҳати таъмини дастрасии аҳолӣ бо хизматрасонии нақлиётӣ ба фаъолият оғоз намуданд.

Дар ин раванд воситаҳои нақлиёти мусофирбарии самти ноҳияи Рӯдакӣ, минтақаи Кӯлоб ва ноҳияҳои Нуробод, Рашту Тоҷикобод ба пойтахт воридшаванда ба истгоҳи муваққатии 7 км кӯчаи Айнӣ, самти вилояти Хатлон ба истгоҳи муваққатии ҶСП «Фароз», самти ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Ёвон ба Терминали ҶСП «АВВАТ-Логистик» гузаронида шуданд.

Ҳамзамон, дар ин давра дар даромадгоҳи шаҳри Душанбе терминали нави замонавии мусофирбарии «Озод транс» кушода шуд, ки ба нақшаи ҳаракати як қатор хатсайрҳо тағйирот ворид гардида ва нуқтаи охири хатсайрҳои мазкур терминали номбурда муайян карда шуд.

Бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо дар соҳаи нақлиёт ва қонеъ намудани талаботи сокинону меҳмонони шаҳр дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин давра 64 адад автобуси замонавии истеҳсоли Ҷопон, аз Ҷумҳурии Туркия вориди шаҳри Душанбе гардида, мавриди истифодаи умум қарор дода шуд.

Инчунин, бо мақсади таъмини иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 31 июли соли 2017, №419 «Дар бораи амалисозии лоиҳаи «Низоми пардохти электронии роҳкиро ва назорати он дар нақлиёти мусофирбари автомобилии истифодаи умуми шаҳри Душанбе» дар доираи механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ татбиқ гардида, амалисозии низоми мазкур дар марҳилаи ниҳоии корҳои насбкунӣ ва омодакунии барномаҳои компютерӣ қарор дорад.

Ҳамзамон, бо мақсади таҳкими заминаи моддии техникии муассиса ва раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе, беҳтар намудани ҳолати санитарию эпидемиологӣ ва беҳбуд бахшидан ба соҳаҳои хизматрасонии коммуналӣ қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе ба тасвиб расида, дар асоси он 20 адад нақлиёти автомобилии махсуси коммуналии роҳнигоҳдорӣ (тамғаи «МАЗ-5912В2-310») ва 10 адад автомашинаҳои махсуси партовкашонӣ аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ харидорӣ гардидааст.

Инчунин, дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 17 ноябри соли 2017, №698 «Дар бораи гузаронидани хариди давлатӣ» ҷиҳати таҳкими базаи моддӣ-техникии корхонаҳои коммуналии нақлиётии пойтахт ва ба талаботи муосир ҷавобгӯ намудани онҳо шартномаи дахлдор санаи 17 ноябри соли 2017 барои харидорӣ намудани 100 адад автобуси тамғаи «AKIA» аз Ҷумҳурии Туркия бо дарназардошти бастубанди он дар заминаи Корхонаи воҳиди давлатии «Насби нақлиёти барқӣ (троллейбус) ва велосипед» ба имзо расонида шуд.

Тибқи гуфтушунидҳои пешакӣ автобусҳо бо шумораи муайян ба Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳвил дода шуда, бастубанди онҳо аз ҷониби мутахассисони ватанӣ анҷом дода мешавад.

Илова бар ин, мутобиқи гуфтушуниди Ширкати «AKIA»-и Ҷумҳурии Туркия ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авесто Гуруҳ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мусоидат ва дастгирии мақомот таъсиси заводи истеҳсоли автобусҳои тамғаи «AKIA» ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамзамон, дар доираи ҳамкории мазкур бо Ширкати «AKIA» таъсис ёфтани Ширкати хизматрасонии техникӣ барои автобусҳо ва нақлиёти калони боркаш дар назар дошта шудааст. 

Гардиши савдои чакана. Тибқи маълумоти пешакӣ дар моҳҳои январ – декабри соли 2017 гардиши савдои чакана, таъмири автомобилҳо, молҳои маишӣ ва ашёҳо барои истифодаи шахсӣ ба 3925,8 миллион сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2016 3,9 фоиз зиёд мебошад.

 

Ҳаҷми гардиши савдои чакана дар моҳҳои январ - декабри солҳои 2016 – 2017

 

Дар ин давра ҳаҷми умумии гардиши моли чаканаи бозорҳо ва дигар сохторҳои тиҷоратӣ 3742,2 миллион сомониро ташкил дод. Дар бозорҳои озуқаворӣ, ашё ва молҳои омехта маҳсулот ба маблағи 1623,3 миллион сомонӣ ё 43,4 фоизи гардиши умумии моли чакана фурӯхта шудааст. Фурӯши нақлиётҳо ва қисмҳои эҳтиётии онҳо ба маблағи 58,1 миллион сомонӣ ва маҳсулоти нафтӣ ба маблағи 428,8 миллион сомонӣ дар ин давра фурӯхта шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ дар шаҳри Душанбе ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ дар ҳамаи соҳаҳои хизматрасонӣ ба 4707,7 миллион сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2016 бо нархҳои муқоисавӣ 2,5 фоиз зиёд мебошад.

Дар сохтори хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ саҳми корхонаҳои бахши давлатӣ 690,2 миллион сомонӣ ва бахши ғайридавлатӣ 4017,5 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан ба 118,7 фоиз ва 100,2 фоиз баробар мебошад.  

Сатҳи таваррум. Дар соли 2017 сатҳи таваррум (нисбат ба моҳи декабри соли 2016) 8,6 фоизро ташкил дод. Бояд қайд кард, ки дар соли 2016 нишондиҳандаи мазкур 6,8 фоизро ташкил дода буд.

 

Сатҳи таваррум,  индекси нарх ва тарофаҳо дар моҳи декабри соли 2017 нисбат ба моҳи декабри соли 2016 (бо фоиз)

Ба болоравии сатҳи таваррум дар ин давра болоравии нархҳои маҳсулоти озуқаворӣ дар сатҳи 9,9 фоиз, молҳои ғайриозуқаворӣ  7,4 фоиз ва тарофаҳои хизматрасонӣ 6,1 фоиз таъсир расонидааст.

Болоравии нархҳои маҳсулоти озуқаворӣ дар ин давра аз ҳисоби зиёд гардидани нархҳои гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ - 12,2 фоиз, моҳӣ - 10,6 фоиз, равғани маска - 5,8 фоиз, равғани растанӣ - 2,6 фоиз, шир ва маҳсулоти ширӣ - 5,6 фоиз, маҳсулоти қаннодӣ - 3,2 фоиз, картошка - 46,7 фоиз ва меваҷот  - 5,4 фоиз ба амал омадааст.

Гардиши савдои хориҷӣ. Мувофиқи маълумоти оморӣ гардиши савдои хориҷӣ дар давраи ҳисоботӣ 352,8 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12,6 фоиз зиёд мебошад.

 

Ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ ва тавозуни он дар соли 2016 - 2017 (бо млн. $ ИМА)

 

Дар давраи ҳисоботӣ содирот 10,6 миллион доллари ИМА ва воридот 342,2 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2016  мутаносибан 19,7 фоиз кам ва 14,1 фоиз зиёд мебошад.

Тавозуни манфии гардиши савдои хориҷӣ дар ин давра ба 331,6 миллион доллари ИМА баробар гардид.

Молия. Мувофиқи маълумоти фаврӣ дар соли 2017 нақшаи контингенти умумии даромадҳо (бе назардошти андози иҷтимоӣ) ба маблағи 2632,4 миллион сомонӣ ё 103,4 фоиз иҷро гардид, ки ин нисбат ба нақша 87,8 миллион сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 569,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Қисми даромади буҷети шаҳри Душанбе аз рӯи воридоти андозу пардохтҳои ҳатмӣ 109,4 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 1544,5 миллион сомонӣ маблағ ворид шуд, ки ин аз нақшаи пешбинигардида 133,2 миллион сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 262,0 миллион сомонӣ зиёд аст.

   Нақшаи даромади буҷет дар моҳҳои январ – декабри солҳои 2016 – 2017

Нақшаи даромади буҷети маҳаллии ноҳияҳои пойтахт, аз ҷумла ноҳияи И.Сомонӣ 99,2 фоиз ё ба маблағи 72,3 миллион сомонӣ, ноҳияи Шоҳмансур 107,1 фоиз ё ба маблағи 117,8 миллион сомонӣ, ноҳияи Фирдавсӣ 100,1 фоиз ё ба маблағи 115,8 миллион сомонӣ ва ноҳияи Сино 102,6 фоиз ё ба маблағи 197,7 миллион сомонӣ иҷро гардидааст.

Нақшаи қисми хароҷоти буҷети шаҳри Душанбе ба андозаи 92,6 фоиз иҷро гардида, ба соҳаҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоии шаҳр 1500,7 миллион сомонӣ равона карда шуд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 101,9 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Бо мақсади таъмини иҷрои уҳдадории иҷтимоии давлат, барои дастгирии аҳолии камбизоати шаҳр ва беҳдошти вазъи соҳаҳои иҷтимоӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ дар ин давра 13,5 миллион сомонӣ кумакпулиҳо равона гардидааст.

Гардиши ҳуҷҷатҳо. Дар соли 2017 ба мақомот 16219 мактуб, аз ҷумла аз ҷониби Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 адад, аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 745 адад, аз вазорату идораҳо 2233 адад, аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 750 адад, муассисаву ташкилоти тобеи шаҳрӣ 9045 адад, аз ноҳияҳои шаҳр 2751 адад ва аз хориҷи кишвар 119 адад, инчунин 227 адад барқияҳои телефонӣ ворид гардид.

Вобаста ба моҳияти мактубҳои воридшуда аз ҷониби мақомот 9252 мактуб иҷро гардида, 6862 мактуб барои маълумот ва 105 мактуб дар ҳолати корбарӣ қарор доранд. 

Инчунин, дар ин давра аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 адад Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 адад амр, 24 адад фармон, 99 адад қарор, 15 адад фармоиш ва 173 адад нусха аз Протоколи маҷлисҳои Раёсат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардида, аз рӯи моҳият нисбат ба онҳо ҷавобҳои мушаххас ирсол карда шуд.  

Аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе 393 амр ва 850 қарор ба имзо расидааст, ки иҷрои онҳо таҳти назорати доимӣ  қарор доранд.

Ҳамзамон, қайд кардан зарур аст, ки дар ин давра бо мақсади дуруст ба роҳ мондани фаъолияти коргузории мақомот Дастурамали коргузории дастгоҳи Раис ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳия ва тасдиқ гардид.

Инчунин, дар доираи дастурамалҳои тасдиқгардида воҳидҳои сохтории мақомот бо дафтарҳои бақайдгирии муросилотӣ таъмин гардида, бланкаҳои рақамдори қарору амрҳои Раиси шаҳр ҷорӣ карда шуд.    

Муроҷиати шаҳрвандон. Дар доираи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ», бо қарори  Раиси шаҳри Душанбе ҷадвали қабули шаҳрвандон аз ҷониби муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе, Роҳбари дастгоҳ ва роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомот тасдиқ гардида, дар асоси он қабули шаҳрвандон ба роҳ монда шудааст.

Дар ин давра аз ҷониби сокинони шаҳр дар маҷмӯъ 9861 (соли 2016 - 6542) муроҷиат, аз  ҷумла 5811 муроҷиати хаттӣ, 635 муроҷиат ба воситаи сомонаи Раиси шаҳри Душанбе, 2302 муроҷиати шифоҳӣ тариқи телефони боварӣ, 1113 муроҷиати шаҳрвандон аз тарафи мақомоти болоӣ (Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон) дохил шуда, мавриди баррасӣ ва иҷрои саривақтӣ қарор дода шудааст.

Аз тарафи роҳбарияти  шаҳр ва масъулони  сохторҳо 5182 нафар, аз ҷумла 3689 нафар шаҳрвандон аз тарафи муовини якум, муовинон ва Роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе қабул ва ҷиҳати ҳаллу фасли мушкилоту иҷрои дархости онҳо ба сохторҳои дахлдори  шаҳриву ноҳиявӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.     

Дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти сомонаи расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе (www.dushanbe.tj) тақвият дода шуда, дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори шаҳрӣ маълумотҳои бахшҳои мавҷуда таҷдид карда шуданд. Инчунин беш аз 217 хабар, эълон, маводҳои таҳлилӣ ва қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе дар сомона ҷойгир карда шуда, манзури истифодабарандагони шабакаи интернетӣ гардид.

Ҳамзамон, қобили тазаккур аст, ки дар ин давра дар асоси қарори ҷаласаи машваратии назди Раиси шаҳри Душанбе бо мақсади барқарор намудани робитаи мустақими шаҳрвандон бо Раиси шаҳри Душанбе почтаи электронии «dushanbe80@yahoo.com», «Viber» ва «Whatsapp» бо рақами телефони 985-95-22-22 аз 10 октябри соли 2017 фаъол гардонида шуда, то имрӯз 4415 мавод қабул ва ба масъулин ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо ирсол карда шуд.

Ҳайати кадрӣ. Дар давраи ҳисоботӣ дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 марти соли 2017, №113 «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2011, №115» қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 16 марти соли 2017, №121 «Дар бораи низомнома, сохтор ва лимити шумораи хизматчиёни давлатии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе» ба тасвиб расид, ки дар асоси он низомнома, сохтор, дастурамали корӣ ва лимити шумораи хизматчиёни давлатии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он тасдиқ карда шуд.

Мувофиқи басти корӣ дар мақомот 201 воҳиди корӣ муқаррар гардида, аз ин шумора дар дастгоҳи Раиси шаҳр 86 воҳиди корӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 115 воҳиди корӣ пешбинӣ шудааст. Дар маҷмӯъ дар давраи ҳисоботӣ дар мақомот 173 нафар хизматчиёни давлатӣ фаъолият доранд. 

Аз шумораи умумии хизматчиёни давлатии дар мақомот фаъолияткунанда 46 нафарро занҳо (26 фоиз) ва 127 нафарро мардон (74 фоиз) ташкил медиҳанд.

Инчунин, тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бахшида ба рӯзи модар 7 марти соли 2017 баён доштанд» ва бо дарназардошти талаботи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999, №5  «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» мақомот пайваста барои ҷалб намудани бештари занону ҷавондухтарон чораҳои зарурӣ меандешад.

Мавриди зикр аст, ки дар давраи ҳисоботӣ 10 нафар хизматчиёни давлатии мақомот ба курсҳои тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисос фаро гирифта шудаанд, инчунин 2 нафар хизматчии давлатӣ ба курсҳои такмили ихтисоси солона аз рӯи ихтисоси «Идоракунии давлатӣ» ба Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидаанд.

Инчунин, дар ин давра ҷиҳати баланд бардоштани маҳорати  забондонӣ аз ҷониби мақомот курсҳои  омӯзиши забонҳои хориҷӣ барои кормандон ташкил гардид.  

Вазъи соҳибкорӣ. Дар соли 2017 дар шаҳри Душанбе шумораи умумии субъектҳои хоҷагидор ба 41786 адад расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,2 фоиз ё 1319 адад зиёд мебошад.

Шумораи шахсони ҳуқуқӣ дар ин давра 9367 нафар (нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,3 фоиз зиёд) ва шумораи соҳибкорони инфиродӣ бошад 32419 нафар (4,2 фоиз зиёд), аз ҷумла бо патент 22911 нафар ва бо шаҳодатнома 9508 нафарро ташкил медиҳад.

Истифодаи амволи коммуналӣ. Дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби 439 иҷорагир, аз ҷумла 128 иҷорагири манзилҳои истиқоматӣ ва 311 иҷорагири қисми иншоотҳо 6,9 миллион сомонӣ маблағ ба буҷети шаҳр ворид гардидааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 538,5 ҳазор  сомонӣ ё ин, ки 7,8 фоиз зиёд мебошад.

Маблағи моҳонаи шартномаҳо 706,7 ҳазор сомонӣ ва масоҳати умумии иҷора 70,3 ҳазор метри мураббаъро ташкил дод, ки ба таъмини 2046 ҷойи нави корӣ мусоидат намудааст.

Инчунин, дар ин давра аз ҳисоби хусусигардонии моликияти коммуналӣ ба андозаи 728,7 ҳазор сомонӣ ба буҷети шаҳр маблағ ворид гардидааст.

Дар соли 2017 тавассути комиссияи шаҳрӣ 939 адад моликияти коммуналӣ, аз ҷумла 320 адад нақлиёт ва 619 воситаҳои асосии корношоям, ки муҳлати истифодабарии онҳо ба итмом расида, барқарорсозии онҳо ғайриимкон буд, соқит карда шуда, аз ин ҳисоб ба буҷети шаҳр 228,3 ҳазор сомонӣ ворид гардид.

Вазъи бозори истеъмолӣ. Дар моҳҳои январ - декабри соли 2017 ҷиҳати беҳтар намудани фаъолияти корхонаҳои соҳаи савдо ва ба танзим даровардани нархи маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе як қатор корҳо ба сомон расонида шуд.

Ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо молу маҳсулоти ниёзи аввалия  як қатор санадҳои дахлдор, аз ҷумла қарори иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Душанбе аз 18 феврали соли 2016, №68 «Дар бораи ташкили ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзию агросаноатӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз - 2017 дар шаҳри Душанбе», қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 19 майи соли 2017, №264 «Дар бораи тадбирҳои ғанигардонии бозори истеъмолии шаҳри Душанбе бо маҳсулоти ниёзи аввалия дар моҳи шарифи Рамазон», қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 21 июни соли 2017, №359 «Дар бораи додани иҷозат ба ҶДММ «Агросаноат» ҷиҳати ба роҳ мондани фурӯши шир тариқи нақлиёт дар ҳудуди шаҳри Душанбе», қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 3 августи соли 2017, №436 «Дар бораи ташкил ва баргузор намудани ярмаркаҳои маҳсулоти кишоварзӣ дар арафаи иди Қурбон дар шаҳри Душанбе» ва қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 15 декабри соли 2017, №783 «Дар бораи ташкили ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзию агросаноатӣ бахшида ба таҷлили иди «Соли нави»-и 2018 дар шаҳри Душанбе» таҳия ва қабул гардид.

Бо мақсади иҷрои қарорҳои болозикр дар ҳамкорӣ бо Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ва хоҷагиҳои деҳқонии вилоятҳои Хатлону Суғд ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 4 маротиба ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзию агросаноатӣ  ташкил гардида, дар маҷмӯъ зиёда аз 9,5 ҳазор тонна молу маҳсулоти ниёзи аввалия пешкаши сокинони пойтахт гардонида шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади иҷрои қарори иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Душанбе аз 18 феврали соли 2016, №68 «Дар бораи ташкили ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзию агросаноатӣ бахшида ба ҷашни             Наврӯз - 2017 дар шаҳри Душанбе» аз санаи 18 то 20 марти соли 2017 дар ҷойҳои муайяншудаи пойтахт ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзию агросаноатӣ  баргузор гардида, дар маҷмӯъ 638,8 тонна маҳсулоти кишоварзию агросаноатӣ ба фурӯш бароварда шуд.

Тибқи  қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 19 майи соли 2017, №264 «Дар бораи тадбирҳои ғанигардонии бозори истеъмолии шаҳри Душанбе бо маҳсулоти ниёзи аввалия дар моҳи шарифи Рамазон» дар шаҳри Душанбе аз оғози моҳи шарифи Рамазон ярмаркаи фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия ташкил гардида, ба миқдори умумии 2851,6 тонна молу маҳсулоти ниёзи аввалия нисбати нархи соҳибкорони бозор арзон ба фурӯш бароварда шуд.

Дар назди бозорҳои коммуналии шаҳри Душанбе дар моҳи шарифи Рамазон ҳамарӯза ярмаркаи фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия ташкил гардида, ба миқдори умумии 1453,2 тонна молу маҳсулоти ниёзи аввалия пешкаши харидорон карда шуд.

Ҳамзамон, дар давоми моҳи Рамазон дар рӯзҳои шанбе ва якшанбе дар ҷойҳои муайяншудаи шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ва хоҷагиҳои деҳқонии вилоятҳои Хатлону Суғд ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзию агросаноатӣ баргузор гардида, дар маҷмӯъ дар моҳи шарифи Рамазон 1398,4 тонна маҳсулот бо нархи нисбатан арзон пешкаши харидорон гардонида шуд.

Инчунин, бояд зикр намуд, ки тибқи иҷрои муқаррароти қарори мазкур бо мақсади таъмини аҳолии шаҳри Душанбе бо маҳсулоти гӯштӣ дар моҳи шарифи Рамазон дар нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти гӯштӣ ҳамагӣ 886,1 тонна гӯшт ворид гардида, аз ин миқдор дар бозорҳои коммуналии шаҳр 394,7 тонна ё 44,6 фоиз, дар бозорҳои хусусӣ 369,2 тонна ё 41,7 фоиз ва дар нуқтаҳои алоҳидаи фурӯши гӯшт 122,1 тонна ё 13,8 фоиз ба фурӯш бароварда шуд.

Тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 3 августи соли 2017, №436 «Дар бораи ташкил ва баргузор намудани ярмаркаҳои маҳсулоти кишоварзӣ дар арафаи иди Қурбон дар шаҳри Душанбе» ярмаркаҳои фурӯши молу маҳсулоти ниёзи аввалия ташкил гардида, ба миқдори умумии 1992,0 тонна молу маҳсулоти ниёзи аввалия нисбат ба нархи соҳибкорони бозор арзон ба фурӯш бароварда шуд.

Инчунин, ҷиҳати қонеъ намудани талаботи сокинони пойтахт бо чорвои қурбонӣ КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» аз хоҷагиҳои деҳқонии молпарварии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо дарназардошти талаботи воқеии аҳолии шаҳр 2009 сар чорвои майдаи шохдорро ворид намуда, дар арафаи иди Қурбон нисбат ба нархи бозор арзон ба фурӯш гузошт.

Тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 15 декабри соли 2017, №783 «Дар бораи ташкили ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзию агросаноатӣ бахшида ба таҷлили иди «Соли нави»-и 2018 дар шаҳри Душанбе» ярмаркаҳои фурӯши молу маҳсулоти ниёзи аввалия ташкил гардида, ба миқдори умумии 3,1 ҳазор тонна молу маҳсулоти ниёзи аввалия нисбат ба нархи соҳибкорони бозор арзон ба фурӯш бароварда шуд.

Бояд қайд кард, ки дар ярмаркаи баргузоргардида молу маҳсулот нисбат ба нархи соҳибкорони бозорҳои шаҳр аз 25 то 30 фоиз арзон ба фурӯш бароварда шуд.

Дар баробари гуфтаҳои боло бояд тазаккур дод, ки дар ин давра КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» фаъолияти молиявии худро дар доираи карзҳои имтиёзноки дастрасгардида дуруст ба роҳ монда, ҷиҳати таъмини рақобати солим байни соҳибкорон ва танзими нархи маҳсулот, инчунин дар ин замина ғанӣ гардонидани бозорҳои истеъмолии пойтахт ва дастрасии аҳолӣ ба маҳсулоти баландсифати ниёзи аввалия бо нархи мувофиқ фаъолият намуда истодааст.

Бо мақсади таъмини бозори истеъмолии шаҳри Душанбе  дар давраи зимистони солҳои 2017-2018 (ба ҳолати 3 январи соли 2018) дар анборҳои корхона маҳсулоти ниёзи аввалия, аз ҷумла картошка - 1490,9 тонна ё 141,2 фоиз, пиёз - 2828,5 тонна ё 3,6 маротиба зиёд, сабзӣ - 331,7 тонна ё 1,6 маротиба зиёд ва            равған - 200 тонна ё 2,0 маротиба зиёд нисбат ба нақша захира карда шудааст.

Хизматрасониҳои коммуналию манзилӣ. Дар давраи ҳисоботӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳр беҳбуд бахшидани хизматрасониҳои коммуналию манзилӣ ба ҳисоб рафта, ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани хизматрасониҳо ва беҳдошти ҳолати тозагӣ ва санитарии шаҳр пайваста тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд.

Дар соли 2017 як қатор чорабиниҳо ҷиҳати беҳдошти вазъи бо об таъмин намудани шаҳри Душанбе, баланд бардоштани сифати оби нӯшокӣ ва безараргардонӣ дар доираи барнома ва нақшаи чорабиниҳои техникии тасдиқгардида амалӣ карда шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ чорабиниҳои зикргардида асосан барои кам намудани талафот равона гардида, дар истгоҳҳои обтаъминкунии КВД «Обу корези Душанбе» 158 миллион метри мукааб об истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,1 миллион метри мукааб кам мебошад. Талафоти оби нӯшокӣ ба андозаи 4,6 миллион метри мукааб нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта кам шудааст.

Барои такшон намудани рутубат ва безарар гардонидани оби нӯшокӣ дар давраи ҳисоботӣ 779142 кг коагулянт, 1645 метри мукааб гипохлорити натрий сарф карда шудааст.

Аз ҷониби КВД «Обу корези Душанбе» ба истеъмолкунандагон ба маблағи 61,5 миллион сомонӣ оби нӯшокӣ интиқол дода шуда, ҷамъоварии маблағи он 62,2 миллион сомонӣ ё 101,0 фоизро ташкил намудааст. Аз ҷумла, ба аҳолӣ ба маблағи 25,7 миллион сомонӣ оби нӯшокӣ интиқол гардида, ҷамъоварии маблағи он 25,4 миллион сомонӣ ё 99 фоизро ташкил додааст.

Инчунин, қайд намудан зарур аст, ки дар доираи Лоиҳаи дуюми обтаъминкунии шаҳри Душанбе сохтмони филтрҳои зудамали регӣ дар пойгоҳи обтаъминкунии “Худҷорӣ, ки қудрати истеҳсолии он 150,0 ҳазор метри мукааб оби тоза дар як шабонарӯз мебошад, корҳои сохтмонӣ ба итмом расида, барои сохтмони навбати дуюми обполакҳо дар ин истгоҳ озмуни дарёфти пудратчӣ ҷамъбаст гардида, сохтмони иншооти мазкур бо иқтидори истеҳсолии 150,0 ҳазор метри мукааб оби тоза дар як шабонарӯз дар соли 2018 ба нақша гирифта шудааст.Самти асосии фаъолияти муассисаи «Равшании Душанбешаҳр» дар баробари таҷдиду муосирсозии системаи равшанидиҳии шаҳри Душанбе, инчунин таъмини фаъолияти мунтазами он ва сарфаҷӯии қувваи барқ ба ҳисоб меравад.

Дар давраи ҳисоботӣ лампаҳои гуногуни аз кор баромадаи ҳархела дар чароғҳои равшанидиҳӣ ба миқдори 15502 адад иваз гардид, ки нисбат ба нақшаи пешбинигардида 55 фоиз зиёд, чароғҳои фарсудашуда ба чароғҳои муосири нав ба миқдори 1335 адад ё 2,6 маротиба зиёд аз нақшаи пешбинигардида, ноқилҳои намуди луч ба намуди СИП ба масофаи 41,2 км нисбат ба нақша 37,4 фоиз зиёд, таъмири ноқилҳои барқии намуди ҳархела ба масофаи 50,1 км ва рангубори сутунҳо, қуттиҳои барқтақсимкунанда ва шохаҳои барқӣ ба миқдори 6517 адад ё 2,2 маротиба аз нақшаи пешбинигардида зиёд иҷро гардидааст.

Корхонаи воҳиди давлатии «Партовгоҳи партовҳои сахти маишии шаҳри Душанбе», ки мақсади асосии он таъмини қабул ва ҷойгир намудани партовҳои сахти маишӣ мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ ба миқдори 273,4 ҳазор тонна партовҳои сахти маишӣ қабул карда ва ба миқдори 109,5 тонна партовҳои тиббӣ дар печҳои махсус сӯзонида шуданд.

Аз ҷониби корхонаи мазкур ҳайвонҳои фавтида (саг, гурба ва ғайра) ба миқдори 4512 адад дар чоҳи Беккерӣ бо маҳлули махсуси кимиёвӣ ва 360 дона лампаҳои каммасраф қабул ва безарар гардонида шуданд.

Дар соли 2017 аз тарафи Муассисаи давлатии «Раёсати обёрӣ»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади таъмини чораҳои аввалиндараҷа оид ба пешгирии ҳолатҳои фавқулодда, вобаста ба мавсими боронгариҳо ва эҳтимолияи рух додани селу обхезиҳо, инчунин таъмини сатҳи санитарию эпидемиологӣ ва тоза нигоҳ доштани каналу селпартоҳо дар ҳудуди пойтахт, бо қувваи техникаю механизм ва коргарон қисматҳои озоди каналу селпартоҳо аз гилу шағал ва партовҳо ба масоҳати 32831,1 метри мукааб тоза карда шуданд.   

Ободонӣ. Бо мақсади тақвият бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ, сарсабзу хуррамгардонии пойтахт, ниҳолшинонию кабудизоркунӣ, инчунин сазовор пешвоз гирифтани таҷлили ҷашни 20 солагии  Ваҳдати миллӣ, қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 6 феврали  2017, №52 «Дар бораи эълон намудани 150 рӯзи ободонию созандагӣ, ниҳолшинонию кабудизоркунӣ, таҳти унвони «Хуррамгардонии Душанбешаҳр - рисолати сокинони пойтахт!» ба тасвиб расид.

Дар ин давра бо мақсади татбиқи қарори мазкур дар ҳудуди ноҳияҳои шаҳри Душанбе дар доираи корҳои ободонию созандагӣ ва кабудизоркунӣ ба миқдори 65541 бех дарахту буттаҳо шинонида шуда, дар  майдони 524430 метри мураббаъ  майсазор ва дар масоҳати 217450 метри мураббаъ гулзор ташкил карда шуд.

Ҳамзамон, бо ҷалби аҳли ҷамоатчигӣ дар ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо, кӯчаю хиёбонҳо, боғҳои фарҳангию фароғатии шаҳр ва соҳилҳои дарёҳои ҳудуди шаҳр рӯзҳои шанбе ва якшанбе ҳашари умумишаҳрӣ гузаронида  шуд, ки дар ин ҳашарҳо донишҷӯён, кормандони вазорату идораҳо, сокинони шаҳраку маҳаллаҳо ширкати фаъолона намуданд.

Обод ва хуррамгардонии 49 мавзеъҳо ва сохтмони 70 майдончаи варзишӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе ба итмом расида, корҳои ободонии маҳаллаҳо, шаҳракҳо, гулгаштҳо ва боғҳои фарҳангиву фароғатӣ, тибқи лоиҳаҳои тасдиқшуда иҷро ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.

Дар ин раванд таъмир ва азнавсозии Боғи фарҳангӣ- фароғатии ба номи С. Айнӣ анҷом ёфта,  санаи 6 ноябри соли 2017 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардида, мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд.

Ҳамзамон, дар доираи татбиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2017, №АП-862 ба ғолибони озмун, вазорату идораҳо, ки дар иҷрои корҳои ободонию кабудизоркунӣ саҳми арзанда гузоштанд, аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тӯҳфаҳо ва мукофотҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Шуғли аҳолӣ, бозори меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ. Дар моҳҳои январ - сентябри соли 2017 аз ҳисоби ба кор даровардани иншоот ва баланд бардоштани иқтидорҳои истеҳсоливу хизматрасонии мавҷуда дар корхонаю муассисаҳои шаҳр новобаста аз шакли моликият 21107 ҷойи корӣ таъсис ва барқарор карда шуд.

Аз он ҷумла, дар бахши воқеӣ 4139 ҷой ва дар бахши хизматрасонӣ 16968 ҷойи корӣ барқарор ва таъсис дода шуд.

Дар соли 2017 дар мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 9869 нафар ҳамчун корҷӯй ба қайд гирифта шудааст, ки 5414 нафарро занон ташкил медиҳад.

Ҳамзамон, барои бо шуғл фаро гирифтани бекорони дар рӯйхатбуда, ба 753 нафари он ба маблағи умумии беш аз 525,9 ҳазор сомонӣ кумакпулӣ дода шуд, ки ин 135,4 фоизи нақшаи солонаи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар шаҳри Душанберо ташкил  медиҳад.

Дар давраи ҳисоботӣ тавассути марказҳои меҳнат ва шуғли аҳолӣ 7031 нафар, аз ҷумла 3815 нафар занон бо ҷойҳои кори доимӣ таъмин гардиданд, ки ин нишондод 184,3 фоизи барномаи болозикрро ташкил медиҳад.

Бо мақсади тайёр кардан, бозомӯзонидан ва баланд бардоштани савияи касбӣ 2222 нафар корҷӯён ба курсҳои кӯтоҳмуддат сафарбар гардиданд, ки ин нишондод 103,7 фоизи нақшаи солонаи барномаро ташкил медиҳад.

Бо мақсади паст намудани сатҳи бекорӣ ва мусоидат намудан ба корҷӯён дар интихоби кори мувофиқ ва ба корфармоён дар дарёфти корманди лозима дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе тибқи нақшаи тасдиқгардида 24 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод гузаронида шуд. Дар ин ярмаркаҳо 13840 нафар шаҳрвандони корҷӯй иштирок  намуданд, ки ба онҳо аз тарафи 142 корхонаҳои шаҳри Душанбе зиёда аз 3577 ҷойи кории холӣ пешниҳод  карда шуд. Тавассути ин ярмаркаҳо 694 нафар корҷӯён (317 - зан)  бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.

Қобили тазаккур аст, ки ҳалли масъала