Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Саноат

Комплекси саноатии пойтахт имрӯз 230 корхонаи саноатии шахси гуногуншаклро дар бар мегирад, ки дар он зиёда аз 19 ҳазор аҳолии пойтахт фаъолият доранд.

Дар комплекси саноатии  шаҳри Душанбе зиёда аз 300 номгӯи маҳсулот истеҳсол мешавад. Дар ҳаҷми маҳсулоти истеҳсол ва истеъмолкунандаи халқ дар республика қариб 30% (маҳсулоти озукаворӣ) онро маҳсулоти истеҳсолшудаи пойтахт дарбар мегирад. Маҳсулоти асосии содироти истеҳсолшудаи дар шаҳри Душанбе ин нахи пахтагӣ, матоъи тайёри пахтагин, маҳсулоти насоҷҷӣ, маҳсулоти кабелӣ, маҳсулоти коркарди хоҷагии қишлоқ, маҳсулоти тамокубарорӣ, таҷҳизот барои савдо ва ғайра.

Ташкил ва тарақиёти саноати пойтахт дар доираи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Ҳокимияти давлатӣ дар макон» ва статуси пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе чи ба даромади асосии таьминоти ҷумҳуриявӣ ва инчунин ба буҷаи маҳаллӣ аҳамияти махсус медиҳад.

Андозаи асосии мақомоти иҷроияи маҳаллии  ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе равона шудааст ба иҷроиши андоз аз беҳдошти корхонаҳои саноатии пойтахт, алоқаи фаъоли иқтисодии хориҷӣ, тағир додани муносибати молу мулкӣ, тараққиёти соҳибкор ва рақиб ноилшавии баланси маҳсулотӣ пули таъминоти маҳсулоти хоми захира ва дар асоси он ташкил намудани ҷойҳои кории нав барои аҳолӣ дар истеҳсолт.

Барномаи комплексии тараққиёти саноати шаҳри Душанбе ва ҷалби инвестисияҳо барои солҳои 2006-2009 тахия шудааст ва мақсади асосии он пурра истифода бурдани қудрати истеҳсолот, таъмин намудани ахоли бо масолеҳи имтиёзи мардум, дар амал татбиқ намудани чорабиниҳои навӣ замонавии истеҳсолот дар корхонахои истехсоли, ҷалб намудани инвеститсияҳои хориҷӣ ва дохилӣ, комёбии навӣ қобилияти рақобатдоштаи номенкулатураҳои асосии махсулот ва дар ин асос пурра таъмин намудани қисман воридоти буҷҷа ба воситаи андоз, системаҳои ваколати иҷтимоӣ ва дастгирии аҳолии пойтахт.

Дар амал татбиқ намудани барномаҳо ва чорабиниҳои оғозшуда аз тарафи Макомоти ичроияи махаллии ҳокимияти давлати дар шаҳри Душанбе аз соли 1996 сар карда имконият дод,  ки захираҳои потенсиалии истеҳсолотро ба кор дароранд, алоқаҳои иқтисодиёти хориҷиро аз нав барқарор намоянд, дар иҷрои барномаҳои истеҳсолӣ ба комёбиҳо ноил шудан, ба устуворшавӣ муваффақ шудан, сохтани муассисаҳои нав (барои муқоиса дар соли 1996 92 муассиса дар амал вуҷуд дошт, соли 2009 миқдори онҳо ба 230 адад расид).

Дар айни замон дар шаҳри Душанбе зиёда аз 12 муассисаҳои саноатии муштарак амал мекунад.

Тақсимоти сохти истеҳсолӣ аз нуқтаи назар соҳаҳои бартаридошта.

Саноати сабук – соҳаи бештар тараққикардаи саноати комплексии пойтахт мебошад. Чунин ҳолат ба он маънидод мешавад, ки манбаи асосии ашёҳо (пахта нахи маҳинах ва ғайра ) дар дохили Ҷумҳурӣ истеҳсол мешаванд. На танҳои корхонаҳои шаҳр, балки корхонаҳои бузурги ҷумҳуриро ба мисли ташкилоти истеҳсолии ЧММ «Насоҷи» (корхонаи бофандагӣ ва ресандагӣ ), ки бо қувваи истеҳсолӣ дар як сол коркарди пахтаи маҳинахро ба 25 ҳазор тонна мерасонад, дар бар мегирад. ЧС «Чевар» ва ЧСП «Гулистон» корхонахои барои истеҳсоли махсулоти дузандагии тайёр, ЧС «Нафиса» корхонаи коркарди маҳсулоти ҷуроббарорие, ки дар айни замон асосан маҳсулоти худро 100% аз нахи пахта иборат аст, истеҳсол меамоянд.

Соҳаҳои барқӣ, мошинсозӣ ва металлургӣ
- корхонаҳои азими Ҷумҳурӣ ба ҳисоб мераванд. ИИВД «Текстилмаш» (истеҳсоли дастгоҳҳо ва таҷҳизот барои саноати пахтатозакунӣ, хоҷагии қишлоқ, истеҳсоли ҳисобкунакҳои газӣ, неъругоҳҳои барқии хурд ва автономӣ, васл намудани техникаи хоҷагии қишлоқ) ЧС «Тоҷиккабел» - корхонаи истеҳсли маҳсулоти кабелӣ (зиёда 40 номгӯи ва намуд сар карда, аз кабелҳои телефонӣ то кабеҳои пуриқтидори электронӣ) ЧС «Сомон-таҷҳизот» корхонаи истеҳсоли техникаи электронӣ, молҳои электрикӣ маиши, ЧС «Торгмаш» - корхонаи истеҳсоли таҷҳизот барои муассисаҳои савдо, ЧС «Заводи арматурбарорӣ»- корхонаи истеҳсоли рехти чуян, арматура.

Саноати хурокворӣ ва коркардбарорӣ: Тамоми намуди маҳсулоти хуроквориро истеҳсол менамоянд, инчунин молҳои машруботиро. Яке аз соҳаҳои калонтарин ин комбинати ширбарорӣ ва гушту консерва,  заводи машруботи шаҳри Душанбе, комбинати хуроквории Тоҷикистон, корхонахои маҳсулоти нон «Нонпаз», қанодӣ фабрикаи «Ширин» мебошад.

Саноати масолеҳи бинокорӣ
- заводи сементбарории шаҳри Душанбе, заводи шифербарорӣ, заводи хишбарори ва инчунин дигар корхонаҳоро, ки масолеҳи бинокорӣ конструксияи бетони истеҳсол менамоянд, дар бар мегирад.

Соҳаи электроэнергетикӣ - корхонаҳои ТЭЦ-и Душанбе ва Каскади неругоҳи барқии Варзоб - корхонаҳои коркарди электроэнергетикӣ ва гармиро дар бар мегирад.

Саноати кимиёвии пойтахт
- аз корхонаҳои коркардбарории масолеҳи нефтӣ ва истеҳсоли ашёи пластмассагӣ иборат аст.

Саноати ҷангал, коркарди чӯб, қоғаз ва селюлоза – ба худ корхонахои истеҳсоли коркарди ҷангал, истеҳсоли ашё барои мебел, ки ба стандартҳои давлатӣ таносуб аст, дар бар мегирад.

Саноати полиграфӣ - зиёда аз 20 истеҳсолотро дар бар гирифта, ки китоб ва дигар намуди чопи полиграфиро истеҳсол менамоянд.

Рӯйхати корхонаҳои саноатии шаҳри Душанбе

 

БАРНОМАИ КОМПЛЕКСИИ РУШД ВА ҶАЛБИ САРМОЯҲО

ДАР ИСТЕҲСОЛОТИ САНОАТӢ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ БАРОИ

СОЛҲОИ 2011-2015

Муқаддима (сарсухан)

Барномаи комплексии рушди саноатӣ дар шаҳри Душанбе барои солхои 2011-2015 (минбаъд – Барномаи комплексӣ) дар асоси Лоиҳаи консепсияи тараққиёти иҷтимоии шаҳри Душанбе дар солхои 2011-2015, пешбиниҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои соли 2011 ва таҳлили фаъолияти саноат дар солҳои 2008-2009 таҳия гардидааст.

Пастравии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати дар солҳои 1991 то соли 1994, футурравии амиқи он дар солҳои 1994-1996, таносубан муътадил гардидани он (боздории пастравӣ) дар солҳои 1996-1999 ва афзоиши истеҳсолӣ дар солҳои 2000-2009 аз тамоюли пешрафти истеҳсолот назар ба солҳои пешин гувоҳи медиҳанд.

Таҳкими минбаъдаи болоравии динамикаи истеҳсолоти саноатӣ дар асоси азнавсозии заминаи техникӣ, муосиргардонӣ, доманфароҳ намудани истеҳсоли маҳсулоти ба рақобат тобовар, муттамарказсозии захираҳо ва татбиқи маҷмўи чорабиниҳои барои ҳалли проблемаҳои аввалиндараҷаи комплекси саноати шаҳр равона карда шуда, бо назардошти муҳайё сохтани чораҳои ҳимояи корхонаҳои базавиро, ки дар ҳалли ин проблемаҳо саҳми асоси доранд (соҳаи мошинсозӣ, саноати сабук, сохтмон, хўрока ва саноати коркард) тақозо менамояд. Муддати солҳои 1998-2008 ва соли 2009 афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот аз ҳисоби болоравии самараноки меҳнат ва зиёдшавии адади корхонаҳои хурду муштарак таъмин карда шуд (миқдори коргарон дар корхонаҳои базави таи солҳои 2000-2009 зиёд нашудааст).

Натиҷаҳои молиявии кори корхонаҳои саноатӣ нишон медиханд, ки назар ба солҳои 1996-1997 миқдори корхонаҳои зараровар ба андозаи 80% кам шуд, вале корхонаҳое мавҷуданд, ки аз руи нишондодҳои асосӣ пурра нишонраси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муфлисашавӣ» мебошад.

Вобаста аз натиҷаҳои истеҳсоливу молиявии фаъолияти комплекси саноати вазифаи асоси дар муътадилгарданӣ ва рушду эҳёбахшии сохаҳои зерин ба шумор меравад,  ҳадалимкон кам намудани миқдори корхонаҳои зараровар, ки кушишҳои мақсадноки дастаҷамъонаро аз қабили эҳёи молиявии корҳонаҳо дар асоси таносуби чораҳои таъминкунандаи ҷалби захираҳои дохилии корхона дар муомилаи хоҷагӣ бо ҳимоя аз тарафи сохторҳои давлатӣ ва мақомотҳои ҳокимияти маҳаллӣ ва ҷиҳозонидани технологии корхонаҳои саноати.

        Фондҳои саноативу истеҳсолӣ ҳоло дар вазъи куҳнашавии суръатнок ва бар асари ин ҳолат дар бисёр корхонаҳо маҳсулоти ба рақобат ва стандарту нишондодҳои сифативу арзиши ҷавобгу набуда, истеҳсол карда мешавад. Ин имконияти нерўи истеҳсолии корхонаҳои зиёдеро дар роҳи истеҳсоли васеъи маҳсулоти ба рақобат тобовар маҳдуд менамояд.

        Ҷиҳози техникӣ, муосиргардонӣ, рушди технологияи илмӣ ва дарёфти таҷҳизоти технологӣ яке аз вазифаҳои муҳиме мебошад, ки ҳалли он барои:

-          барқарорсозии мавқеи худ дар бозори дохиливу берунӣ;

-          эҳёгардии фаъолияти молиявӣ;

-          баланд бардоштани истифодаи самараноки захираҳои ашёи хоми маҳаллӣ;

-          ҷалби сармояи хориҷӣ дар саноати шаҳри Душанбе;

-          фароҳам овардани шароит баҳри зиёд намудани ҷойҳои корӣ ва беҳтар кардани вазъи иҷтимоии худи корхонаҳо, мусоидат менамояд.

         Бо назардошти вазифаҳои дар боло зикр гашта барои ташкили шароитҳо баҳри васеъ намудани доираи истеҳсолот ва ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти хушсифати тобовари рақобат, истифодаи бештари иқтидори истеҳсолӣ, аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир намудан барои истеҳсоли маҳсулоти босифати технологӣ ва илмӣ, таъмини шуғли аҳолӣ ва афзоиши воридот ба буҷа дар асоси азнавкунии фондҳои истеҳсолии корхонаҳои саноатӣ, чораҳои унвонии ҳимояи истеҳсолотчиёни пойтахт, тадбиқ намудани маҷмўи чорабиниҳо ва зербарномаҳои унвонии (барномаҳои соҳавӣ) рушд барои давраи то соли 2015 зарур аст.

муфассалтар