Театри Опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ таърихи 70-сола дошта, яке аз театрҳои аввалини Душанбе ба ҳисоб меравад.
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Сайёҳӣ

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ба рушди соҳаи туризм ва заминаҳои инкишофи он дар пойтахт аҳамияти аввалиндараҷа дода, дар қаттори афзалият додан ба ғанигардонии буҷети шаҳр аз ҳисоби ҳарчи бештар воридшавии сайёҳони хориҷӣ ба пойтахт, инчунин заминаҳои бунёди иншоотҳои туристӣ, ки барои ҷалби сайёҳон бисёр бо аҳамият мебошад, тадбирҳои ҷиддӣ меандешад. Бунёду сохтмони иншоотҳои туристӣ, аз қабили меҳмонхонаҳои замонавии панҷситорадор, дар шаклу услубҳои муосир бунёд гардидани тарабхонаву маконҳои фарҳангиву истироҳатӣ, боғи фарҳангиву фароғатии муосир дар миқёси 15 га, биноҳои мӯҳташами фарҳангӣ барои гузаронидани консертҳои сарояндагони машҳури дохилӣ ва хориҷӣ, баргузории барномаҳои театрӣ дар толорҳои фарҳангии пойтахт ва бунёди дигар сохтмонҳои муосири тиҷоративу иҷтимоӣ далели ин гуфтаҳо мебошад.

Дар баробари ин, мувофиқ ба қарори алоҳидаи Раиси шаҳри Душанбе №392 аз 23 июни соли 2009 «Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба Барномаи давлатии рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2012» чорабиниҳои мушаххаси рушди соҳа пешбинӣ гардидааст. Дар Барномаи мазкур барои рушди туризм дар пойтахт тадбирҳои муҳим, аз қабили таъсиси Маркази таҳлилӣ-иттилоотии туризм дар шаҳри Душанбе барои гузаронидани мониторинги мунтазами рушди соҳа, таъсиси равзанаи ягонаи таҳлили омори соҳаи туризм дар пойтахт, таъсису бунёди Галлереяи рассомӣ дар пойтахт барои ошноии меҳмонон ба фарҳангу арзишҳои милливу таърихии тоҷикон тавассути нигораҳои расм, бунёди иншооти туристӣ-варзиши кӯҳӣ Скалодром, баланд бардоштани намудҳои хизматрасонӣ дар иншоотҳои маданӣ-маишии пойтахт, таҳияву нашр ва омодасозии маводҳои таблиғотии электрониву нашрӣ оид ба ҷаззобиятҳои пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе ва дигар чораҳои илмии рушди соҳаи туризм дар шаҳри Душанбе ҷой дода шудааст.

Заминаҳои устувор  ва имкониятҳои фарохи истироҳативу маданӣ боис гардидааст, ки рӯз аз рӯз ширкатҳои туристӣ дар пойтахт афзоиш ёфта, рушд ёбанд ва барои воридоту содироти сайёҳон ба муваффаққиятҳои назаррас ноил гарданд.

Барои барқарор намудани робитаи корӣ рӯйхати ширкатҳои туристии шаҳри Душанбе ва намудҳои хизматрасонии онҳо оварда шудааст. 

Рӯйхати субектҳои хоҷагидории соҳаи туризм дар шаҳри Душанбе