Биноҳои истиқоматӣ ва маъмурии лоиҳаи «Диёри Душанбе»
Асосӣ / Муносибатҳои хориҷӣ / Бародаршаҳрҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Бародаршаҳрҳо

Айни замон Душанбе- пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 15 шаҳри давлатҳои Осиё, Аврупо, Амрико, Африқо, ИДМ бародаршаҳр мебошад:

  БАРОДАРШАҲРҲОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

ЛУСАКА (Замбия)

Робитаҳои бародаршаҳрӣ бо шаҳри Лусака дар моҳи августи соли 1966 барқарор карда шудаанд. Санаи 11 январи соли 1989 дар шаҳри Лусака Меморандум дар бораи ҳамкорӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Лусака ба имзо расидааст.

 

САНЪО ( Ҷумҳурии Яман)

Шартнома дар бораи бародаршаҳрӣ 25 июни соли 1967 имзо шудааст. Санаи 7 апрели соли 1988 дар шаҳри Душанбе Протокол дар бораи ҳамкорӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Сана ба имзо расидааст.

 

 

http://www.monastir-tunisia.com/

МОНАСТИР (Тунис)

Санаи 24 ноябри соли 1967 Протокол дар бораи бародаршаҳрӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Монастир ба имзо расидааст.

 

 

ЛАҲОР ( Ҷумҳурии Исломии Покистон)

Санаи 15 сентябри соли 1976 дар шаҳри Душанбе баимзорасии дуҷонибаи Протокол дар бораи паймони бародаршаҳрии шаҳрҳои Душанбе ва Лаҳор баргузор гардид. 

 

 

   

КЛАГЕНФУРТ (Ҷумҳурии Австрия)

Робитаҳои шарикӣ байни шаҳрҳо соли 1972 барқарор гардидаанд. Таърихи 22 марти соли 1989 Протокол дар бораи ҳамкорӣ байни Магистрати шаҳри Клагенфурт ва Комиҷроияи шаҳри Душанбе дар доираи робитаҳои якҷояи бародаршаҳрҳо ба имзо расидааст.  Таърихи рӯзи 13 марти соли 1993 Протокол оид ба ҳамкорӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Клагенфурт барои солҳои 1993-1994 ба имзо расидааст.

 

   БОУЛДЕР (ИМА)

Дар таърихи 8 майи соли 1987 Созишнома доир ба паймони бародаршаҳрӣ ба имзо расидааст. Санаи 10 октябри соли 1988 Протокол дар бораи ҳамкорӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Боулдер барои солҳои 1989-1990 ба имзо расидааст.

 

РОЙТЛИНГЕН (Олмон)

Протокол дар бораи барқарор намудани робитаҳои дўстӣ, шарикӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Ройтлинген 24 марти соли 1990 ба имзо расидааст. Созишнома дар бораи бародаршаҳрии ду шаҳр 5 октябри соли 1991 ба имзо расидааст.

 

   

МАЗОРИ ШАРИФ (Ҷумҳурии Исломии Афғонистон)

Санаи 13 июли соли 1991 Протокол дар бораи паймони бародаршаҳрии шаҳрҳои Мазори Шариф ва Душанбе ва Созишнома дар бораи барқарор намудани ҳамкориҳои иқтисодӣ ба имзо расидааст.

 

   

ТЕҲРОН ( Ҷумҳурии Исломии Эрон)

Дар моҳи июли соли 1995  Протокол оид ба бародаршаҳрӣ ба имзо расид. Санаи 12 марти соли 2001 дар шаҳри Теҳрон Созишномаи нав дар бораи ҳамкории иқтисодӣ ва Протокол дар бораи паймони бародаршаҳрии шаҳрҳои Душанбе ва Теҳрон ба имзо расидааст.


http://www.eshiraz.ir

 

ШЕРОЗ ( Ҷумҳурии Исломии Эрон)

Санаи 16 феврали соли 1992 Шартнома оид ба бародаршаҳрии шаҳрҳои Душанбе ва Шероз ба имзо расид. Таърихи 12 марти соли 2001 Созишнома дар бораи ҳамкорӣ ва паймони бародаршаҳрии шаҳрҳои Душанбе ва Шероз ба имзо расидааст.

 

   

САНКТ-ПЕТЕРБУРГ (Федератсияи Россия)

Санаи 6 октябри соли 1991 дар шаҳри Душанбе Созишнома оид ба бародаршахрии шаҳрҳои Душанбе ва Санкт-Петербург ба имзо расид. Таърихи 30 апрели соли 1999 Созишномаи нав дар бораи паймони бародаршаҳрӣ ва Созишнома байни Ҳукумати шаҳри Душанбе ва Маъмурияти шаҳри Санкт-Петербург дар бораи ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ ба имзо расидааст.

 

   

МИНСК (Беларус)

Санаи 21 июли соли 1998 дар шаҳри Минск байни Раиси шаҳри Душанбе ва Раиси Кумитаи и ҷ роияи шаҳри Минск Шартнома дар бораи паймони бародаршаҳрии шаҳрҳо ва Созишнома байни Ҳукумати шаҳри Душанбе ва Кумитаи и ҷ роияи шаҳри Минск дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаҳои ти ҷ оратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ ба имзо расидааст.

 

 www.urumqi.gov.cn

УРУМЧӢ ( Ҷумҳурии Халқии Хитой)

Санаи 31 августи соли 1997 Созишнома байни Ҳукумати шаҳри Урумчӣ ва Ҳукумати шаҳри Душанбе дар бораи ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ ба имзо расидааст. Созишнома оид ба барқарор намудани робитаҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Урумчӣ 10 сентябри соли 1999 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст.

 

   

АНҚАРА (Ҷумҳурии Туркия)

Санаи 11 декабри соли 2003 дар шаҳри Анқара Декларатсияи муштарак дар бораи бародаршаҳрӣ ва Созишнома дар бораи ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ байни Ҳукумати шаҳри Душанбе ва Мунитсипалитети шаҳри Анқара ба имзо расидааст.

 

 

СЯМЭН (Ҷумҳурии Халқии Хитой)

Санаи 20 июни соли 2013 дар шаҳри Душанбе Ёддошти тафоҳум дар бораи барқарор намудани муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳрҳои Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сямэни Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Созишномаи байни Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Ҳукумати Халқии шаҳри Сямэни Ҷумҳурии Халқии Хитой дар бораи ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ба имзо расидааст.