Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Шаҳрҳои шарик

Пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе бо шаҳри Москваи Федератсияи Россия пайваста дар соҳаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ ҳамкорӣ менамояд.

          Москва (Федератсияи Россия)

13 октябри соли 1994 дар шаҳри Москва байни Кумитаи иҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи шаҳри Душанбе ва Ҳукумати Москва Созишнома оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ - техникӣ ва фарҳангӣ ба имзо расидааст.

29 ноябри соли 1996 дар шаҳри Москва байни Ҳукумати шаҳри Душанбе (ҳоло Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе) ва Ҳукумати шаҳри Москва Созишномаи нав оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ - техникӣ ва фарҳангӣ ба имзо расидааст.