Амфитеатр дар шаҳри Душанбе
Асосӣ / Маълумот / Шарҳи мухтасари рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Шарҳи мухтасари рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе

Вазъи демографӢ

            Ба ҳолати 1-уми январи соли 2016 шумораи аҳолии доимии шаҳри Душанбе аз рӯи маълумотҳои пешакӣ ба 802,2 ҳазор нафар расида нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,7 фоиз зиёд гардидааст.

Тибқи маълумотҳои мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба ҳолати 1-уми январи соли 2016 дар шаҳри Душанбе 14107 нафар таваллуд шуда,  2601 нафар фавтидаанд. Афзоиши табии аҳолӣ 11506 нафарро ташкил медиҳад.

 

Бозори меҲнат, музди МИЁНАИ ҳАРМОҳАИ меҲнатИ ЯК КОРМАНД

ва сатҳи бекорӢ

Шумораи ҳайати рӯйхатии кормандон дар моҳҳои январ-декабри соли 2015 ба 149285 нафар ва музди миёнаи ҳармоҳаи меҳнати як корманд ба 1526,63 сомонӣ баробар шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта шумораи кормандон 0,6 фоиз зиёд ва музди миёнаи ҳармоҳаи меҳнати як корманд 8,8 фоиз афзудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ шумораи бекорони дар хадамоти шуғли аҳолии шаҳри Душанбе расмӣ ба қайд гирифташуда 2729 нафарро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 108,3 фоизро ташкил медиҳад.

 

Саноат

Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар моҳҳои январ-декабри соли 2015 дар шаҳри Душанбе 1262,6 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2015-ум (бо нархҳои муқоисавӣ) 10,0 фоиз афзудааст.

Дар моҳҳои январ-декабри соли 2015 дар истеҳсоли маҳсулотҳои зерин афзоиш ба назар мерасад, аз љумла: истеҳсоли таљҳизоти барќӣ 2,0 баробар, истеҳсоли маҳсулоти резинӣ ва пластмассӣ 76,0 фоиз, истеҳсоли кимиёвӣ 42,8 фоиз, маҳсулоти хӯрокворӣ, якљоя бо нӯшокиҳо ва тамоку 28,7 фоиз, истеҳсоли коркарди чӯбу тахта ва истеҳсоли маҳсулот аз чӯб 25,3 фоиз, истеҳсоли маҳсулоти нафтӣ 22,0 фоиз, истеҳсоли селлюлозаю коғаз, фаъолияти табъу нашр 21,0 фоиз, истеҳсоли чарм, маҳсулот аз чарм ва истеҳсоли пойафзол 17,4 фоиз ва истеҳсоли ҳар гуна маҳсулоти ғайрифилизии маъданӣ 5,5 фоиз.

 

СармоягузорӢ ба сармояи асосӢ

Сармоягузорӣ ба сармояи асосӣ дар давраи ҳисоботӣ 3250,6 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 117,9 фоизро (бо нархҳои муқоисавӣ) ташкил медиҳад.

Фондҳои асосӣ ба маблағи 1214,3 млн. сомонӣ ба истифода дода шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 25,2 фоиз кам мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ хонаҳои истиқоматӣ бо масоҳати 174,9 ҳазор метри мураббаъ сохта ба истифода дода шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 ум 116,4 фоизро ташкил медиҳад.

 

НаҚлиёт, савдо ва ХизматрасонӢ

Бо нақлиёти автомобилӣ дар моҳҳои январ-декабри соли 2015-ум 7760,2 ҳазор тонна бор кашонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2014-ум 2,3 фоиз зиёд аст.

Ҳаҷми мусофирбарӣ бо нақлиёти автомобилии мусофиркаш 247,7 млн. нафарро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,0 фоиз зиёд мебошад.

Ҳаљми умумии гардиши савдои чакана, таъмири автомобилҳо, мототсиклҳо, асбобҳои рӯзғор ва ашёҳои истифодаи шахсӣ дар давраи ҳисоботӣ ба 3059,7 млн. сомонӣ баробар шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 104,0 фоизро ташкил додааст.

Дар давраи ҳисоботӣ дар ҳамаи соҳаҳои хизматрасони ба аҳолӣ ба маблағи 3946,2 млн. сомонӣ хизматрасонии пулакӣ расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 ҳаҷми хизматрасонӣ 15,1 фоиз кам шудааст.