Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
16 April 2015

Қарори РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №216 аз 14.04.2015

 

Дар бораи ҷамъбасти озмунҳои

шаҳрӣ бахшида ба «Рўзи пойтахт»

 

Бо мақсади тақвият бахшидан ба ҳамкориҳои судманд бо мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, шўроҳои шаҳраку маҳаллаҳо ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»,  моддаҳои  4 ва 18  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ», Консепсияи озмуни «Маҳаллаи беҳтарини пойтахт», ки бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе №169 аз 9 апрели соли 2009 тасдиқ гардидааст ва бо инобати Протоколи маҷлиси ҳайати ҳакамон ҷиҳати ҷамъбасти озмунҳои шаҳрӣ бахшида ба «Рўзи пойтахт» аз 13 апрели соли 2015 

 

Қарор мекунам:

1.«Маҳаллаи беҳтарини пойтахт» - маҳаллаи «Нодира»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҳисобида шуда, бо диплому Ҷоизаи рамзӣ бо акси Нишони шаҳри Душанбе сарфароз гардонида,  дар ҳудуди он сохтмони «Майдончаи фароғатию варзишӣ бо таҷҳизоти  замонавӣ» аз ҳисоби маблағҳои буҷети шаҳри Душанбе  анҷом дода шавад.

2.   Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ    бо  Кумитаи   заминсозии  шаҳри  Душанбе,  Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмони асосӣ»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии  ҳокимияти давлатӣ  дар шаҳри Душанбе,  Раёсати ҳифзи муҳити  зисти  шаҳри Душанбе тибқи  Нақшаи генералии шаҳри Душанбе ҷои мувофиқро барои сохтмони «Майдончаи фароғатию варзишӣ бо таҷҳизоти замонавӣ» интихоб намуда,  дар муддати  як моҳ  лоиҳаи  Қарори  Раиси шаҳри    Душанберо   оид   ба   ҷудо   намудани     қитъаи    замин ҷиҳати сохтмони  Майдончаи  мазкур омода ва барои тасдиқ ба Раиси шаҳри Душанбе пешниҳод намоянд.

3. Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмони асосӣ»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе» дар муддати ду моҳ ҳуҷҷатҳои  лоиҳавии  сохтмони иншооти мазкурро бо дарназардошти хулосаи экспертизаи давлатӣ таҳия ва ба Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе барои муайян намудани манбаи маблағгузорӣ манзур созад.

4. «Беҳтарин кооперативи соҳибмулкони манзил» - Кооперативи соҳибмулкони манзили «Парвоз»-и ноҳияи Шоҳмансур  бо диплом ва як маҷмуъ компютер бо мизу курсӣ қадрдонӣ карда шавад.

5.«Беҳтарин манзили пойтахт» - бинои истиқоматӣ, воқеъ дар ноҳияи Фирдавсӣ кўчаи Матросов  гузаргоҳи 4, хонаи №31  бо диплом ва як маҷмуъ компютер бо мизу курсӣ қадрдонӣ карда шавад.

6. «Ҳавлирўби беҳтарини пойтахт» - корманди Муассисаи давлатии Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Сино Муродова Ҳалима бо диплом, як адад телевизор ва роҳхат ба осоишгоҳи «Хоҷа- Обигарм» қадрдонӣ карда шавад.

7. «Беҳтарин Муассисаи фарҳангии пойтахт» - Мактаби мусиқии бачагонаи №3 ба номи А.С.Ленскийи шуъбаи фарҳанги  Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе бо диплом ва як маҷмуъ компютер бо мизу курсӣ мукофотонида шавад.

8. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе тибқи харҷномаи замимагардида ба муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағои фонди  захиравии  Раиси шаҳри Душанбе барои дастрас намудани 3 маҷмуъ компютер бо мизу курсӣ, телевизор, роҳхат ба осоишгоҳи «Хоҷа- Обигарм»  маблағи 15 672 (понздаҳ ҳазору шашсаду ҳафтоду ду)  сомонӣ ҷудо намояд.

9. Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Ҳамроев Д.Т.) инъикоси Қарори мазкурро тавассути васоити ахбори омма таъмин намояд.

10.    Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Қурбонова Р.А.  гузошта шавад.

М. УБАЙДУЛЛОЕВ