Душанбешаҳр
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
16 April 2015

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №163-11 аз 19 марти соли 2015

 

Дар бораи ғолибони тендер

 

Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаҳои 55 ва 74 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои 10, 14 ва 45 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ»

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

1.Протоколи замимагардидаи ҷаласаи Воҳиди хариди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе №49 аз 10 марти соли 2015 дар бораи ғолибони озмуни харид эътироф намудани довталабони зерин барои иҷрои корҳои пудратии иншоотҳои:

-Майдончаи варзишӣ ва бозии кӯдакон, воқеъ дар кӯчаи А.Дониш, назди бинои 11/1, ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе - Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Кадучи» бо маблағи 813 020 (ҳаштсаду сенздаҳ ҳазору бист) сомонӣ;

-Майдончаи варзишӣ ва бозии кӯдакон, воқеъ дар кӯчаи А.Дониш, назди бинои 20/3, ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе - Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ҳоҷи Яқуб» бо маблағи 718 800 (ҳафтсаду ҳаждаҳ ҳазору ҳаштсад) сомонӣ;

-Майдончаи варзишӣ ва бозии кӯдакон, воқеъ дар кӯчаи Титов, 26, ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе- Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сарикишти» бо маблағи 652 680 (шашсаду панҷоҳу ду ҳазору шашсаду ҳаштод) сомонӣ;

-Майдончаи варзишӣ ва бозии кӯдакон, воқеъ дар кӯчаи Айнӣ, 72/2, ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе - Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Нишот-Сохтмон» бо маблағи 387 215 (сесаду ҳаштоду ҳафт ҳазору дусаду понздаҳ) сомонӣ;

-Майдончаи варзишӣ ва бозии кӯдакон, воқеъ дар кӯчаи Шодӣ, ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе - Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Солор-25» бо маблағи 649 800 (шашсаду чилу нуҳ ҳазору ҳаштсад) сомонӣ;

-Майдончаи варзишӣ ва бозии кӯдакон, воқеъ дар кӯчаи Шевченко, назди бинои 46, ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе - Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Мадад-2002» бо маблағи 658 390 (шашсаду панҷоҳу ҳашт ҳазору сесаду навад) сомонӣ;

-Майдончаи варзишӣ ва бозии кӯдакон, воқеъ дар кӯчаи Айнӣ, назди бинои истиқоматии 118, ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе – Корхонаи воҳиди давлатии «Меҳнат» бо маблағи 423 720 (чорсаду бисту се ҳазору ҳафтсаду бист) сомонӣ;

-Майдончаи варзишӣ ва бозии кӯдакон, воқеъ дар маҳаллаи Мирзобек, ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе – Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Аксо» бо маблағи 1 955 394 (як миллиону нуҳсаду панҷоҳу панҷ ҳазору сесаду наваду чор) сомонӣ;

-Майдончаи варзишӣ ва бозии кӯдакон, воқеъ дар кӯчаи Мушфиқӣ, назди бинои 160/1, ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе – Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Нур Сохтмон» бо маблағи 190 530 (як саду навад ҳазору панҷсаду сӣ) сомонӣ;

-Майдончаи варзишӣ ва бозии кӯдакон,воқеъ дар кӯчаи Борбад, назди бинои истиқоматии 72/7, ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе – Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Толеъ» бо маблағи 257 220 (дусаду панҷоҳу ҳафт ҳазору дусаду бист) сомонӣ;

-Майдончаи варзишӣ ва бозии кӯдакон, воқеъ дар кӯчаи Деҳотӣ, шаҳраки 46, назди бинои 23/14, ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе – Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «СПРУТ» бо маблағи 216 500 (дусаду шонздаҳ ҳазору панҷсад) сомонӣ;

-Майдончаи варзишӣ ва бозии кӯдакон, воқеъ дар кӯчаи Беҳзод, 1, ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе – Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Арш сохтмон» бо маблағи 255 020 (дусаду панҷоҳу панҷ ҳазору бист) сомонӣ;

-Майдончаи варзишӣ ва бозии кӯдакон, воқеъ дар маҳаллаи Бӯстон-1, ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе – Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Истиқлолият-20» бо маблағи 567 940 (панҷсаду шасту ҳафт ҳазору нуҳсаду чил) сомонӣ;

-Майдончаи варзишӣ ва бозии кӯдакон, воқеъ дар маҳаллаи Бадахшон-1, ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе – Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Неъматуллоҳ-2009» бо маблағи 498 370 (чорсаду наваду ҳашт ҳазору сесаду ҳафтод) сомонӣ;

-Майдончаи варзишӣ ва бозии кӯдакон, воқеъ дар кӯчаи Испечак, 2,назди биноҳои М-9 ва М-11,  ноҳияи Синои шаҳри Душанбе - Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷ-маш» бо маблағи 284 295 (дусаду ҳаштоду чор ҳазору дусаду наваду панҷ) сомонӣ;

-Майдончаи варзишӣ ва бозии кӯдакон, воқеъ дар шаҳраки 33, назди биноҳои истиқоматии 67/3-67/4, кӯчаи Ҷ.Расулов, ноҳияи Синои шаҳри Душанбе – Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Шаҳмаран» бо маблағи 453 430 (чорсаду панҷоҳу се ҳазору чорсаду сӣ) сомонӣ;

-Майдончаи варзишӣ ва бозии кӯдакон, воқеъ дар кӯчаи Ломоносов, 26, назди бинои 371/1, ноҳияи Синои шаҳри Душанбе – Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Бехдошт» бо маблағи 761 699 (ҳафтсаду шасту як ҳазору шаш саду наваду нуҳ) сомонӣ;

-Майдончаи варзишӣ ва бозии кӯдакон, воқеъ дар кӯчаи Зарафшон, 1, назди биноҳои истиқоматии 7, 8, 10, 14 ва 15 ноҳияи Синои шаҳри Душанбе – Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Текстильконтракттрансстрой» бо маблағи 761 700 (ҳафтсаду шасту як ҳазору ҳафтсад) сомонӣ;

-Майдончаи варзишӣ ва бозии кӯдакон, воқеъ дар кӯчаи Ҷ.Расулов, назди бинои 41/1, ноҳияи Синои шаҳри Душанбе– Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Некрав» бо маблағи 454 346 (чорсаду панҷоҳу чор ҳазору сесаду чилу шаш) сомонӣ;

-Майдончаи варзишӣ ва бозии кӯдакон, воқеъ дар кӯчаи Севастопол, назди биноҳои 22-12, ноҳияи Синои шаҳри Душанбе – Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Комрон» бо маблағи 292 420 (дусаду наваду ду ҳазору чорсаду бист) сомонӣ тасдиқ карда шаванд.

2.Муҳтавои Қарори мазкур ба ғолибони озмун тавассути огоҳнома расонида шавад.

3.Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмони асосӣ»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе (Анваров С.С.), ҳамчун фармоишгар, мутобиқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ғолибони эътирофгардидаи озмуни харид барои иншоотҳои дар банди 1 Қарор зикршуда:

- шартномаҳои пудрати сохтмонро ба имзо расонад;

-корҳои сохтмониро тибқи лоиҳа ва нақшаи муайянгардидаи иншоотҳо ба роҳ монда, рафти иҷрои онҳоро назорат барад;

-пас аз анҷоми корҳои сохтмонӣ иншоотҳоро дар ҳамкорӣ бо пудратчӣ ба комиссияи давлатии қабул пешниҳод намояд.

4.Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе (Кенҷаев Д.М.) тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ маблағгузории иншоотҳои мазкурро аз ҳисоби маблағҳои барои Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмони асосӣ»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар соли 2015 ҷудогардида таъмин намояд.

5.Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Ҳамроев Д.Т.) инъикоси васеъи Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

6.Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Қурбонова Р.А. гузошта шавад.

М. УБАЙДУЛЛОЕВ