Гулҳои Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
17 April 2015

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №214 аз 10.04.2015

 

Дар бораи таъмиру барқарорсозии роҳҳо ва пиёдагардҳои  ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳои шаҳр

 

         Бо мақсади иҷрои банди 5 Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе №75-8 аз 22 декабри соли 2011 «Дар бораи Ҳисоботи Раиси шаҳри Душанбе М.Убайдуллоев «Оид ба иҷроиши барномаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар ёздаҳ моҳи соли 2011, нақшаҳои рушд, буҷети шаҳри Душанбе ва вазифаҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои соли 2012 ва тасдиқи иҷрои буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2010» оид ба эълон гардидани солҳои 2012-2014 «Солҳои таъмиру барқарорсозии роҳҳо ва пиёдагардҳои ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо» бо дарназардошти ҳолати ғайриқаноатбахши аксари роҳҳою пиёдагардҳои ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияҳои шаҳр баҳри таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт ва пиёдагардон дар роҳҳои шаҳраку маҳаллаҳои шаҳри Душанбе, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаҳои 14, 15 ва 29 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ»

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

1.   Раисони ноҳияҳои Шоҳмансур - Бобоев С.Қ., Исмоили Сомонӣ - Қурбонов А.Ҷ., Сино - Сафаров З.А. ва Фирдавсӣ - Алиев С.А. вазифадор карда шаванд, ки аз ҳисоби иҷроиши барзиёди қисми даромади буҷети ноҳияҳои шаҳри Душанбе дар соли 2014, ки ба  1 январи соли 2015 ҳамчун маблағҳои озоди буҷетӣ ба вуҷуд омаданд, аз ҷумла;

- ноҳияи Шоҳмансур 500 000 (панҷсад ҳазор) сомонӣ;

- ноҳияи Исмоили Сомонӣ 130 000 (як саду сӣ ҳазор) сомонӣ;

- ноҳияи Сино 4 500 000 (чор миллиону панҷсад ҳазор) сомонӣ;

- ноҳияи Фирдавсӣ 8 000 000 (ҳашт миллион) сомонӣ барои таъмиру барқарорсозии роҳҳо ва пиёдагардҳои ба талаботи санадҳои дахлдор ҷавобгӯ набудаи шаҳраку маҳаллаҳо бе таъхир қарорҳои дахлдор қабул намоянд.

2.  Зарфияти соҳибкорон, сохторҳои худфаъолияти ҷамъиятию аҳли ҷомеа, сокинону субъектҳои хоҷагидорӣ дар ободонии роҳҳои дохилишаҳраку маҳаллагузар васеъ сафарбар карда шуда, ташаббусҳои онҳо дар ин самт ҳаматарафа ҷонибдорӣ карда шаванд.

3.   Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосию ҷории роҳҳою кӯпрукҳои ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе» рафти сифати иҷрои корҳои барқарорсозӣ ва таъмири  ҷориро зери назорати доимӣ қарор диҳад.

4.  Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

5.   Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Ҳакимов Н.Ҳ. гузошта шавад.

М. УБАЙДУЛЛОЕВ