Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
18 April 2015

Ин сана барои сокинони шаҳри Душанбе дар радифи дигар ҷашну санаҳои тақдирсозии миллат хело арзишманд аст.

Ҳамасола тибқи анъаноти шаҳрдорӣ Рӯзи пойтахт бо ташаббусҳои созанда ва дастовардҳои меҳнатӣ истиқбол гардида, дар ин рӯз дар радифи чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ ва ҳашари умумишаҳрӣ маъмулан як қатор иншооти муҳим мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд.

Ин навбат қабл аз шуруи тантанаҳои ҷашнӣ ба ин муносибат бо иштироки роҳбарият ва дигар масъулини шаҳрдорӣ ба маблағи беш аз 335,1 млн сомонӣ фондҳои асосӣ аз ҳисоби субъектҳои соҳибкорӣ, аз ҷумла ба масоҳати 51,9 ҳазор м2 манзили истиқоматӣ, 19 ҳазор м2 марказҳои савдою хизматрасонӣ ва 18,8 ҳазор м2 утоқҳои маъмурӣ ба  истифода дода шуданд.

Субҳи 18 апрели соли 2015 муовини Раиси шаҳри Душанбе Руқия Қурбонова  аз номи Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар фазои индона, соати 9-00, дар  хиёбони Ҳофизи Шерозӣ бо суханронию табрикоти хеш, варзишгарон - иштирокчиёни шашумин Ниммарафони байналмилалии Душанберо, ки  таври анъанавӣ ҳамасола аз ҷониби шаҳрдорӣ дар Рӯзи пойтахт амалӣ мегардад, кулли меҳмонону иштирокдоронро самимона шодбош намуда, ба сабқати варзишгарон ифтитоҳ бахшид.

Сипас, тибқи нақша соати 14-00 дар толори муҳташами Муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза» бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев расми ҷамъбасти тамоми озмунҳои касбии шаҳрдорӣ бо ширкати фаъолону собиқадорони меҳнат, шӯроҳои шаҳраку маҳаллаҳо, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятию доираи васеи институтҳои шаҳрвандии пойтахт баргузор гардид.

 Дар ин ҳамоиши тантанавӣ дар ҳузури фаъолони пойтахт аз ҷониби Раиси шаҳр ба ғолибони шашумин Ниммарафони байналмилалии Душанбе мутаносибан миёни мардону занон ҷойҳои аввал – Чечун Юрий варзишгар аз шаҳри  Самараи Федератсияи Россия  ва Чиженко Юлия  варзишгар аз шаҳри Санкт –Петербури Федератсияи Россия  ба ҳар кадоме 3500,  ҷойҳои дуюм- Петров Андрей  варзишгар аз шаҳри Тошканди Ҷумҳурии ӯзбекистон ва Марина  Химелевская  варзишгар аз шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон ба ҳар кадоме 3000, ҷойҳои сеюм- Вайтака Самуэл   варзишгар аз Кения ва Жаннатбек Гулжанат    варзишгар аз шаҳри Алматои Ҷумҳурии  Қазокистон  ба ҳар кадоме 2500, ҷойҳои чорум- Степан Киселев варзишгар аз шаҳри Қазони  Федератсияи Россия ва Фатеева Катя  аз шаҳри Челябински Федератсияи Россия  ба ҳар кадоме  2000, ҷойҳои панҷум- Муго Энтони варзишгар аз Кения  ва Ираида Александрова   варзишгар шаҳри Қазони Федератсияи Россия ба ҳар кадоме 1800 ва ҷойҳои шашум – Пяткин Илья  варзишгар аз шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон  ва Зайнаб Мансурӣ аз шаҳри Шерози Ҷумҳурии исломии Эрон   ба ҳар кадоме 1500 доллари ИМА дар расми тантанавӣ тақдим гардид.

Зимни ҷамъбасти озмунҳои касбии шаҳрдорӣ дар асоси хулосаи ҳайати ҳакамон тибқи Қарорҳои дахлдори Раиси шаҳри Душанбе ғолибони озмунҳо чунин муайян ва аз ҷониби Раиси шаҳр дар расми тантанавӣ қадргардонӣ шуданд:

    - «Мактаби сол-2014» - коллективи педагогии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 51 ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе. Мукофот: квартираи сеҳуҷрагии №45, бо масоҳати умумии 76,5 метри квадратӣ, воқеъ дар кӯчаи Беҳзод 32, ноҳияи И. Сомонии шаҳри Душанбе;

- «Директори сол-2014» - директори гимназияи № 53 Боронов Азизбек. Мукофот:  3000  (се ҳазор)  сомонӣ ;

- «Муаллими сол-2014» - муаллимаи фанни таърих ва ҳуқуқи гимназияи №1 Қувватова Рафоат. Мукофот: 2000 (ду ҳазор) сомонӣ;

-   «Синфи  беҳтарини  сол-2014» -  коллективи синфи 10«г» муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 24 ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе. Мукофот:  Парчами сайёри Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва  ба роҳбари ҳамин синф  Зумратов Азизбек  1000 (ҳазор)  сомонӣ,  сардори синф  Отаева Рамзия  500 (панҷсад)  сомонӣ ва 34 нафар хонандагони синф ба ҳар кадоме  400 (чорсад) сомонӣ;

- «Волидайни беҳтарини сол-2014» - Нурова Шаҳло, аз гимназия №1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе. Мукофот: 5000 (панҷ  ҳазор)  сомонӣ;

- «Кӯдакистони сол -2014»-  кӯдакистони № 118, ноҳияи Сино  (мудираш Акобирова Гулчеҳра). Мукофот: 3000 (се ҳазор) сомонӣ;

- «Мудири кӯдакистони сол-2014» - мудири кӯдакистони № 135 ноҳияи Фирдавсӣ Сабзаева Фазилат. Мукофот: 2000 (ду ҳазор) сомонӣ;

- «Мураббии сол-2014» - мураббии кӯдакистони №46 ноҳияи Шоҳмансур  САфарова Парвина. Мукофот: 1500 (ҳазору панҷсад) сомонӣ.

Коллективи меҳнатии кӯдакистони № 52,  ноҳияи Фирдавсӣ, мудираш Сайвалиева Ҳабиба барои ишғоли  ҷойи дуюм дар озмуни “Кӯдакистони сол-2014”ба маблағи 1500 сомонӣ, коллективи меҳнатии  кӯдакистони №79, ноҳияи  Шоҳамнсур,мудираш Гулова Майсара барои ишғоли  ҷойи сеюм дар озмуни «Кӯдакистони сол-2014»  ба маблағи 1000  сомонӣ қадр карда шуданд. 

Барои фаъолияти пурмаҳсул дар таълиму тарбияи насли наврас, саҳми арзанда дар пешравии соҳаи маорифи пойтахт,  иштирокчиёни озмунҳои «Мактаби сол-2014», «Кӯдакистони сол-2014» «Директори сол-2014», «Муаллими сол-2014», «Мудири кӯдакистони сол-2014» ва «Мураббии сол-2014»  Одилбекова Лола – муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56 ноҳияи Сино,  Нурова Анзурат - муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №34 ноҳияи Исмоили Сомонӣ,        Сайфуров Маҳмадсодиқ - муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 ноҳияи Шоҳмансур,   Каримова Ашурбибӣ – директори муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 37 ноҳияи  Сино,    Муҳиддинов Баҳриддин – директори  муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 29 ноҳияи Шоҳмансур,    Исоматова Малика - директори  муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 77 ноҳияи Фирдавсӣ,    Мукумова Парвина  - мудири кӯдакистони № 96  ноҳияи Сино,    Шарипова Бунафша – мудири кӯдакистони № 159 ноҳияи   Шоҳмансур,   Зумратов Азизбек – муаллимаи фанни химияи муассисаи таҳсилоти умумии №24 ноҳияи Фирдавсӣ,    Обидова Ҷамила – муаллимаи фанни химияи муассисаи таҳсилоти умумии №1 ноҳияи И. Сомонӣ,    Диловарзода Злашам – муаллимаи  фанни забон ва адабиёти руси литсейи № 55  ноҳияи Шоҳмансур, Зиёева Наргис  – муаллимаи фанни забони давлатии  муассисаи таҳсилоти умумии №56 ноҳияи Сино,     Ғуломова Моҳнамо – мураббияи кӯдакистони №  140 ноҳияи  Сино,    Бобомуродова  Назира  -  мураббияи кӯдакистони № 40 ноҳияи  Исмоили Сомонӣ,     Қурбонова Фароғат  – мураббияи кӯдакистони № 123 ноҳияи Фирдавсӣ ҳар кадом ба маблағи 700 сомонӣ мукофотонида шуданд.

         2 нафар хатмкунандагон - барандагони медалҳои тилло ба маблағи 1000 сомонӣ ва 3 нафар барандагони медалҳои нуқра ҳар кадоме ба маблағи  700 сомонӣ қадргардонӣ гаштанд.

Ҳамзамон ба «Беморхонаи сол  - 2014» - коллективи кормандони Таваллудхонаи шаҳрии №3. Мукофот: 3000 (се ҳазор) сомонӣ ;

- «Муассисаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарии сол - 2014» - коллективи кормандони Маркази саломатии шаҳрии №10.  Мукофот: 2 500 (ду ҳазору панҷсад) сомонӣ;

- «Табиби сол - 2014» - мудири шуъбаи ҷарроҳии Беморхонаи клиникии шаҳри ёрии таъҷилии тиббӣ Мавҷудов Маъруф Мақсудович.  Мукофот:   2000 (ду ҳазор) сомонӣ;

- «Табиби оилавии сол - 2014» - табиби оилавии Маркази саломатии шаҳрии №10 Юнусов Искандар Ҷӯраевич. Мукофот:  1500 (як ҳазору панҷсад) сомонӣ;

- «Корманди миёнаи тиббии сол – 2014» ҳамшираи тиббии  Маркази саломатии шаҳрии № 7 Зардова Наҷиба Зоирбековна. Мукофот: 1000 (як ҳазор) сомонӣ;

-  «Маҳаллаи беҳтарини пойтахт» - маҳаллаи «Нодира»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ. Мукофот: диплому Ҷоизаи рамзӣ бо акси Нишони шаҳри Душанбе ва  дар ҳудуди маҳалла сохтмони «Майдончаи фароғатию варзишӣ бо таҷҳизоти  замонавӣ»   аз ҳисоби маблағҳои буҷети шаҳри Душанбе; 

- «Беҳтарин меҳмонхонаи пойтахт дар соли 2014»- ҶДММ «Ҳаятт Реҷенси Душанбе». Мукофот: Ифтихорномаи шаҳри Душанбе ва ҷоизаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе;

- «Беҳтарин тарабхонаи пойтахт дар соли 2014» - Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Шом-7». Мукофот: Ифтихорномаи шаҳри Душанбе;

- «Беҳтарин ошхонаи пойтахт дар соли 2014» ҶДММ «Мерве». Мукофот: Ифтихорномаи шаҳри Душанбе;

- «Беҳтарин кооперативи соҳибмулкони манзил» - Кооперативи соҳибмулкони манзили Парвоз»-и ноҳияи Шоҳмансур. Мукофот:  диплом ва як маҷмуъ компютер бо мизу курсӣ;

- «Беҳтарин манзили пойтахт» - бинои истиқоматӣ, воқеъ дар кӯчаи Матросов, гузаргоҳи 4,хонаи 31,  ноҳияи Фирдавсӣ. Мукофот: диплом ва як маҷмуъ компютер бо мизу курсӣ;

- «Ҳавлирӯби беҳтарини пойтахт» - Муродова Ҳалима, корманди Муассисаи давлатии Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Сино. Мукофот: диплом, як адад телевизор ва роҳхат ба осоишгоҳи «Хоҷа оби гарм»;

- «Беҳтарин Муассисаи фарҳангии пойтахт» - Мактаби мусиқии бачагонаи №3 ба номи А.С. Ленскийи шуъбаи фарҳанги  Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе. Мукофот: диплом ва як маҷмуъ компютер бо мизу курсӣ;

- «Беҳтарин нозири минтақавии сол» майори милитсия, сардори минтақаи хизматии милитсияи №27 шуъбачаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ-2 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Убайдулов Абдухалил.  Мукофот: 15 000 (понздаҳ ҳазор) сомонӣ ва Шаҳодатномаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе  бо сабти ному насаб, соли озмун ва навиштаҷоти «Беҳтарин нозири минтақавии сол» бо имзои Раиси шаҳри Душанбе;

- ҷои дуюм дар озмуни «Беҳтарин нозири минтақавии сол» капитани милитсия, сардори минтақаи хизматии милитсияи №13 шуъбачаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Муродализода Абӯбакр. Мукофот: 12 000 (дувоздаҳ ҳазор) сомонӣ ва Шаҳодатномаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе  бо сабти ному насаб, соли озмун ва навиштаҷоти ««Беҳтарин нозири минтақавии сол» бо имзои Раиси шаҳри Душанбе;

- ҷои сеюм дар озмуни «Беҳтарин нозири минтақавии сол» капитани милитсия, сарнозири минтақаи хизматиии милитсияи №15 шуъбачаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе Идиев Илҳомиддин Усмонович.  Мукофот: 10 000 (даҳ ҳазор) сомонӣ ва Шаҳодатномаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе бо сабти ному насаб, соли озмун ва навиштаҷоти «Беҳтарин нозири минтақавии сол» бо имзои Раиси шаҳри Душанбе.

- «Беҳтарин мактаби варзишии шаҳри Душанбе»  Мактаби варзиши махсуси кӯдакону наврасони захираҳои олимпии №3-и шаҳри Душанбе оид ба варзиши сабук. Мукофот: 3500 (се ҳазору панҷсад) сомонӣ;

- «Беҳтарин толори варзишии сол дар шаҳри Душанбе» толори варзишии Корхонаи воҳиди давлатии «Қасри теннис»-и шаҳри Душанбе . Мукофот:   2500 (се ҳазору панҷсад) сомонӣ; 

- «Беҳтарин мураббии варзиши сол дар шаҳри Душанбе» мураббии Мактаби махсуси кӯдакону наврасони захираҳои олимпии №2 –и шаҳри Душанбе оид ба таэквондо  ва камонварӣ Қармишев Ҷаҳонзеб. Мукофот:   3000 (се ҳазор) сомонӣ тақдим карда шуд. 

                Инчунин баҳри рушду инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва таблиғи оммавияти пешбурди тарзи ҳаёти солим бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии варзишгарони беҳтарини шаҳри Душанбе 38 нафар ғолибони озмуни «Стипендияи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои дастовардҳои варзишӣ дар соли 2014» бо стипендияҳои дараҷаи 1 аз рӯи намудҳои олимпӣ ҷои аввал - 1000 сомонӣ, ҷои дуюм -  900 сомонӣ, ҷои сеюм  800 сомонӣ ва стипедияи дараҷаи 2  аз рӯи намудҳои ғайриолимпӣ ҷои аввал - 700  сомонӣ, ҷои дуюм  - 600 сомонӣ ва ҷои сеюм  - 500 сомонӣ барои 8 моҳ қадрдонӣ карда шуданд.

Ҳамзамон ғолибони озмуни «Соҳибкори беҳтарини шаҳри Душанбе дар соли 2014» аз рӯи 17  номинатсия бо дипломҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва туҳфаҳои хотиравӣ - нишони фахрии озмун тариқи зайл қадр карда шуданд:

- Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фабрикаи шири Саодат» Комилов Илҳом Наврӯзович – номинатсияи «Истеҳсоли молҳои истеъмолии халқ»;

-Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Техноинвест»  Раҷабов Файзалӣ Қурбоналиевич - номинатсияи «Меъморӣ ва дизайн»;

- Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Газпромнефть – Таджикистан» Мирзоев Фарҳод Султонбекович - номинатсияи «Савдо»;

  -Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди  «Тоҷикинтурсервис» Қобилов Зафар Наримонович - номинатсияи «Хизматрасонӣ дар соҳаи фарҳанг, варзиш ва туризм»;

  - Филиали Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ганҷина»- МТФ «Рамашка» Муҳаббатов Қурбоналӣ Абдулҳаевич - номинатсияи «Хизматрасонии тиббӣ»;

  - Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ИИ Нассоҷии Тоҷик» Ҷомаҳмадов Хушмаҳмад Ҳасанович - номинатсияи «Истеҳсоли маҳсулоти истифодаи саноат»;

-Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тиб барои Шумо» Ҷаборов Фаридун Маҷидович - номинатсияи «Истеҳсоли доруворӣ, маҳсулот ва таҷҳизоти тиббӣ»;

- Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Сити Сервис» Умаров Игор Қувватович- номинатсияи «Хоҷагидории шаҳрӣ, хизматрасонии манзилию коммуналӣ ва экология»;

-Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Саманд 2010»   Фаткулаев Қосим Махмедович- номинатсияи «Сохтмон, тармим ва таъмир»;

- Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Рухом» Муҳабатов Муфарах Муминҷонович - номинатсияи «Косибӣ ва ҳунарҳои халқӣ»;

-Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сомонтаъминот» Хидиров Саидраҳмон Шарифович – номинатсияи «Истеҳсоли маҳсулоти саноати сабук»;

- Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Интер» Остонаев Мансур Муртазоевич - номинатсияи «Хӯроки умум»;

-Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «ТТ Мобайл» Никитин Денис Александрович - номинатсияи «Технологияҳои телекоммуникатсионӣ»;

- Ҷамъияти саҳомии кушодаи  «Континент-Инвест» Шарипов Сафаралӣ - номинатсияи «Хизмати маишӣ»;

- Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Эр-Граф» Раҷабов Суҳроб Тоирович - номинатсияи «Фаъолияти нашриётӣ, хизматрасонии полиграфӣ, дизайн ва реклама»;

- Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Заводи асфалту бетон» Ҳукматов Тоҳир Мирзошоевич- номинатсияи «Истеҳсоли масолеҳи сохтмон ва конструксияҳо»;

-Муассисаи таълимии «Гимназияи хусусии Ҳиммат» Ғайратов Қубодулло Ҳиматович - номинатсияи «Хизматрасонӣ барои рушди соҳибкорӣ: таълим, маркетинг, аудит, консалтинг, пешбарии муҳосибот ва кумаки ҳуқуқӣ»;

-Муассисаи ҳафтаномаи  «Тоҷикистон» Ҳамдамов Шариф - номинатсияи «Технологияҳои ахборотӣ»;

- «Пешсафи соҳибкорони беҳтарини шаҳри Душанбе дар соли 2014» ғолиби номинатсияи «Технологияҳои телекоммуникатсионӣ» Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «ТТ Мобайл» (Никитин Денис Александрович) бошад бо Ифтихорномаи шаҳри Душанбе  ва Ҷоми фахрии Ғолиб, сарфароз  гардонида  шуд.

                Дар ин ҳамоиши ифтихорӣ, Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев муқаррар намуд, ки шуруъ аз соли оянда дар феҳристи озмунҳои касбии шаҳрдорӣ озмуни “Беҳтарин боғи фарҳангу фароғатӣ” шомил ва баргузор карда шавад.

                Ҳамзамон бо ироаи шодбошиҳои самимии худ ба ифтихори Рӯзи пойтахт,  аз намояндагони аҳли зиё, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбарони шӯроҳои шаҳраку маҳаллаҳо, ташкилотҳои идоракунандаю ширкатҳои соҳибмулкони манзил ва сохторҳои худфаъолияти ҷамъиятии шаҳр даъват ба миён овард, ки дар партави сиёсати созандаву ободкоронаи Сарвари давлат беш аз ҳарвақта  потенсиали шаҳрдорӣ ва аҳли ҷамоатчигии пойтахтро баҳри густариш ва тақвият бахшидан ба дигаргунсозиҳои куллии иқтисодию иҷтимоӣ ва фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаи сокинони Душанбешаҳр  раҳнамун сохта, то ҷашни навбати Рӯзи пойтахт дастовардҳои нав ба навро армуғон созанд. 

                Тантанаҳои идонаро ба истиқболи Рӯзи пойтахт  консерти шомгоҳии дастаҳои ҳунарӣ дар боғи «Наврӯзгоҳ» ва «Боғи пойтахт»  истироҳату фароғати меҳмонон ва сокинон дар мазраҳои гулафшони Душанбе хотима дода, омодагиҳоро барои сабқат дар озмунҳои касбии шаҳрдорӣ барои як соли дигар оғоз бахшид.