Маркази барқу гармидиҳии -2 Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
20 April 2015

20 апрели соли 2015 дар Мақомоти  иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи васеи кории шаҳрдорӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа қабл аз ҳама Маҳмадсаид Убайдуллоев дар асоси татбиқи барномаҳои шаҳрдорӣ оид ба вусъати тадбирҳо ҷиҳати ободонии роҳҳои дохилимаҳаллаву шаҳракгузари шаҳр, идома ба сафарбарсозии манбаъҳои буҷетӣ муқаррар сохт, ки тавассути ҷалби потенсиали эҳсонкории фаъолони пойтахт, аҳли ҷамоатчигӣ, субъектҳои хоҷагидории шаҳр, ки метавонанд, дар суратҳисоби махсуси таъсисдодашавандаи шаҳрдорӣ дар Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ихтиёран ҳиссагузорӣ намоянд, бо инобати муосид омадани боду ҳаво, маъракаи таъмиру барқарорсозии роҳҳои дохилимаҳаллаву шаҳракгузари шаҳр дар асоси лоиҳаҳои дахлдор оғоз  карда шавад. 

Дар иртибот ба таъмини хизматрасонии бонизоми нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ, инчунин баҳри коҳиш додани тамбашавии воситаҳои нақлиёт дар шаҳр, ки аз 9 апрел воридшавии ҳамагуна воситаҳои нақлиёти ғайришаҳрии мусофиркашонӣ ба ҳудуди шаҳр манъ дошта шуда, таваққуфи онҳо дар чор даромадгоҳҳои шаҳр муайян карда шудааст, дар ҷаласа ба Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе дастур гардид, ки баҳри риояи муқаррароти мазкур дар ҳамкорӣ бо Прокуратураи шаҳр, Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия оид ба шаҳри Душанбе ва Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар шаҳри Душанбе тамоми тадбирҳоро роҳандозӣ намояд. Ҳамзамон Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозию Кумитаи идораи замини шаҳр вазифадор карда шуданд, ки ҷиҳати таваққуфи воситаҳои нақлиёти ғайришаҳрии мусофиркашонӣ нуқтаҳои мушаххсаро муайян намоянд.

Инчунин, дар ҷаласа масоили андешидани тадбирҳои кадрӣ дар тамоми субъектҳои хоҷагидории шаҳр ва ноҳияҳо баррасӣ шуда, дастур гашт, ки раисони ноҳияҳо, сардорони раёсатҳои марбута барои ишғоли мансабҳои давлатӣ  аз 5 то 7 номзадҳои ҷавону соҳибихтисос ва арзандаро дар муҳлати 10 рӯз унвонии шаҳрдорӣ манзур созанд.

Баҳри таҳкиму вусъати корҳои ободонӣ дар ҳудуди шаҳр ва идомабахшии анъаноти шаҳрдорӣ оид ба расидагӣ ба арзу шикоятҳои сокинон бевосита дар маҳалҳо, Маҳмадсаид Убайдуллоев муқаррар сохт, ки шуруъ аз 30 апрели соли 2015, ҳар ҳафта рӯзи панҷшанбе дар ноҳияҳои пойтахт, ибтидо аз ноҳияи Шоҳмансур, Сино, Фирдавсӣ ва И. Сомонӣ - «Рӯзҳои шаҳр дар ноҳияҳо» бо иштироки бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе ва роҳбарони аввали сохторҳои шаҳрӣ  доир карда шавад.

Гузашта аз ин, дар ҷаласа оид ба ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ  ба масъулини бозорҳои коммуналӣ дастуру супоришҳои мушаххас ироа гардида, бо мақсади аз байн бурдани савдои кӯчагӣ, таъмини бехатарию бе тамбашавӣ ҳаракати муназзами воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои мошингузари назди КВД «Бозори Шоҳмансур» қарор гардид, ки аз 1 –уми майи соли ҷорӣ дар бозори мазкур фурӯши як чанд намуд молу маҳсуот ихтисор гардида, барои идомаи фаъолияти соҳибкорон дар КВД «Маҷмааи савдои Пойтахт-90» нуқтаҳои савдо пешбинӣ карда шавад.

Ҳамзамон дар  ҷаласа нақшаҳои шаҳрдорӣ оид ба омодагӣ ба Рӯзи ваҳдат тарҳрезӣ гардида, барои пурмуҳтаво ва муосир  намудани хизматрасониҳо дар боғҳои фарҳангу фароғатии шаҳр ба масъулин супоришҳо дода шуданд. 

Дар иртибот ба риояи расму оинҳои миллӣ, ҳифзи арзишҳои маънавӣ ва пешгирӣ аз таблиғоти фарҳанги бегонаи адёнӣ  дар шаҳр, масъулини Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо оид ба шаҳри Душанбе вазифадор карда шуданд, ки ҷиҳати боздошти воридшавии молу маҳсулот ва сару либосҳои мавриди таваҷҷуҳ ва барчидани онҳо аз нуқтаҳои савдо тадбирҳои воқеӣ андешанд.