«Қасри миллат» - қасри нав дар маркази Душанбе.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
20 April 2015

Қарори раиси шаҲри Душанбе №222 аз  20.04.2015

 

Дар  бораи ба вазифаи  директори Муассисаи

давлатии «Телевизиони пойтахт»-и  Мақомоти

иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри

Душанбе таъин намудани Саидов Ш. Н.

 

      Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 32 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

     1.Саидов  Шавкат  Норқузиевич  аз  20  апрели   соли  2015  ба вазифаи директори Муассисаи  давлатии  «Телевизиони пойтахт»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе тибқи қарордоди меҳнатӣ таъин карда шавад.

     2.Барои қабулу супоридани амволи Муассисаи мазкур комиссия дар ҳайати муовини Раиси шаҳри Душанбе Қурбонова Р.А. (раиси комиссия), сардори Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе Кенҷаев Д.М., муовини сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе Одинаев Ҷ.Т., директори Муассисаи давлатии  «Телевизиони пойтахт»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе Саидов Ш.Н. ва собиқ директори Муассисаи  мазкур Мусоева Ш.Р. таъсис дода шавад.

     3.Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Қурбонова Р.А. гузошта шавад.    

         Асос: аризаи  Саидов Ш. Н.

 М.УБАЙДУЛЛОЕВ