«Қасри миллат» - қасри нав дар маркази Душанбе.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
22 April 2015

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №216-3 аз 14.04.2015

 

Дар бораи ҷонибдории ташаббуси Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Роҳи Тоҷик" барои таъмири роҳи автомобилгарди кӯчаи Навбаҳор

 

         Баҳри дастгирии ташаббуси субъектҳои соҳибкорӣ оид ба нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳри Душанбе мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 37 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои 3, 4 ва 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эҳсонкорӣ»

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

 

1.  Ташаббуси Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Роҳи Тоҷик» барои таъмир намудани роҳи автомобилгарди кӯчаи Навбаҳор дар масофаи 104,0м бо масоҳати 624м2, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе ҷойгир мебошад, ҷонибдорӣ карда шавад.  

2.   Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосию ҷории роҳҳою кӯпрукҳои ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе»- и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлати дар шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Автострада» ҳуҷҷатҳои лоиҳавию харҷномавии роҳи автомобилгарди кӯчаи Навбаҳорро ройгон таҳия намуда, назорати иҷрои босифати корҳоро ба роҳ монад.

3.   Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

4.   Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Ҳакимов Н.Ҳ. гузошта шавад.

М. УБАЙДУЛЛОЕВ