Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
22 April 2015

ҚАРОРИРАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №215-1 аз 14.04.2015

                            

Дар бораи баргузории фестивал – намоишгоҳи сеюми

автомобилҳои коллексионии «Авто ретро Душанбе»  

 

Муроҷиати Ташкилоти ҷамъиятии Клуби дӯстдорони автомобилҳо ва мототсиклҳои нодир ва эксклюзивии Тоҷикистон «Авто ретро эксклюзив» таҳти №40-183 аз 27 феврали соли 2015-ро оид ба гузаронидани фестивал–намоишгоҳи сеюми автомобилҳои коллексионӣ дар ҳудуди Маҷмааи савдои «Пойтахт-90» баррасӣ намуда, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 

Қарор мекунам:

1. Ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии Клуби дӯстдорони автомобилҳо ва мототсиклҳои нодир ва эксклюзивии Тоҷикистон «Авто ретро эксклюзив» ба инобат гирифта шуда, барои дӯстдорон ва соҳибмулкони ретро автомобилҳои шаҳри Душанбе санаи          25 апрели соли 2015, аз соати 1000 то соати 1700, дар шаҳри Душанбе фестивал-намоишгоҳи сеюми автомобилҳои коллексионӣ дар ҳудуди Маҷмааи савдои «Пойтахт-90» гузаронида шавад.

2. Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (Қунғуротзода Ф.) таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиётро ҳангоми гузаронидани фестивал-намоишгоҳ таъмин намояд.

3. Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин гардонад.

4. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Ҳакимов Н.Ҳ. гузошта шавад.

                                                                             М. УБАЙДУЛЛОЕВ