Биноҳои истиқоматӣ ва маъмурии лоиҳаи «Диёри Душанбе»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
22 April 2015

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ  № 215-2 аз 14.04.2015

 

Дар бораи  тасдиқи протоколи Комиссияи шаҳрӣ

 

оиди ба роҳ мондани корҳои кандани замин дар хиёбонҳо, кӯчаҳо, роҳҳо ва пиёдароҳҳои шаҳри Душанбе

 

 

           Бо мақсади дар сатҳи меъёрӣ  ба роҳ мондани корҳои кандани замин дар хиёбонҳо, кӯчаҳо, роҳҳо ва пиёдароҳҳои шаҳри Душанбе ҷиҳати гузаронидани коммуникатсияҳои муҳандисӣ, бо инобати  Қарори Раиси шаҳри Душанбе №1-2 аз 9 январи соли 2013 «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қарори Раиси шаҳри Душанбе №97 аз 7 феврали соли 2007 «Дар бораи тасдиқи Қоидаи (тартиби) ба роҳ мондани корҳои кандани замин дар кӯчаҳо, роҳҳо ва пиёдароҳҳои шаҳри Душанбе», мутобиқи моддаҳои 19 ва 20  Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии  ҳокимияти давлатӣ» 

 

                                 

ҚАРОР     МЕКУНАМ:

         1. Протоколи замимагардидаи Комиссияи шаҳрӣ оиди ба роҳ  мондани корҳои кандани замин дар хиёбонҳо, кӯчаҳо, роҳҳо ва пиёдароҳҳои шаҳри Душанбе № 2 аз 27 марти  соли 2015 тасдиқ карда шавад.

          2. Комиссия ҷараёни корҳои сохтмониро мутобиқи талаботи «Қоидаҳои (тартиби) ба роҳ мондани корҳои кандани замин дар хиёбонҳо, кӯчаҳо, роҳҳо ва пиёдароҳҳои шаҳри Душанбе» таҳти назорат қарор дода, риояи  талаботи меъёр ва қоидаҳои бехатарӣ дар роҳро ҳангоми гузаронидани корҳо ва ба ҳолати аввала баргардонидани қитъаи роҳҳои кандашаванда таъмин намояд.

         3. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини   Раиси шаҳри Душанбе   Ҳакимов  Н. Ҳ.  гузошта  шавад.

       М.УБАЙДУЛЛОЕВ