Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
27 April 2015

27 апрели соли 2015 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи васеи кории шаҳрдорӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа, ки бо иштироки масъулини Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар пажӯҳишгоҳҳои илмӣ-лоиҳакашӣ баргузор гардид, дар доираи ҳамкориҳои шаҳрдорӣ оид ба истифодаи дастовардҳои илми тоҷик  дар пешбурди ҳаёти хоҷагидории шаҳр, қабл аз ҳама  гузориши Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ  бобати иҷрои дархости шаҳрдорӣ дар самти коркарду истеҳсоли маҳлулҳои кимиёӣ барои тозакунии ҳайкалу муҷассамаҳои дар шаҳр қоматдошта шунида шуд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев бо сипосмандӣ аз ибтикороти анҷомгирифта, ба масъулини шаҳрдорӣ дастур фармуд, ки дар ҳамкорӣ бо мутахассисону олимони Академияи илмҳо оид ба поксозии ҳайкалу муҷассамаҳо ва сангҳои ороишии онҳо аз намаку ҳаргуна унсурҳои таъсиргузор чораҳои мушаххас андешанд.

Инчунин дар ҷаласа ҳолати иҷрои нақшаи даъват аз шаҳри Душанбе ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурӣ мавриди таваҷҷуҳи Раиси шаҳр қарор гирифта, комиссариятҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳо ва сохторҳои марбута вазифадор карда шуданд, ки бо тақвияти корҳои ҳадафманди таблиғотии оммавӣ иҷрои босифати нақшаи даъватро  пеш аз муҳлат таъмин созанд.

Гузашта аз ин Маҳмадсаид Убайдуллоев муқаррар сохт, ки зимни баргузории «Рӯзҳои шаҳр дар ноҳияҳо», ки шуруъ аз 30 апрели соли ҷорӣ ҳар ҳафта рӯзҳои панҷшанбе, аз субҳ то шом ва ҷамъбаст рӯзҳои ҷумъа аз соати 17-00 то 20-00 ибтидо аз ноҳияи Шоҳмансур, Сино, Фирдавсӣ ва И. Сомонӣ бо иштироки бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе ва роҳбарони аввали сохторҳои шаҳрӣ доир карда мешавад, дар радифи дигар масъалаҳои баррасишаванда, фаъолнокии маҳаллаву шаҳракҳо низ дар ин маъракаи муҳим ба риштаи таҳлил кашида шавад. Ҳамзамон дастур гашт, ки баҳри бардоштҳои амиқ аз натиҷаи фаъолияти муовинони Раиси шаҳри Душанбе - сарпарасти ноҳия, раисони ноҳияҳо, шаҳраку маҳаллаҳо ва мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ оид ба ташкили хизматрасониҳову дар доираи ваколатҳо баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон дар ҷойҳо, тибқи рӯйхати тасдиқгардидаи баргузории Рӯзҳо тавассути сомонаи шаҳрдорӣ www.dushanbe.tj   назарсанҷиҳо ба роҳ монда шавад.

Бо инобати он, ки баҳри аз байн бурдани савдои кӯчагӣ, таъмини бехатарию бе тамбашавӣ таъмин намудани ҳаракати муназзами воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои мошингузари назди КВД «Бозори Шоҳмансур» аз 1 –уми майи соли ҷорӣ дар бозори мазкур фурӯши маҳсулоти хушкмева, асал, маҳсулоти саноатию маводи сохтмонӣ ва хоҷагӣ  ихтисор гардида, барои идомаи фаъолияти соҳибкорон дар КВД «Маҷмааи савдои Пойтахт-90» нуқтаҳои савдо пешбинӣ карда мешавад, дар ҷаласа қарор гардид, ки нахустин иқдомоти «Рӯзҳои шаҳр дар ноҳияҳо» бо ширкати Раиси шаҳр дар маҳаллаи Нисор Муҳаммад бо сокинони фарогири ҳудуди КВД «Бозори Шоҳмансур» доир карда шавад.

Бобати мақсаднок ва марказонидашуда роҳандозӣ намудани ташаббуси эҳсонкорӣ оид ба саҳмгузорӣ дар ободонии роҳҳои дохили шаҳраку маҳаллаҳо дар ҷаласа аз ҷониби Раиси шаҳр  зикр шуд, ки соҳибкорон, роҳбарони сохторҳои худфаъолияти ҷамъиятию субъектҳои хоҷагидорӣ новобаста аз шакл ва тобеияти идоравӣ ва аҳли ҷомеа метавонанд маблағҳои иқдомии худро ба суратҳисоби махсуси Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе 20204972822010100015, суратҳисоби муросилотӣ 22402972000002, МФО 35101800, РМА 020037260, Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати воридоти маблағҳои ройгонӣ  кушода  шудааст, пардохт намоянд ва  натиҷаи воридшавии маблағҳо ҳар ҳафта дастрасӣ оммаи шаҳр гардонида шавад.

Дар ҷаласа дар радифи дигар масоили хоҷагидорӣ ҳамзамон ҷиҳати тақвияти чораҳо оид ба баланд бардоштани фарҳанги шаҳрнишинӣ ва риояи Қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, санитарӣ ва ободонӣ дар шаҳр аз ҷониби сокинон ба масъулин дастурҳои мушаххас ироа гардида, қарор гашт, ки минбаъд дар ҷаласаҳои шаҳрдорӣ пайваста ҳисоботи роҳбарони сохторҳои шаҳрӣ оид ба фаъолияти анҷомдода дар самти иҷрои вазифаҳои хизматӣ баҳри фароҳам овардани шароити арзанда ва инкишофи озодонаи сокинон шунида шавад.

Бо дахли масоили кадрӣ дар ҷаласа Маҳмадсаид Убайдуллоев  ба фаъолони пойтахт Раиси нави  Кумитаи идораи замини шаҳри Душанбе Иброҳимов Тӯрахон Тағоевичро муаррифӣ намуда, директори Муассисаи давлатии “Хоҷагии ҷангал ва боғи маданӣ – истироҳатии “Ғалаба”- и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе Сафаров Ориф Талбаковичро  аз вазифа сабукдӯш намуд.