Душанбешаҳр
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
28 April 2015

ҚАРОРИ РАИСИ ШАХРИ ДУШАНБЕ № 224 аз 25.04.2015      

 

        Дар  бораи  муваққатан қатъ намудани  оби

         нӯшокии қубури д-300мм, воқеъ дар кӯчаи

Айнӣ, нохияи Шохмансур  

 

         Бо мақсади таъмини иҷрои корхои сохтмонӣ дар иншооти «Сохтмони бинои баландошёнаи истиқоматӣ бо таххона, ҷойгиркунии маркази савдою хизматрасонӣ дар ду ошёнаи аввали он ва бунёди таввақуфгохи зеризаминии дуқабата дар худуди заминхои бинохои бартарафшавандаи ду ошёнаи асосӣ ва ду бинои ёрирасони якошёнаи Дармонгохи данонпизишкии №1-и Раёсати тандурустии шахри Душанбе, воқеъ дар кӯчаи Айнӣ 32», мутобиқи моддахои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти махаллии хокимияти давлатӣ»

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

1.                Нақшаи чорабинихои замимагардидаи ҶДММ «Эъмор» ва Корхонаи вохиди давлатии «Обу корези Душанбе» оид ба муваққатан  аз соати 20:00 рӯзи 28 то соати 10:00 рӯзи 29 апрели соли 2015 қатъ намудани интиқоли оби нӯшокии қубури д-300 мм, воқеъ дар кӯчаи Айнӣ ҷонибдорӣ карда шавад.

2.                Ба инобат гирифта шавад, ки дар ҷараёни пайваст намудани    қубури д-300 мм ба қубурхои амалкунанда воқеъ дар кӯчаи Айнӣ, интиқоли оби нӯшокӣ ба қисматхои алохидаи махаллахои ахолинишини нохияи Шохмансур: кӯчахои А. Дониш, Н. Мухаммад бо гузаргоххояш, Адхамов, Айнӣ (аз мехмонсаройи «Пойтахт» то кӯчаи А. Дониш), гузаргохи 1-уми Айнӣ, М. Собирова ва кӯчаи Дехлавӣ қатъ мегардад. 

3.                Аз сокинони кӯчахои зикргардида хохиш карда мешавад, ки миқдори лозимаи оби нӯшокиро барои 12 соат захира намоянд.

4.                Раиси нохияи Шохмансур  (Бобоев С.К.) ва директори Корхонаи вохиди давлатии «Обу корези Душанбе» (Исупов Ф.А.) дар давраи иҷрои корхои ба нақша гирифташуда, бо истифода аз мошинхои обкашӣ сокинони махаллахои номбурдаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд.

5.                Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шахри Душанбе (Хабибов А.) ҷараёни иҷрои корхои таъмирӣ ва таъмини ахолиро бо оби нӯшокӣ мутобиқ ба талаботхои санитарӣ тахти назорат қарор дихад.

6.                Шуъбаи тахлилӣ ва иттилоотии дастгохи Раиси шахри Душанбе инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути воситахои ахбори омма таъмин намояд.

7.                Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми  Раиси шахри Душанбе Хайруллоев Н. гузошта шавад.

М.УБАЙДУЛЛОЕВ