Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
28 April 2015

ҚАРОРИ РАИСИ ШАХРИ ДУШАНБЕ№218-2 аз14 апрели соли 2015

 

Дар бораи таъсиси Шӯрои байниидоравии ҳамоҳангсоз оид ба химояи хуқуқи истеъмолкунандагон дар шахри Душанбе

 

Бо мақсади ба танзим даровардани муносибатхои байни истеъмолкунандагон ва истехсолкунандагон, иҷрокунандагон ва фурӯшандагон хангоми фурӯши мол, иҷрои кору хизматрасонӣ, химояи хуқуқи истеъмолкунандагон зимни харидории мол, иҷрои кору хизматрасонии дорои сифати муносиб ва барои хаёту саломатии истеъмолкунандагон бехатар, таъмини дастрасии маълумот оид ба мол, кору хизматрасонӣ, ба таври комплексию сохторӣ амал ва расидагӣ намудан ба арзу муроҷиатхои истеъмолкунандагон, масъалахои пешгирӣ аз воридшавӣ ва дар муомилот қарор доштани махсулот, кору хизматрасонӣ, ки бо талаботи меъёрхои қонунгузории кишвар номувофиқатӣ дошта, амнияту манфиатхои истеъмолкунандагон, рақобату муносибатхои солими муомилотиро дар худуди марзию маъмурии шахри Душанбе халалдор месозанд, инчунин ҷихати иҷрои Қарори Раиси шахри Душанбе №59 аз 3 феврали соли 2015 «Дар бораи тадбирхои иловагии Мақомоти иҷроияи махаллии хокимияти давлатӣ дар шахри Душанбе дар самти химояи хуқуқи истеъмолкунандагон» мутобиқи моддахои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти махаллии хокимияти давлатӣ» ва моддаи 41 Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи химояи хуқуқи истеъмолкунандагон»

ҚАРОР МЕКУНАМ

1.       Шӯрои байниидоравии хамохангсоз оид ба химояи хуқуқи истеъмолкунандагон таъсис ва Низомномаву хайати он тибқи замимахои №1 ва №2 тасдиқ карда шаванд.

2.       Муовини якуми Раиси шахри Душанбе, муовинони Раиси шахри Душанбе, рохбарони раёсату шуъбахо ва корхонаву муассисахои ба хайати Шӯро шомилбуда барои дар доираи хадафхои низомномавии Шӯро, бо истифода аз иқтидори тамоми сохторхои тахти рохбариашонбуда ва масъулиятхои тибқи қонунгузорӣ ваколатдоштаашон бобати самаранок ба рох мондани фаъолият ва ба таври фарогиру системавии хамкорихои байниидоравӣ таъмин намудани риояи талаботхои қонунии манфиатхои истеъмолкунандагон, бехтар намудани холати дастрасии ахолии шахри Душанбе ба молу махсулот ва иҷрои кору хизматрасонии босифат тадбирхои ҷиддӣ андешанд.

3.       Шуъбаи тахлилӣ ва иттилоотии дастгохи Раиси шахри Душанбе (Хамроев Д.Т.) инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути расонахои хабарии электрониву чопӣ таъмин намояд.

4.       Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шахри Душанбе сарпарасти соха гузошта шавад.

                                                                              М. УБАЙДУЛЛОЕВ