Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
28 April 2015

28 апрели соли 2015 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев Сафири навтаъиншудаи Фавқулодда ва Мухтори  Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Хью Стэнли Филпоттро бо хохиши ӯ ба ҳузур пазируфт.

Дар ҷараёни мулоқот Маҳмадсаид Убайдуллоев изҳори боварӣ намуд, ки бо фаъолияти ӯ дар ин вазифаи пурмаъсулияти дипломатӣ, ки дар кишвари мо шурӯъ кардааст, сатҳи ҳамкориҳои гуногунҷабҳа, пеш аз ҳама дар самти густариши муносибатҳои байнипарламентӣ миёни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парламенти Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ боз ҳам тақвияти тоза касб хоҳад намуд.

Илова ба он, Маҳмадсаид Убайдуллоев зикр сохт, ки имруз бо истифода аз воқеияти муносибатҳо зарурате пеш омадааст, ки парламентҳо бо ташкили кули заминаҳои ҳуқуқӣ барои таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба, алалхусус ҷалби бештари бахши иқтисод ва тиҷорати Британияи Кабир дар лоиҳаҳои инвеститсионии Тоҷикистон, зиёд намудани шумораи корхонаҳои муштарак, квотаҳои мавҷуда барои донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар мактабҳои олии Британияи Кабир, пеш аз ҳама Оксфорд, Кембридж, Мактаби тиҷоратии Лондон, кушодани филиали донишгоҳҳои олӣ ва инчунин таъсиси литсейҳои британӣ дар Тоҷикистон потенсиали хешро бештар сафарбар намоянд. Дар ин раванд бояд фаъолияти гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории байнипарламентии навтаъсисёбанда минбаъд ҳадафрас бошад.

Раиси Маҷлиси миллӣ дар бораи нахустин сафари расмии хеш ба Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ, доир ба мулоқоту вохӯриҳо бо роҳбарияти палатаҳои Парламенти ин кишвар, шиносоӣ аз Парламенти Британия, Парламенти Шотландия гуфта гузашт.

Бо дахли масоили Афѓонистон таъкид карда шуд, ки қазияи ин кишвари азияткашида танҳо таввасути мусоидат ба рушди иқтисодиёт, соҳаҳои инфрасохторӣ, маориф, ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ метавонад ҳал гардад.

Ҳамзамон, доир ба пурзур намудани мубориза алайҳи даъватҳои номатлуби муосир, аз ҷумла терроризми байналмилалӣ, гардиши ѓайриқонунии маводи мухаддир, ҷинояткории муташаккилона, эктремизм дар ҳама зуҳуроташ махсусан таъкид карда шуд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев масъалагузорӣ намуд, ки муфовиқи мақсад мебуд агар аз ҷониби Ҳукумати Британияи Кабир ба имзо расонидани Созишномаҳои байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодию илмӣ-техникӣ, қадргардонӣ ва ҳимояи дуҷонибаи сармоя, худдорӣ намудан аз андозбандии дукарата ва пешгирии канораҷӯӣ аз пардохти андозҳо аз даромад ва сармоя, ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шудааст, тезонида шавад ва изҳори боварӣ намуд, ки дар ин ҷода бечунучаро саҳми ҷаноби Сафир назаррас хоҳад буд. 

Ҷаноби Хью Стэнли Филпотт аз пазироӣ ва муҳтавои мулоқоти анҷом гирифта изҳори сипос намуда, дар навбати худ ҷараёни интихоботи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқро, ки моҳи марти соли ҷорӣ баргузор гардид, нек арзёбӣ намуд ва афзуд, ки ҷиҳати таҳкиму ҳамкориҳои дуҷониба, алалхусус байнипарламентӣ тадбирҳои судмандро анҷом медиҳад.

Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум ва созанда ба итмом расид.