Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
2 May 2015

2 майи соли 2015 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи кории ихтисосии шаҳрдорӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа бо инобати он, ки баҳри аз байн бурдани савдои кўчагӣ, аз рўи таъинот роҳандозии хизматрасониҳо, таъмини бехатарию бе тамбашавӣ таъмин намудани ҳаракати муназзами воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои мошингузари назди КВД «Бозори Шоҳмансур» аз 1 –уми майи соли ҷорӣ дар бозори мазкур фурўши маҳсулоти хушкмева, асал, маҳсулоти саноатию маводи сохтмонӣ ва хоҷагӣ  ихтисор гардида, барои идомаи фаъолияти соҳибкорон дар КВД «Маҷмааи савдои Пойтахт-90» нуқтаҳои савдо пешбинӣ карда шуд,  аз ҷониби Маҳмадсаид Убайдуллоев масъалаи ҳимояи ҳуқуқи соҳибкорони мавриди таваҷчуҳ  ва бо ҷойҳои корию нуқтаҳои савдо ва инфрасохтори хизматрасонӣ таъмин намудани онҳо дар КВД «Маҷмааи савдои Пойтахт-90» ва дигар бозорҳои коммуналии шаҳр баррасӣ гардид.

Дар иртибот ба ин дастур гашт, ки таҳти сарварии муовини соҳавии Раиси шаҳр Шуҳрат Мақсудзода дар муҳлати ду рўз ҷойи кории соҳибкорон бо шароити хуби фаъолият ва назорати сифати баланди хизматрасонӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар КВД «Маҷмааи савдои Пойтахт-90» фароҳам оварда, нақшаи хатсайрҳои воситаҳои нақлиёти ҷамъиятии мусофиркашонӣ таҷдиди назар карда  шавад.

Дар ин зимн барои аз рўи фаъолияти таъинотӣ минбаъд то фарорасии муҳлати татбиқи Нақшаи генералӣ дар ин мавзеъ  фаъол кардани  хизматрасонии КВД «Бозори Шоҳмансур» масъулини шаҳрдорӣ ва мақомоти марбутаи ҳифзи ҳуқуқ аз ҷониби Раиси шаҳр вазифадор карда шуданд, ки ҳар кадоме дар доираи ваколатҳои худ ҳуҷҷатҳои таъсисии бозор ва ҳуқуқмуайянкунандаи иншооти дар ҳудуди он бо ҳар восита то ба имрўз бунёдгардидаро мувофиқ ба талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ комилан таҳқиқ намоянд.

Инчунин дар ҷаласа қарор гардид, ки роҳи кўчаи Деҳлавӣ таъмир ва барои халалдор накардани раванди таълим дар муассисаи таҳсилоти умумии №65 ҳаракати воситаҳои нақлиёти боркашонӣ тавассути он манъ дошта шавад.

Дар ҷаласа Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷуҳи бештарро ба баланд бардоштани сифати хизматрасониҳо, пешниҳоди молу маҳсулоти хушсифат ба мизоҷон, аз байн бурдани субъектҳои таъсиррасони монополистӣ ба болоравии нархи маҳсулот нигаронида, зикр сохт, ки дар шаҳр баҳри ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва фароҳам овардани имконият ва шароитҳои арзанда барои инкишофи озодонаи сокинон марҳилаи ба низом даровардани ҳаёти ҷамъиятӣ ва хоҷагидорию  хизматрасонӣ беш аз ҳарвақта тавсеаву тақвият дода мешавад.

Худи ҳамин рўз, вобаста ба анҷом расидани марҳилаи аввал, яъне итмом ёфтани корҳои сохтмонӣ дар иншооти беназири Муассиси давлатии «Маҷмааи тандурустии Пойтахт-90», ки аз ҳисоби маблағҳои буҷети шаҳр сурат гирифтааст, бо мақсади вусъати раванди таҷҳизонидани муассисаи мазкур бо дастгоҳу таҷҳизоти тиббӣ  бо иштироки вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Салимзода, масъулини дахлдор ва пудратчиёни ғолиби озмуни марбутаи шаҳрдорӣ дар ин хусус, Раиси шаҳр ҷаласа доир намуд.

Бо инобати он, ки таҷҳизоти муосири тиббӣ аз рўи охирин таҷриба ва дастовардҳои ҷаҳонии соҳаи тандурустӣ аз рўи 27 лот харидорӣ мегарданд, Маҳмадсаид Убайдуллоев муқаррар сохт, ки дилхоҳ таҷҳизот мувофиқ ба шартҳои тендерӣ бояд бевосита аз суъбектҳои истеҳсолкунанда, ки дорои сертификат ва кафолати сифату истифодабаридошта мебошанд, бе миёнаравҳо харидорӣ ва дастрас карда шаванд. 

Набояд гузошт, ки аз ин харид, ки аз ҳисоби буҷети шаҳр баҳри табобат ва ҳифзи саломатии сокинони шаҳр равона шудааст ширкатҳои миёнарав манфиатдор гарданд.