Маркази барқу гармидиҳии -2 Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
1 May 2015

Cадоқат ба Ватан ва иҷрои уҳдадориҳои шаҳрвандӣ яке аз муқаддастарин  вазифаҳои ҳар фарди ҷомеа маҳсуб меёбад, ки хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ аз ҷониби ҷавонони синну соли даъватӣ беназиртарин  масъулияти шаҳрвандист.

Маъракаи даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ имрўзҳо дар саросари кишвар бо вусъат ва дар руҳияи ифтихормандонаву муташаккилона идома дорад.

Дар шаҳри Душанбе низ  чун ҳамасола ин маърака таври густарда ҷараён гирифт. Тибқи иттилои  Комиссариати ҳарбии шаҳри Душанбе, нақшаи даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ватани маҳбубамон дар пойтахт 30 апрели соли ҷорӣ пеш аз муҳлати муқарраршуда иҷро гардид.

Зимнан ба тамоми наваскарон шаҳрдории Душанбе  дар роҳи ҳифзи марзу буми Ватан баҳри иҷрои вазифаҳои ҷавонмардонаашон далерӣ, ҳушёрию чолокӣ ва матонату комёбиҳо орзуманд аст.