Душанбешаҳр
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
4 May 2015

Қарори раиси шаҲри Душанбе №238 аз 30.04.2015

Дар бораи ҷудо намудани маблағ

Бо муносибати ҷашни 70-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, гиромидошти хотираи қаҳрамонони ҷанг, баланд бардоштани ифтихори ватандорӣ, дар рӯҳияи матонату далерӣ тарбия намудани шаҳрвандон, дастгирии иҷтимоии иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, маъюбони садамаи Нерӯгоҳи барқӣ-атомии Чернобил ва амалиётҳои ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар (Афғонистон), оилаҳое, ки саробони онҳо ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионӣ ҳалок гардидаанд,  мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ветеранҳо»  ва моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

 

Қарор мекунам:

1.     Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе (Кенҷаев Д.М.) барои пардохти кумакпулии якдафъаина аз ҳисоби фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе 716 100 (ҳафтсаду шонздаҳ ҳазору сад) сомонӣ ба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва ҳамсарони ҷанговарони дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳалокгардида, ки дар шаҳри Душанбе истиқомат мекунанд, ба ҳар кадоме ба андозаи 1000 (ҳазор) сомонӣ ва ба муҳосирабудагони шаҳри Ленинград, шахсони бо ордену медалҳои ҳарбӣ дар ақибгоҳ солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ сарфарозгардида, шахсоне, ки зиёда аз шаш моҳ дар акибгоҳ, дар давраи  Ҷанги Бузурги Ватанӣ кор кардаанд, маъюбони амалиётҳои ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар (Афғонистон), маъюбони садамаи Нерӯгоҳи барқӣ-атомии Чернобил, оилаҳое, ки саробони онҳо ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионӣ ҳалок гардидаанд, ба ҳар кадоме ба андозаи  700 (ҳафтсад) сомонӣ мутобиқи замима ҷудо намуда, бо роҳи ҳисоббаробаркунӣ ба буҷети ноҳияҳои шаҳри Душанбе гузаронад.

 

2.     Муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе маблағҳои ҷудогардидаро ба иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании шаҳри Душанбе зимни аёдати шахсӣ дар манзили истиқоматиашон, бо тантана аз номи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе на дертар аз 7 майи соли ҷорӣ супоранд.

3.     Аз роҳбарони идораву муассиса ва ташкилоту корхонаҳои дар шаҳри Душанбе ҷойгирбуда хоҳиш карда шавад, ки дар арафаи Рӯзи Ғалаба ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, оилаҳое, ки саробони онхо ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионӣ ҳалок гардидаанд, кумаки моддӣ расонанд.

4.      Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе  тавассути васоити ахбори омма  инъикоси васеи Қарор, омодагӣ ва таҷлили 70-умин солгарди Рӯзи Ғалабаро дар шаҳри Душанбе таъмин намояд.

5.      Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Лангариева Ҷ. С. гузошта шавад.

М.Убайдуллоев

 

Ҳисобнома

 

  оид ба пардохти кумаки якдафъаина ба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва ҳамсарони ҷанговарони дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳалокгардида ва ба муҳосирабудагони шаҳри Ленинград, шахсони бо ордену медалҳои ҳарбӣ дар ақибгоҳ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ сарфарозгардида, шахсоне, ки зиёда аз шаш моҳ дар акибгоҳ дар давраи  Ҷанги Бузурги Ватанӣ кор кардаанд, маъюбони амалиётҳои ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар (Афғонистон), маъюбони садамаи Нерӯгоҳи барқӣ-атомии Чернобил, оилаҳои шахсоне, ки ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионӣ ҳалок гардидаанд