Театри Опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ таърихи 70-сола дошта, яке аз театрҳои аввалини Душанбе ба ҳисоб меравад.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
4 May 2015

4 майи соли 2015 дар толори маҷлисгоҳи КВД «Маркази равобити пойтахт» таҳти раёсати Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев  ҷаласаи васеи кории шаҳрдорӣ бо иштироки роҳбарони сохторҳои марбутаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, шӯроҳои шаҳраку маҳаллаҳо, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, ҳифзи ҳуқуқ, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақта, институтҳои шаҳрвандӣ ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр баргузор гардид.

Қабл аз ҳама дар ҷаласа Маҳмадсаид Убайдуллоев аз номи роҳбарияти мақомоти иҷроия ва намояндагии шаҳри Душанбе дар расми тантанавӣ собиқ муовини  Раиси шаҳри Душанбе Қурбонова Руқия Атоевна ва  раиси ноҳияи Сино – Сафаров  Зафар Абдуллоевичро бо Қарорҳои марбутаи Раиси шаҳри Душанбе аз 30 апрели соли 2015 барои хизмати шоиста дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе бо Ифтихорномаҳои шаҳри Душанбе ва мукофотҳо қадрдонӣ намуд.

Гузашта аз ин, дар ҷаласа Маҳмадсаид Убайдуллоев бо изҳори сипосмандӣ аз фаъолияти арзандаи собиқ кормандони масъули дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе - Давлатов  Карим Сафарович, Маликов Самад ва Нуриддинов Шамсиддин, ки ба нафақа баромадаанд, ҳар кадомеро бо туҳфаҳои хотиравии шаҳрдорӣ сарфароз гардонида, дар рӯзгор ва фаъолияти минбаъдаашон оид ба пешбурди корҳои ҷамъиятӣ дар роҳи вусъати тадбирҳои ободонию созандагӣ дар шаҳр  барору комёбиҳо орзу намуд. 

Ҳамзамон дар ҷаласа ба фаъолони пойтахт оид ба як идда таѓйироти кадрии дар асоси фармонҳо ва  мувофиқаи Президенти мамлакат, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳањмон ва қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе дар сатҳи роҳбарияти шаҳр, ноҳияҳо ва сохторҳои шаҳрӣ андешида иттилоъ дода шуд, ки мутобиқ ба он Расулов Ашӯрбек Раҳматуллоевич - муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе, Лангариева Ҷамила Салмоновна, Самадов Шакарбек Додхоевич ва Мақсудзода Шӯҳрат  муовинони  Раиси шаҳри Душанбе ва Алиев Саиднуриддин Акрамович  - иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Сино, Табаров Ҷамшед Авзалович - иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Фирдавсӣ, Сиёмардзода Сайдамир - иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Шоҳмансур, Иброҳимов Тӯрахон Таѓоевич - раиси  Кумитаи идораи замини шаҳри Душанбе ва Қурбонов Нуриддин Буриевич –сардори Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосию ҷории роҳҳою кӯпрукҳои ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе» муаррифӣ карда шуданд.

Дар иртибот ба ин Маҳмадсаид Убайдуллоев аз кадрҳои тозатаъин ва муаррифишуда даъват ба миён овард, ки баҳри ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва фароҳам овардани имконият ва шароитҳои арзанда барои инкишофи озодонаи сокинон, дар марҳилаи беш аз ҳарвақта тавсеаву тақвият бахшидани раванди созандагӣ, бунёдкорӣ ва хоҷагидорию хизматрасонӣ дар шаҳр, тамоми зарфият ва малакаи касбиро дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ сафарбар созанд.

Дар ҷаласа бо дахли дигар масоили хоҷагидории шаҳр, оид ба муташаккилона ва  ҳадафманд то ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ баргузор намудани Рӯзҳои шаҳри Душанбе дар шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияҳои шаҳр, фарогирии васеи аҳли ҷамоатчигӣ, субъектҳои хоҷагидорию институтҳои шаҳрвандӣ тавассути эҳсонкорӣ ба ободонии роҳҳои дохили маҳаллаву шаҳракгузар, ѓанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ, таъмини ҳатмии муқаррароти қонунгузорӣ дар самти истифодабарии замин, дастрасии сокинон ба хизматрасониҳо, баҳри татбиқи Нақшаи генералӣ аз ҳудуди шаҳр берун баровардани мошинбозор, пешгирии зиёдаравиҳо дар иҷрои русуми адёнӣ ва таблиѓоти бегона, вазъи зиддисӯхторӣ ва омода будан ба ҳолати фавқулода дар ташкилоту идораҳо, аз ҷониби Раиси шаҳр ба масъулини дахлдор бо муқаррар намудани муҳлати иҷрои корҳо дастуру супоришот ироа гардиданд.

Зимни шунидани гузориши сардори Ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании шаҳри Душанбе Муҳаммадҷон Кенҷаев оид ба роияи муқаррароти марбута дар муассисаҳои зертобеи Раёсати маорифи шаҳри Душанбе дар ҷаласа аз ҷониби Раиси шаҳр сардори Раёсати мазкур вазифадор карда шуд, ки баҳри рафъи камбудиҳои ошкоргардида чораҳои таъхирнопазир ва нисбати масъулин фавран тадбирҳои кадрӣ андешад.

Дар ҷаласа ҳамчунин масъулини шаҳрдорӣ вазифадор карда шуданд, ки бобати дар Соли оила ва фароху муосиртар намудани дастрасию имкониятҳои сокинони шаҳр ба ҳифзи саломатӣ, ба истифода супоридани иншооти беназири Муассисаи давлатии «Маҷмааи тандурустии Пойтахт-90» бо дастгоҳу таҷҳизоти тиббии замонавӣ  тадбирҳои судмандро роҳандозӣ намоянд.

Дар фарҷоми ҷаласа аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев тибқи анъана қабули шаҳрвандоне, ки муроҷиатҳояшон дар сатҳи  муовинони Раиси шаҳр ва раисони ноҳияҳо ҳалли худро пайдо накардаанд сурат гирифт ва дар доираи салоҳияти шаҳрдор муроҷиати ҳар кадоме баррасию қонеъ  карда шуданд.

Дар идома бар он, бо вуҷуди ҳамарӯза қабул ва мавриди баррасӣ қарор доштани муроҷиатҳои шаҳрвандон тавассути сомонаҳои иҷтимоӣ ва почтаи электронии шаҳрдорӣ, инчунин тариқи шуъбаи муроҷиат ва қабули шаҳрвандони дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе дастур гардид, ки баҳри баровардагии ниёзҳои сокинон қабули шаҳрвандон таври васеъ ва муосир чун анъана  зимни  баргузории  «Рӯзҳои шаҳри Душанбе дар ноҳияҳои он» дар шаҳраку маҳаллаҳо  низ доир карда шаванд.