Шаршара дар Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
28 July 2010

27 июли соли 2010 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе  таҳти раёсати  Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи корӣ бо иштироки раисони комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва масъулини сохторҳои шаҳрӣ  баргузор гардид.

Дар ҷаласа қабл аз ҳама аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе  масоили вазъи дастрасии аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, хизматрасонии нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ, таъминоти бозори истеъмолӣ ва нарху наво дар бозорҳои шаҳр, ҳолати роҳҳо ва дигар муроҷиатҳои шаҳрвандон тавассути телефонҳои боварии навбатдории шабонарӯзии шаҳрдорӣ воридгардида мавриди баррасии амиқ қарор гирифтанд.

Зимни натиҷагирӣ аз гузоришҳои масъулин аз ҷониби Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷӯҳи директори КВД «Обу корези Душанбе» Хайруллоев Н. ба баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба муштариён ва сифати оби истеъмолии пешниҳодшаванда нигаронида шуда, дастур гардид, ки дар доираи талаботи қонунгузории кишвар оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон новобаста аз мавсими  сол хизматрасониҳоеро, ки аз вазифаҳои таъинотии корхона бармеоянд тақвият бахшида, ҷиҳати ҳаллу фасли муроҷиатҳои шаҳрвандон фаъолияти гурӯҳҳои рафъи садамаро зери назорати қатъӣ қарор диҳад.

Бо мақсади ташкили назорати ҷамъятӣ аз фаъолияти КВД «Обу корези Душанбе» муқаррар карда шуд, ки дар мӯҳлати ду ҳафта комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе  оид ба масъалаҳои меъморӣ, шаҳрсозӣ, сохтмон ва ободонӣ бо сарварии раиси он Абдурасулов А. – ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ баҳри ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон санҷиши дахлдорро дар биноҳои истиқоматии баландошёнаи шаҳр вобаста ба ҳолати интиқоли оби нӯшокӣ анҷом дода, аз натиҷаи корҳои суратгирифта ҷиҳати тасмимгирии шаҳрдорӣ гузориш ирсол намояд.

Яке аз масъалаҳои мубрами ҷаласа, ки вазъи хизматрасонии нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ маҳсуб мерафт мавриди таваҷҷӯҳи хосаи Раиси шаҳр қарор гирифт.

Зимнан бо дар назардошти дар қаламрави шаҳр айни ҳол бо мақсади татбиқи  Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 507 аз 31августи соли 2009 «Оид ба ворид намудани таѓйиру иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» корҳои омодагӣ шурӯъ гардида, дар асоси он аз 31 августи соли 2010 фаъолияти микроавтобусҳои навъи ба истилоҳ «тангем» баҳри таъмини амнияти мусофирон ва дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ ба пуррагӣ манъ дошта мешавад, ба масъулин дастур гардид, ки дар мӯҳлати як моҳи боқимонда оид ба иҷрои ин амалкард тамоми паҳлӯҳои пешниҳоди нақлиёти алтернативиро ба баровардани эҳтиёҷоти мусофирон баррасӣ намуда, нагузоранд, ки дар ин самт  шаҳрвандон ҷиҳати дастрасӣ ба нақлиёт мушкилот эҳсос намоянд.

Ҳамзамон комиссияи  доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оиди мусоидат ба шуѓли аҳолӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва рушди соҳибкорӣ таҳти раёсати А. Ҳабибов – раиси созмони ҷумҳуриявии «Дӯстони Россия» муваззаф карда шуд, ки воқеияти фаъолияти нақлиёти мусофиркшонии коммуналиро дар тамоми хатсайрҳои амалкунандаи Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон» дар мӯҳлати ду ҳафта мавриди санҷиш қарор диҳад.

Баҳри тақвияти фаъолияти хизматрасонӣ ва такони тоза бахшидан дар низоми хоҷагидории тамоми сохторҳои шаҳрию ноҳиявӣ дар самти иҷрои вазифаҳои таъинотӣ дар ҷаласа аз ҷониби Раиси шаҳр муқаррар карда шуд, ки бино аз 1 августи соли 2010 таври доимӣ тибқи реҷаи қаблан дар воситаҳои ахбори оммаи шаҳрӣ дарҷшаванда Рӯзи шаҳр дар таносуби ноҳияҳо ва сохторҳои марбута баргузор карда шавад.

Мутобиқ ба Муроҷиатномаи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати чорум ба сокинони пойтахт аз 15 марти соли 2010   муқаррар гардид, потенсиали институти намояндагӣ дар рушди ҳаёти иҷтимоии шаҳр бештар сафарбар гардад.

Бо дастрсӣ аз ин ҳадаф пеш аз ҳама дар самти ѓановати бозори истеъмолӣ, барчидани унсурҳои номатлуби ба болоравии нархи маҳсулот таври стихиявӣ таъсиркунанда, фаъолияти КВД «Савдо ва бозорҳои шаҳр»  ва бозорҳои зертобеи он дар иҷрои барномаҳои шаҳрдорӣ мавриди таваҷҷӯҳи доимии комиссияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, санитарӣ ва бойторӣ бо роҳбарии И. Сатторӣ – ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон  ва «Гӯшаҳои деҳқон» таҳти садорати вакил С. Таѓоймуродова – директори ширкати туристии «Азия тур» қарор дода шавад. Ҳамчун иқдоми нахустин дастур гашт, ки дар тамоми бозорҳои коммуналӣ омӯзиш ва фаъолияти минбаъдаи кормандони масъули чекчинӣ  мавриди баррасӣ ва хулосабарорӣ қарор дода шавад.

Назорати роияи реҷаи кории субъектҳои хизматрасонӣ баҳри таъмини осудагии сокинон ва меҳмонони шаҳр ба зиммаи комиссияҳои Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва мубориза бар зидди коррупсия бо сарварии Г. Шарипова- директори КВД «Маркази равобити пойтахт», истифодаи барқ дар корхонаҳои саноатию субъектҳои истеҳсолӣ ба дӯши раиси Комиссия оид ба масъалаҳои саноат ва энергетика С. Шарипов- сардори Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетикаи Вазорати саноат ва энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, реклама ва ороиши мавзӯии шаҳр ба ӯҳдаи раиси Комиссия оид ба масъалаҳои сиёсати ҷавонон, рушди варзиш ва сайёҳӣ Н. Алимаҳмадова – корманди маҷаллаи «Истиқбол» ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» ва кор бо ҷомеа ба масъулияти раиси Комиссия оид ба ҳамкорӣ бо ташкилотҳои худфаъолияти ҷамъиятӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятию ҳизбҳои сиёсӣ, воситаҳои ахбори омма ва ташкилотҳои динию ѓайриҳукуматӣ А. Самадов- муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон вогузор карда шуд.

Идома ба  он зикр гардид, ки барои қабули муроҷиати шаҳрвандон, аз қабили дастрасӣ ба оби нӯшокӣ, нақлиёти ҷамъиятӣ, ѓановати анвои маҳсулоти хушсифат дар бозорҳои зертобеи КВД «Савдо ва бозорҳои шаҳр» тавассути телефонҳои боварии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе 223-22-14, 221-26-95 навбатдории вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он ба роҳ монда шавад.

Инчунин дар ҷаласа бобати омодагии ҳамаҷонибаи сохторҳои марбутаи коммуналию муҳандисӣ ва фонди манзилӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони дарпешистода, дар ҳолати хуби коршоямӣ нигоҳ доштани роҳҳо, сифати хуби корҳои таъмиру барқарорсозии онҳо, барориши саривақтии партовҳои маишӣ, рафти корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнӣ ва 130 хонаҳои истиқоматии аз шаҳри Душанбе барои шаҳрвандони аз офати табиӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб бунёдшавада ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.