Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
5 May 2015

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои ишғоли вазифаи сардори Муассисаи давлатии Раёсати хоҷагии ҷангал ва боғи маданӣ – истироҳатии «Ғалаба»-и Мақомоти иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри  аз  4 май то 4 июни соли 2015 озмун бо ҷамъбасти он на дертар аз 9 июни майи соли 2015 эълон менамояд.

        Довталабон барои ишғоли вазифаи холии мазкур ҳуҷҷатҳои  зеринро ба шуъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе пешниҳод намоянд:

 

- аризаи шахсӣ ба унвони Раиси шаҳри Душанбе;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи  4X6 );

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

- маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли  086 УЕ;

- нусхаи шиноснома;

- маълумотнома дар шакли электронӣ (резюме).

       

       Довталаб бояд ҳатман маълумоти олии касбии таҳсили рўзона дошта бошад.

        Ба довталабоне, ки Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур ва ё  донишкадаҳои  хориҷи кишварро бо ихтисоси хоҷагии ҷангал хатм намуда, таҷрибаи кории роҳбарикунанда доранд, афзалият дода  мешавад.

Муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо то 12  майи  соли 2015.

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ довталабон метавонанд ба шуъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе бо телефони  221-35-68  муроҷиат  намоянд.

 

Қарори раиси шаҲри Душанбе №237  аз 30.04.2015

 

Дар бораи эълон намудани  озмун  барои  

ишғоли   вазифаи    сардори    Муассисаи

давлатии   Раёсати   хоҷагии    ҷангал   ва

боғи маданӣ – истироҳатии  «Ғалаба» - и

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти

давлатӣ дар шаҳри Душанбе

 

         Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

          

ҚАРОР МЕКУНАМ:

         1.Барои ишғоли вазифаи сардори Муассисаи давлатии Раёсати хоҷагии ҷангал ва боғи маданӣ – истироҳатии «Ғалаба»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе  аз 4 май то 4 июн соли 2015 озмун бо ҷамъбасти он на дертар аз 9 июн соли 2015 эълон карда шавад.

        2.Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе    инъикоси Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

       3.Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи роҳбари дастгоҳи  Раиси шаҳри Душанбе Улмасов Ф.У. гузошта шавад.                                              

                                                                              М. УБАЙДУЛЛОЕВ