Муасисаи давлатии «Душанбе Плаза»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
12 May 2015

11 майи соли 2015 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи кории шаҳрдорӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа пеш аз ҳама Маҳмадсаид Убайдуллоев  бо муҳтавои муроҷиатҳои шаҳрвандон, ки тавассути назарсанҷӣ  аз ҷониби институтхои назорати ҷамъиятӣ, қабл аз ҳама фаъолони гуруҳи Фейсбук, ки унвонии  шаҳрдорӣ  ворид гардидаанд, масъулинро баҳри тақвияти фаъолият шинос намуда,  вобаста ба баррасии ҳар кадом  масъалаҳо бо муқаррар кардани муҳлат, дастурҳои мушаххас ироа намуд.

Идома бар он таваҷҷуҳи муовинони соҳавии Раиси шаҳр ва раисони ноҳияҳоро ба натиҷаи ҷамъбасти фаъолияти анҷомгирифта дар чор моҳи аввали соли ҷорӣ, иҷрои нишондодҳои барномавӣ оид ба таъмини рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва ҷамъоварии барзиёди андозҳо ба буҷети шаҳр  нигаронида, дастур фармуд дар ин самт тамоми потенсиали мавҷуда сафарбар карда шавад.

Маҳмадсаид Убайдуллоев бо дахли дигар масоили хоҷагидории шаҳр, аз ҷумла зикр намуд, ки бо инобати оғоз гардидани мавсими боронгариҳо нисбати дар ҳолати хуби корӣ нигоҳ доштани каналу селпарото, ҷӯйбору дигар иншооти муҳандисӣ  тамоми чораҳои воқеиро андешида, фаъолияти гуруҳхои мобилии садамавии сохторҳои марбута зери назорат қарор дода шаванд.

Ҳамзамон бо нигаронӣ таъкид дошт, ки то ҳанӯз таваққуфи беруназмеъёрии воситаҳои нақлиёти мусофиркашони ҷамъиятӣ, бахусус автобус ва троллейбусҳо дар истгоҳҳо ба мушоҳида мерасанд, ки боиси нороҳатии мусофирон гардида, ба танбашавии воситаҳои нақлиёт сабаб мешаванд. Дар ин росто дастур фармуд, ки муовини Раиси шаҳри Душанбе Низом Ҳакимов дар ҳамкорӣ бо институтҳои амалкунандаи назорати ҷамъиятӣ, қабл аз ҳама фаъолони гуруҳи Фейсбук, баҳри рафъи камбудиҳои  зикршудаю чойдошта ва роҳандозии либоси ягонаи ронандагону кондукторон ва фаъолияти ҳамарӯзаи радиоҳои дохилинақлиётӣ чораҳои таъхирнопазир андешанд.

Масъалаи дигаре, ки мавриди таваҷҷуҳи хосаи шаҳрдорӣ дар ҷаласа қарор гирифт, ин вусъати корҳои ободонӣ ва таъмиру барқарорсозии роҳҳои нақлиётӣ ва дохилимаҳаллаву шаҳракгузар тибқи Қарорҳои марбутаи Раиси шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ амалишаванда ва тавассути эҳсонкорӣ бо ҷалби васеи аҳли ҷамоатчигӣ мебошад. 

Инчунин зикр гашт, ки таҳти раёсати муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Ашӯрбек Расулов ҳолати сафолакҳои тамоми роҳҳои пиёдагарду хиёбонҳои шаҳр таҳқиқ ва оид ба истифодаи намудҳои сафолакҳои ҷавобгӯи меъёрҳои стандартӣ ва аз сангҳои ватанӣ истеҳсолшуда оро додани иншооти мазкур  таклифҳо манзур карда шаванд.

Роҷеъ ба Нақшаи генералии амалкунандаи  шаҳри Душанбе, ки бо Қарори Совети Вазирони РСС Тоҷикистон № 382 аз  30 декабри соли 1983 тасдиқ гардидааст ва Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Гипрогор»-и шаҳри Москваи Федератсияи Россия ҳамчун ғолиби озмун корҳои тасҳеҳи онро  тибқи талаботи тендерӣ ба анҷом расонидааст, Маҳмадсаид Убайдуллоев  сохторҳои марбутаро муваззаф сохт, ки онро барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

Ҳамзамон дар ҷаласа аз ҷониби Раиси шаҳр масъалаҳои тақвияти чораҳо оид ба баланд бардоштани фарҳанги шаҳрнишинӣ ва риояи Қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, санитарӣ ва ободонӣ дар шаҳр аз ҷониби сокинон, мақсаднок истифодабарӣ ва пешгирӣ аз ғасби худсаронаи замин, танзими расму оин, вусъати чораҳо оид ба ваъзи зиддисӯхторӣ дар ташкилоту идораҳо ва ҳадафманд роҳандозӣ кардани  маъракаи “Рӯзҳои шаҳр дар ноҳияҳои он”  матраҳ гардида ба масъулин дастуру супоришҳо дода шуданд.

Гузашта аз ин муқаррар сохт, ки ҳар ҳафта, таври доимӣ, рӯзҳои шанбе ҳашари умумишаҳрӣ таҳти шиори «Шаҳри ман- хонаи ман», ибтидо аз ҳар як даромадгоҳи бинову хонаҳои истиқоматӣ дар тамоми кӯчаҳо, шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт зери масъулияти раисони ширкатҳои соҳибмулкони манзил, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ва шӯроҳои шаҳраку маҳаллаҳо  доир карда шаванд.