Душанбешаҳр
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
13 May 2015

Бо мақсади бартараф намудани камбудиҳо дар самти ба низом даровардани ҳаракати нақлиёт дар гирду атрофи Корхонаи воҳиди давлатии «Бозори Шоҳмансур» ва таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳо, аз байн бурдани ҳолатҳои тамбашавии нақлиёт дар кӯчаҳои Нисор Муҳаммад ва Лоҳутӣ, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаҳои 3, 6 ва 41 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон», моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ» 

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

    1.Дар ҳудуди Корхонаи воҳиди давлатии «Бозори Шоҳмансур» фурӯши хушкмева (мавиз, писта, бодом, чормағз, фундук, донаи зардолу, ғулинг, нахуди бирён, анҷир ва дигар меваҳои хушк) ва асал аз 1 майи соли 2015 манъ карда шавад.

   2.Раёсати рушди иқтисод ва савдои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе фурӯшандаҳои меваҳои хушк ва асалро аз ҳудуди КВД  «Бозори Шоҳмансур» ба КВД «Маҷмааи савдои Пойтахт-90» кӯчонида, бо ҷойҳои савдо таъмин намояд.

    3.Корхонаи воҳиди давлатии «Бозори Шоҳмансур» иҷрои  пурраи банди 3 Қарори Раиси шаҳри Душанбе №306 аз 1 июли соли 2011 «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба замимаи Қарори Раиси шаҳри Душанбе №178 аз 4 августи соли 2003 «Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қарори Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи тасдиқ намудани ҷойгиршавӣ ва махсусгардонии бозорҳои дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолияткунанда»-ро таъмин намуда, минбаъд ба фурӯши молҳои саноатӣ роҳ надода, дар ҳудуди бозор танҳо фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, агросаноатӣ ва маводи ғизоиро, бо истиснои маҳсулоти дар банди 1 Қарори мазкур зикргардида, ба роҳ монад.

   4.Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамот-расон» ҳолатҳои таваққуфи дарозмуддати воситаҳои нақлиёти мусофиркаши хатсайрҳои №4,8,16,18 ва 67-ро, ки тариқи роҳҳои гирду атрофи КВД «Бозори Шоҳмансур» мегузаранд, бартараф намуда,  назорати  ҳамарӯзаро дар ин самт  ба роҳ монад.

   5.Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар шаҳри Душанбе нисбати таксиҳои хурди мусофиркаши дар назди КВД «Бозори Шоҳмансур» фаъолиятдошта, дар асоси талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ва қонунгузории амалкунанда, чораҳои зарурӣ андешад.

   6.Раёсати сохтмон ва таъмири асосию ҷории роҳҳою кӯпрукҳои ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе ва пудратчии асосӣ (ҶДММ «Роҳи тоҷик») дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе №50 аз 3 феврали соли 2015 «Дар бораи таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кӯчаҳои магистрали аҳамияти умумишаҳридоштаи Соҳилӣ (аз хиёбони С.Шерозӣ то хиёбони А.Ҷомӣ), Н.Муҳаммад (аз кӯчаи Лоҳутӣ то кӯчаи Дӯстии халқҳо) ва М.Назаршоев (аз хиёбони Рӯдакӣ то кӯчаи А.Дониш)» тибқи нақшаи бамувофиқарасонидашуда, дар вақтҳои кам будани воситаҳои нақлиёт, корҳои сохтмонии боқимондаи роҳ ва пиёдароҳи кӯчаи Нисор Муҳаммадро дар мӯҳлати кӯтоҳтарин ба анҷом расонанд.

   7.Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси  шаҳри Душанбе ҷараёни иҷрои Қарори мазкурро тавассути воситаҳои  ахбори омма инъикос намояд.

   8.Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовинони Раиси шаҳри Душанбе Мақсудзода Ш. ва Ҳакимов Н.Ҳ. гузошта шавад.

М.УБАЙДУЛЛОЕВ