Биноҳои истиқоматӣ ва маъмурии лоиҳаи «Диёри Душанбе»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
14 May 2015

Қарори раиси шаҲри Душанбе № 247 аз 11.05.2015

 

Дар бораи баргузории чорабинии фарҳангӣ

 бо иштироки ситораҳои эстрадаи тоҷик

дар шаҳри Душанбе

 

Муроҷиати Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ИмрӯзNews»-ро таҳти №8-24 аз 15 апрели соли 2015 баррасӣ намуда, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 

Қарор мекунам:

1.      Ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ИмрӯзNews» барои гузаронидани чорабинии фарҳангӣ бахшида ба Соли оила бо иштироки ситораҳои эстрадаи тоҷик 15 майи соли 2015 аз соати 18:00 то 21:00 дар Муассисаи давлатии «Боғи пойтахт» иҷозат дода шавад.

2.     Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Сино, Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе», Шуъбаи фарҳанг, Муассисаи давлатии «Телевизиони пойтахт» ва Муассисаи давлатии «Боғи пойтахт»-и  Мақомоти  иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ИмрӯзNews»  барои дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабинии мазкур чораҳои амалӣ андешанд.

3.     Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  шаҳри Душанбе (Қунғуротзода Ф.Қ.), Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе (Назаров И.Ҳ.) дар ҳамкорӣ бо Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (Нуралиев З.С.) ҷиҳати ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, бехатарии зидди сӯхтор ва таъмини амнияти шаҳрвандон дар ҷойи баргузории ин чорабинӣ  тадбирҳои лозимӣ андешанд.

4.     Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Лангариева Ҷ.С. гузошта шавад.                 

М.Убайдуллоев