Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
15 May 2015

Бо мақсади дастгирии ташаббуси эҳсонкории кормандони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, соҳибкорон, роҳбарони сохторҳои худфаъолияти ҷамъиятию субъектҳои хоҷагидорӣ ва аҳли ҷомеа дар ободонии роҳҳои дохили шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе, ки дар доираи татбиқи барномаҳои иҷтимоии  Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва ҳамкориҳои мутақобила оид ба рушди институти эҳсонкорӣ дар шаҳр амалӣ мегарданд, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ”, моддаҳои 3,4 ва 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи эҳсонкорӣ” 

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

      1.Ташаббуси эҳсонкории кормандони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, соҳибкорон, роҳбарони сохторҳои худфаъолияти ҷамъиятию субъектҳои хоҷагидорӣ ва аҳли ҷомеа дар ободонии роҳҳои дохили шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе қобили қабул дониста шуда хоҳиш карда шавад, ки маблағҳои ихтиёрии эҳсонкориро тавассути суратҳисоби махсуси 20204972822010100015, суратҳисоби муросилотӣ 22402972000002, МФО 35101800, РМА 020037260, Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт намоянд. 

2.Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе (Кенҷаев Д.М.) ва Раёсати андози шаҳри Душанбе (Воҳидов А.А.), оид ба воридоти маблағҳои эҳсонкорӣ на дертар то рўзи панҷуми ҳар моҳ ба Раиси шаҳри Душанбе маълумоти расмӣ ирсол созанд.

3.Муқаррар карда шавад, ки истифодабарии мақсадноки маблағҳои воридгардида тибқи хулосаи комиссияи ҷамъиятии марбута, бо иштироки аҳли ҷамоатчигии шаҳри Душанбе, дар доираи қарорҳои дахлдори Раиси шаҳри Душанбе ва Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ба роҳ монда мешавад.

4.Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

5.Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Мақсудзода Шуҳрат гузошта шавад.

М.УБАЙДУЛЛОЕВ