Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
18 May 2015

18 майи соли 2015 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи кории навбатии шаҳрдорӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа Маҳмадсаид Убайдуллоев  қабл аз ҳама  масоили вазъи  мавҷудаи 119 муассисаҳои томактабии шаҳр ва дар онҳо аз рӯи меъёрҳои амалкунандаи соҳавӣ  фарогирии кӯдаконро матраҳ намуда, зикр сохт, ки то имрӯз бо роҳи ташкили катҳои дуошёна дар ин муассисаҳо мушкилоти аз рӯи талабот фароҳам овардани шароитҳо барои инкишофу тарбияи кӯдакони синни томактабӣ таври дилхоҳ ҳал нагардидааст.

Бо мақсади расидагӣ ва аз байн бурдани мушкилоти мавҷуда, илова бар тадбирҳои раҳнамунсозии маблағҳои буҷетӣ, дар доираи ҳамкориҳои мутақобилаи шаҳрдорӣ ва амалисозии сиёсати давлатии дастгирии соҳибкорӣ ҷалби шахсони воқеию ҳуқуқӣ дар ин раванд солҳост, ки нек роҳандозӣ гардида, тӯли панҷ соли охир  ташаббуси 13 шахсони воқеию ҳуқуқӣ оид ба бунёди муассисаҳои хусусӣ ва дар ошёнаҳои аввали биноҳои бисёрошёнаи истиқоматии сохташаванда ҷойгир намудани марказҳои ингуна таъиннотдошта бо Қарорҳои марбутаи Раиси шаҳри Душанбе дастгирӣ ёфтаанд.

Бо инобати ин, дар ҷаласа Маҳмадсаид Убайдуллоев аз ҷараёни корҳои бунёдӣ дар 13 иншооти мутазаккира, ки бештар маврид фармоишгарони онҳо дар дигар самтҳои сохтмонӣ тибқи Нақшаи генералӣ дар асоси Қарорҳои марбутаи Раиси шаҳр иншоот бунёд менамоянд, изҳори нигаронӣ намуда, муқаррар сохт, ки баҳри вусъати корҳои сохтмонӣ ва дар муҳлатҳои таъиншуда мавриди истифодабарӣ қарор додани ҳар кадоме аз онҳо, фаъолияташон дар дигар иншооти зертавозун муваққатан аз ҷониби Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе манъ дошта шавад. Ҳамзамон зикр гардид, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи салоҳиятдор низ дар ин самт фаъолияти густардаро анҷом диҳад.

Дар ин равобит Маҳмадсаид Убайдуллоев ба масъулини соҳаи сохтмон ва меъмории шаҳр дастур фармуд, ки шуруъ аз 1 июни соли ҷорӣ  дилхоҳ ташаббусҳои сохтмонии шахсони воқеию ҳуқуқӣ дар самти бунёди биноҳои истиқоматии бисёрошёна  танҳо бо пешбинӣ намудани ҷойгиронии чунин марказҳо барои кӯдакон дар  лоиҳаи иншоот баррасӣ карда мешавад.

Гузашта аз ин, дар ҷаласа Раиси шаҳр таваҷҷуҳи масъулин ва субъектҳои соҳибкориро баҳри беш аз ҳарвақта дар доираи муқаррароти қонунгузорӣ таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ нигаронида, бори дигар хотиррасон намуд, ки баҳри рушди соҳибкорӣ  дастгирии истеҳсолтчиёни ватанӣ зимни амалисозии хариди давлатӣ дар дилхоҳ соҳаҳои аз ҳисоби буҷет маблағгузоришаванда чун муқаррароти ҳатмӣ риоя карда шавад.

Ҳамзамон дар ҷаласа вазъи хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ, беҳбудбахшии ҳолати санитарию экологӣ, муттасил тоза кардани шаҳр аз иҳотапанҷараҳо ва ба ҷойи онҳо роҳандозӣ намудани  буттадеворҳои ҳамешасабз, ҳар ҳафта рӯзҳои панҷшанбе мақсаднок баргузор намудани Рӯзҳои шаҳр дар ноҳияҳои он ва рӯзҳои  шанбе таври оммавӣ доир кардани ҳашари умумишаҳрӣ дар шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт таҳти  унвони «Шаҳри ман-хонаи ман» матраҳ гардида, дар иртибот ба ҳар як масъала аз ҷониби Раиси шаҳр ба  масъулин дастурҳо ироа гардиданд.