Душанбешаҳр
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
18 May 2015

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №  239-9 аз 30.04.2015

Дар бораи тасдиқ намудани Нақшаи чорабиниҳои

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ

дар шаҳри Душанбе ҷиҳати ташкили экскурсияҳои

кормандон ба Нерӯгоҳи барқи обии Роғун

 

Бо мақсади иҷрои супориши Протоколии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №1 аз 23 январи соли 2015, банди 27  ва амалисозии ҳадафҳои созандагӣ, ифтихори ватандорӣ аз давлатдории миллӣ, тақвият бахшидани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва ташкил  намудани  экскурсияҳои кормандон барои шиносоӣ бо ҷараёни сохтмони иншооти бузурги аср -Нерӯгоҳи барқи обии Роғун, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 

ҚАРОР    МЕКУНАМ:

1. Нақшаи чорабиниҳои  замимагардидаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷиҳати ташкили  экскурсияҳо ба Нерӯгоҳи барқи обии Роғун тасдиқ карда  шавад.

2. Аз моҳи майи соли 2015 экскурсияи сокинони шаҳри Душанбе, кормандони муассисаву корхонаҳо, зиёиён ва ҷавонони ташаббускору эҷодкор ба Нерӯгоҳи барқи обии Роғун ташкил карда шуда, масъулияти мазкур бо инобати ташкили чорабиниҳои гуногуни фарҳангиву маърифатӣ ва варзишӣ ба хотири истироҳату фароғати сохтмончиёни иншооти бузург  ба зиммаи Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе, шуъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо дигар сохторҳои марбута вогузор карда шавад.

3. Муовини якум, муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе  барои ҷалби тамоми ташкилоту муассисаҳои ҳудуди шаҳри Душанбе ҷиҳати ширкати кормандонашон дар экскурсияи мазкур, дар ҳамкорӣ бо сохторҳои масъул, чораҳои зарурӣ андешанд.

4.Шуъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Пойтахт», «Паёми Душанбе» дар якҷоягӣ бо дигар воситаҳои ахбори омма  баргузории чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ, озмунҳо барои эҷоди асарҳои беҳтарин, барномаҳои телевизионӣ ва филмҳои мустанадро ба роҳ монанд.

5. Шуъбаи таҳлилb ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

6. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Расулов А.Р.  гузошта шавад.

М.  УБАЙДУЛЛОЕВ