«Қасри миллат» - қасри нав дар маркази Душанбе.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
20 May 2015

ҚАРОРИ Раиси шаҳри Душанбе № 223 аз 21.04.2015

 

Дар бораи тадбирҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии

 ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, соҳаҳою

сохторҳои марбута ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр

 ҷиҳати таъмини омодагии ҳамаҷонибаи соҳаҳои

иҷтимоиёту иқтисодиёт ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2015-2016

 

       Бо мақсади таъмини омодагии ҳамаҷонибаи соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, хизматрасонӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, муҳандисии ҳаётан муҳим, системаҳои коммуникатсионӣ, фонди манзилӣ ва бозори истеъмолии шаҳри Душанбе ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2015-2016 ва ба роҳ мондани фаъолияти муътадилу самараноки онҳо дар давраи зимистон, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии  ҳокимияти давлатӣ»

 ҚАРОР      МЕКУНАМ:

1.      Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе баҳри омода намудани соҳаҳои иҷтимоиёту иқтисодиёти шаҳри Душанбе ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2015-2016 ва ба роҳ мондани фаъолияти муътадилу самараноки онҳо дар давраи зимистон тибқи замимаи №1 тасдиқ карда шавад.

2.      Муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, роҳбарони аввали сохторҳои дахлдори шаҳрӣ, субъектҳои манзиливу коммуналӣ, идораҳо, муассисаҳо, корхона ва ташкилотҳои дар ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе фаъолияткунанда, новобаста аз тобеияти идоравӣ ва шакли моликияташон то 15 октябри соли 2015 доир ба саривақт омода намудани соҳаҳои сарпараст, ноҳияҳои шаҳр, иншоотҳои ҳаётан муҳим ва субъектҳои хоҷагидориро ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2015-2016 ва таъмини фаъолияти мунтазами онҳо дар мавсими зимистон чораҳои таъхирнопазир андешида, иҷрои Нақшаи чорабиниҳоро бо масъулияти шахсӣ таъмин намоянд.

3.      Бо мақсади таъмини иҷрои пурра ва сифатноки нақшаи чорабиниҳо, ба роҳ мондани  фаъолияти самараноки сохторҳои гуногуни шаҳрӣ ва ҳамоҳангии фаъолияти онҳо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияҳои шаҳр ва сохторҳои марбутаи ҷумҳуриявӣ ва баррасии фаврии арзу муроҷиатҳои шаҳрвандон дар фасли тирамоҳу зимистони солҳои 2015-2016 Ситоди шаҳрӣ дар ҳайати тибқи замимаи №2 таъсис дода шуда, тартиби баргузории ҷаласаи Ситод  тибқи ҷадвали зерин, яъне:

- аз 8 май то 15 октябри соли 2015, ҳафтае як маротиба (рӯзи ҷумъа соати 1700);

- аз 15 октябр то 1 декабри соли 2015, ду маротиба дар як ҳафта (рӯзҳои чоршанбе ва ҷумъа соати 1700);

- аз 1 декабри соли 2015 то 15 марти соли 2016 ҳаррӯза, рӯзҳои корӣ аз соати 1800, муайян  гардида, ба сардори Ситод ҳуқуқ дода шавад, ки  дар ҳолати зарурӣ дар асоси мувофиқа, роҳбарони  корхонаҳо ва намоядагони соҳавии вазорату идораҳои ҷумҳуриявиро барои иштирок дар ҷаласаҳои Ситод даъват намояд ва ҷаласаҳои сайёри Ситодро дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва сохторҳои дахлдор бо иштироки бевоситаи раисони маҳаллаву шаҳракҳо гузаронад. 

4.      Ситоди шаҳрӣ ҳамкории доимиро бо вазорату идораҳои дахлдор ба роҳ монда, ҷараёни иҷрои Қарори мазкурро дар ҷаласаҳои худ баррасӣ ва аз ҷараёни татбиқи он мунтазам ба Раиси шаҳри Душанбе ахбор ва тавассути воситаҳои ахбори омма ба сокинони шаҳр иттилоъ диҳад.

5.      Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолии шаҳр дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2015-2016, иҷрои саривақтии Қарори мазкур ва масъалаҳои баамаломада, ситодҳои дахлдор дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе таҳти сарварии бевоситаи раисони ноҳияҳо ва ҳар як субъекти дорои мақоми шахси ҳуқуқӣ таҳти сарварии роҳбарони аввали он ташкил дода шавад.

 

6.      Муқаррар карда шавад, ки оид ба масъалаҳои омодагӣ ва гузаронидани мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2015-2016 сокинони шаҳр метавонанд ба Ситоди шаҳрӣ:

- тавассути телефонҳои  221-34-90;     221-67-56;    221-42-74;

- навбатдори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе (шабонарӯзӣ)- телефонҳои 223-22-14, 221-26-95;

- шуъбаи муроҷиат ва қабули шаҳрвандони дастгоҳи Раиси шаҳри

  Душанбе - телефонҳои 221-82-58,  221-22-29;

- ба ситодҳои ноҳиявӣ:

     Шоҳмансур –  221 - 07 – 61;                Фирдавсӣ –     233 – 60 – 32;

     И.Сомонӣ –     221 - 06 – 34;                Сино –              236 –88 – 70

муроҷиат намоянд.

7.      Нисбати масъалаҳои вобаста ба сатҳ, сифат ва ҳаҷми хизматрасониҳо, аз ҷумла қатъ гардидани хизматрасониҳои муҳандисӣ, бартарафсозии саривақтии садамаҳо дар шабакаҳои муҳандисӣ ва кулли дигар хизматрасониҳои коммуналию беҳдошти ҳолати санитарӣ, нақлиёти ҷамъиятӣ, ҳолати роҳҳову системаҳои ирригатсионӣ ва фарҳанги шаҳрнишинӣ сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе метавонанд дар реҷаи мустақим «On-Line» шабонарӯзӣ ба сомонаи интернетии шаҳрдорӣ  www.mometavonem.tj, ки дар доираи амалисозии Барномаи инноватсионии «Мо метавонем!» фаъолият менамояд, тавассути фиристонидани sms-паёмакҳо ба рақами телефонии 988933333, почтаи электронии admin@mometavonem.tj, тариқи web бевосита ба сомонаи  www.mometavonem.tj ва инчунин телефонҳои навбатдории шабонарӯзии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе (223-22-14,  221-26-95) муроҷиат намоянд.

8.      Роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ӯлмасов Ф.У. то 25 майи соли 2015 лоиҳаи Қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанберо оид ба таъсиси комиссияҳои муваққатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе бо ҷалби намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва васоити ахбори омма ҷиҳати ба таври доимӣ аз 1 июни соли 2015 то 15 марти соли 2016 мунтазам гузаронидани санҷиши корҳои омодагии ноҳияҳои пойтахт ва сохторҳои шаҳрӣ барои тасдиқ ба Раиси шаҳри Душанбе пешниҳод намояд. Дар робита бо ин, дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе низ комиссияҳои марбутаи ноҳиявӣ созмон дода шаванд.

9.      Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Ҳамроев Д.Т.) тавассути воситаҳои ахбори омма ҷараёни иҷрои Қарори мазкурро инъикос ва ба пуррагӣ чоп намудани онро дар рӯзномаҳои шаҳрӣ таъмин созад.

10.  Назорати иҷрои Қарори мазкур вобаста ба соҳаҳои сарпараст ва ҳудудҳои марзӣ ба зиммаи муовини якум, муовинони Раиси шаҳр ва Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе гузошта шавад.

М. УБАЙДУЛЛОЕВ