Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
22 May 2015


Қарори раиси шаҲри Душанбе № 262 аз 19.05. 2015

 

Дар бораи баргузории “Ҳафтаи  кӯдакон ва наврасони

шаҳри Душанбе” бахшида ба Рӯзи байналмилалии

ҳифзи кӯдакон таҳти унвони “Оилаи солим – кӯдаки солим”

 

Бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ, фарҳангиву маърифатӣ ва ѓоявию бадеӣ баргузор намудани чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон, зоҳир намудани таваҷҷуҳи хоса ба тарбияи маънавию ахлоқӣ ва маърифативу фарҳангии насли наврас, бо инобати тадбирҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе вобаста ба“Соли оила” эълон гардидани соли 2015, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ”

ҚАРОР   МЕКУНАМ :

          1. Ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон аз 26 май то 1 июни соли 2015 дар шаҳри Душанбе “Ҳафтаи кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе”  таҳти унвони “Оилаи солим – кӯдаки солим” эълон карда шавад.

2. Нақшаи чорабиниҳои замимагардидаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба баргузории “Ҳафтаи кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе” тасдиқ ва мавриди иҷроиш қарор дода шавад.

3. Раёсатҳои маориф, кор бо занон ва оила, ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе ва дигар сохторҳои марбутаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Бахши ҳуқуқи кӯдаки Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии “Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе” ва Созмони талабагони шаҳри Душанбе ба номи Исмоили Сомонӣ бобати дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани чорабиниҳои “Ҳафтаи кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе” тадбирҳои амалӣ андешанд.

4. Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма ба роҳ монад.

5. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Лангариева Ҷ.С. гузошта шавад.

М. УБАЙДУЛЛОЕВ