«Қасри миллат» - қасри нав дар маркази Душанбе. Дар ҳамин қаср мулоқотҳо байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарони давлатҳои хориҷа мегузарад.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
22 May 2015

       ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №260 аз 14.05.2015

 

             Дар бораи баргузории Рӯзи байналмилалии

             муҳити зист дар шаҳри Душанбе

 

Бо мақсади татбиқи барномаҳои экологии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва бо инобати иҷрои Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе № 243 -22  аз 25 декабри соли 2014, ҷиҳати беҳдошти вазъи экологии шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳити зист 5- июн ва бо баррасии дархости Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 

ҚАРОР    МЕКУНАМ:

1. Нақшаи замимагардидаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷиҳати баргузории Рӯзи байналмилалии муҳити зист 5- июни соли 2015 дар шаҳри Душанбе тасдиқ ва мавриди иҷроиш қарор дода шавад.

2. Маросими ифтитоҳи чорабинӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳити зист соати 9:00  5 июни соли 2015 тибқи дархости зикршуда дар саҳни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ баргузор карда шавад.

3. Муовини якуми Раиси шаҳри  Душанбе Расулов А. Р., Раиси ноҳияи И.Сомонӣ  Қурбонов А.Ҷ., Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе (Раҳимов Т.К.), Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе (Саймуддинов А.С.), Раёсати маорифи шаҳри Душанбе (Фақеров Ҳ.Н.) ва Шуъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри

Душанбе (Ҷалолов Н. М.) барои дар сатҳи зарурӣ доир намудани чорабиниҳои зикргардида тадбирҳои амалӣ андешанд.

4. Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (Нуралиев З.С.) ва Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (Қунѓуротзода Ф.Қ.) амнияти шаҳрвандон ва тартиботи ҷамъиятиро дар ҷараёни баргузории чорабинӣ таъмин намоянд.

     5. Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Ҳамроев Д.Т.) инъикоси васеи Қарори мазкурро  тавассути воситаҳои ахбори омма ба роҳ монад.

    6. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе  Расулов А. Р. гузошта шавад.

М. УБАЙДУЛЛОЕВ