Маркази барқу гармидиҳии -2 Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
22 May 2015

Қ А Р О Р И РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ № 267 аз 19.05. соли 2015

 

Дар бораи таъсиси Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази омӯзишӣ -истеҳсолии дӯзандагии  Бону”-и  Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар  шаҳри Душанбе

Бо мақсади ба роҳ мондани истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти дӯзандагии ватанӣ ва ҷалби бештари занону духтарони маҳаллӣ ба омӯзишу истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ, ҷиҳати таъсиси ҷойҳои нави корӣ мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти  давлатӣ», моддаи 124 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи корхонаҳои давлатӣ”

ҚАРОР МЕКУНАМ:

1.Дар заминаи қисми таҳхонаи бинои моликияти коммуналӣ, воқеъ дар кӯчаи Тахмоси ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ки дар тавозуни Муассисаи давлатии “Наврӯзгоҳи пойтахт” қарор дорад, дар масоҳати 949,2м2  Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази омӯзишӣ -истеҳсолии дӯзандагии Бону”-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар  шаҳри Душанбе  таъсис дода шавад.

2.Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар муҳлати як моҳ ҳуҷҷатҳои таъсисии Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази омӯзишӣ-истеҳсолии дӯзандагии Бону”-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар  шаҳри Душанберо  таҳия ва  ба Раиси шаҳри Душанбе пешниҳод намояд.

3. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.

4.Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси рафти иҷрои Қарори мазкурро тавассути васоити ахбори омма таъмин намояд.

5.Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини  Раиси шаҳри Душанбе  Самадов Ш.Д. гузошта шавад.

М. УБАЙДУЛЛОЕВ