Гулҳои Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
26 May 2015

25 майи соли 2015 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи кории навбатии шаҳрдорӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа қабл аз ҳама Маҳмадсаид Убайдуллоев  таваҷҷуҳи бештарро ба тақвияти тадбирҳо оид ба баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон дар сатҳи шаҳр ва ноҳияҳои он равона намуда, илова ба муқаррароти мавҷуда зикр сохт, ки рӯйхати қабул ва навбтадории муовинони Раиси шаҳри Душанбе бо инобати фарогирии тамоми рӯзҳои корӣ аз соати 17 то 19 аз нав тасдиқ ва тавассути воситаҳои ахбори оммаи шаҳрӣ дастраси сокинон карда шавад. 

Дар ин зимн муқаррар сохт, ки шуруъ аз 1 июни соли 2015 ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе аз соати 9 то 12 қабули шаҳрвандоне, ки муроҷиатҳояшон дар сатҳи  муовинони Раиси шаҳр ва раисони ноҳияҳо ҳалли худро пайдо накардаанд, аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе ба роҳ монда мешавад.

Баҳри вусъати корҳои ободонӣ ва бархурдории доимӣ аз пешрафти ҳаёти ҷомеа дар маҳалҳо реҷаи кории раисони ноҳияҳо ва муовинони сарпарасти Раиси шаҳр дар ноҳияҳо низ таѓйир дода шуд. Мутобиқ ба он мавсуф муваззаф карда шуданд, ки ҳар субҳ, бидуни рӯзҳои панҷшанбе, ки Рӯзҳои шаҳр дар ноҳияҳои он баргузор мешаванд, аз соати 6 то 8 боздиди ҳатмии корӣ дар маҳалҳо анҷом дода, оид ба рафъи мушкилоти ифшогардида тадбирҳои фаврӣ андешанд.

Дар ҷаласа бо дахли дигар масоили хоҷагидории шаҳр, оид ба муташаккилона ва ҳадафманд баргузор намудани Рӯзҳои шаҳри Душанбе дар шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт, омодагиҳои ҳамаҷониба ба Рӯзи ваҳдат, фарогирии васеи аҳли ҷамоатчигӣ, субъектҳои хоҷагидорию институтҳои шаҳрвандӣ тавассути эҳсонкорӣ ба ободонии роҳҳои дохили маҳаллаву шаҳракгузар, ѓанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ, таъмини ҳатмии муқаррароти қонунгузорӣ дар самти истифодабарии замин, дастрасии сокинон ба хизматрасониҳо, ҳолати санитарию экологӣ, аз байн бурдани савдои кӯчагӣ, пешгирии зиёдаравиҳо дар иҷрои русуми адёнӣ ва таблиѓоти бегона, вазъи зиддисӯхторӣ дар шаҳр ва ташкилоту идораҳо, ҳолати наҳру селпартоҳо ва дар доираи масъулияти шаҳрвандӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳр баргузор намудани “Занги камолот”, аз ҷониби Раиси шаҳр ба масъулин дастуру супоришот ироа гардиданд.