Душанбешаҳр
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
26 May 2015

23 майи соли 2015, соати 1930  Боғи Наврӯзгоҳ

 Ҷавонони саодатманди пойтахт!

Ҳозирини гиромиқадр!

Дар Ватани арҷманду маҳбубамон ҳамасола роҳандозии истиқболи бошукуҳу  фараҳ-мандонаи Рӯзи ҷавонон собит месозад, ки Ҷаноби Олӣ, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нерӯи пешбаранда ва ояндасозии Шумо ҷавонон ҳамеша такя ва барои ташаккулу камолёбӣ заминаҳои мусоидро дар татбиқи потенсиали созандаатон муттасил фароҳам меоваранд. 

Дар паёми дирӯзаи  шодбошиашон ин нуктаҳо ва арҷгузорӣ бори дигар боисрору пурҷило ифода гардиданд. 

Тавре хуб огаҳӣ доред, дар шаҳрамон аз 1 то 30 майи соли 2015 эълон доштани «30 рӯзи ҷавонӣ» таҳти унвони «Ҷавонон давомдиҳандагони ҳадафҳои олии кишвар!» ва дар доираи он бидуни чорабиниҳои нақшавию маъмулӣ оростонаи маҳфилҳои хоса ва фарҷомбахшии Рӯзҳо тавассути сафарбарсозии ҷавонон ба саёҳати иншооти аср – сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун», ба раванди иштироки ҷавонон дар татбиқи барномаҳои шаҳрдорӣ такони тоза мебахшад.   

Қобили зикр аст, ки ҷавонони шаҳрамон ҳамчун нерӯи боэътимоду идомадиҳандаи мактаби номуси Ватан ва давлатдорӣ ҳамеша мавриди таваҷҷуҳ ва дастигириву ғамхориҳои пайвастаи шаҳрдорӣ қарор доранд. 

Зеро тарбияи насли наврасу ҷавон дар рӯҳияи меҳанпарастию созандагӣ, бунёдкорӣ ва пешбурди тарзи ҳаёти солиму ба тамринҳои рӯздармиён фаро гирифтани онҳо сарчашмаи рушди бемайлони ҷомеаамон маҳсуб мешавад.

Бояд тазаккур дод, ки барои тамрину солимгардонии ҷавонон имрӯз дар шаҳрамон иншоотҳои варзишии сатҳи гуногун ба 592 адад расонида, сол то сол теъдодашон зиёд карда мешавад.

То ба имрӯз аз ҷониби шаҳрдорӣ 36 адад майдончаҳои муосири варзишии иловагӣ дар ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳои шаҳр бо масоҳати 62554 м2 ба истифода дода шуданд, ки то охири соли ҷорӣ теъдоди онҳо ба 56 адад расонида мешавад.

Баҳри ҳавасмандгардонии варзишгарон аз соли 2012  инҷониб ба беҳтарин варзишгарони шаҳр барои даствардҳои баланди варзишӣ дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳониву минтақавӣ аз намудҳои олимпӣ ва ғайриолимпӣ  стипендияи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, мутаносибан ба маблағи  аз 450 то 1000 сомонӣ таъсис дода шуд.

 То ба имрӯз 176 нафар варзишгарон аз ин стипендияҳо бархурдоранд, ки ба ин мақсад аз ҳисоби буҷети шаҳр беш аз 791 ҳазор  сомонӣ масраф шудааст.

Идома бар он, тайи чанд соли охир дар шаҳрамон озмунҳои анъанавии соҳаи тарбияи ҷисмонию варзиш, аз қабили “Беҳтарин варзишгари шаҳри Душанбе», «Беҳтарин мураббии варзиши сол дар шаҳри Душанбе», «Беҳтарин мактаби варзишии шаҳри Душанбе» ва «Беҳтарин толори варзишии сол дар шаҳри Душанбе» дар расми таҷлили Рӯзи пойтахт ҷамъбаст ва ғолибон қадрдонӣ карда мешаванд.

Гузашта аз ин, баргузории мусобиқоти сатҳи байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе ба ҳукми анъана даромадаанд, ки  аз ҷумлаи онҳо Ниммарафони байнал-миллалии Душанбе мақоми хосаро дорост.

Ин мусобиқа дар таърихи варзиши мамлакат ягона чорабиниест, ки ҳамчун мусобиқаи анъанавӣ ба феҳристи мусобиқоти ҷаҳонӣ ва руйхати тақвими Ассотсиатсияи байналмилалии Марафонҳо ва давҳо дар масофаҳои дур ворид карда шуда, ба хатсайри он моҳи ноябри соли 2013  Сертификати мутобиқати роҳ дода шуд, ки сол то сол мавқеъ ва нуфузи мусобиқаи мазкур хусусияти хосро ба худ касб намуда, дар сатҳи байналмилалӣ мақоми намоён пайдо менамояд.

Бо ҳидоятҳои Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 25-солагии Истиқлолияти давлатиямон пай дар пай, баҳри Шумо ҷавонон, нахустин шаҳраки олимпӣ - Қасри теннис барои 3000 ва Қасри намудҳои варзиши обӣ барои 2000 ҷойи нишаст, ҳавзи нимпӯшидаи обӣ, майдони яхмолакбозии муосир ва 8 майдонҳоизамонавии тенниси рӯизаминӣ рӯ ба рӯи Боғи зебоманзари пойтахтамон дар кӯчаи Карамов ҳамчун Маҷмааи  беназиртарин дар кишвар, барои тамрин ва баргузории мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонию олимпӣ Худо хоҳад, ба истифода дода мешавад.

Ин ҳама дар амалисозии дастури Сарвари давлатамон, ки шанбеи ҳар ҳафтаро Рӯзи варзиш ва солимгардонии ҷомеа эълон намуданд, шароити мусоид фароҳам меоварад.

Боварӣ дорем, ки ҳар кадоми Шумо бо шуғл доштан ба варзиш, солимгардонии руҳу тан дар пешбурди тарзи ҳаёти солим ва бунёди оилаҳои намунавӣ, ки ахлоқи ҳамида ва тарбияи фарзандони ватандӯсту накӯном ҷавҳари онро ташкил медиҳад, пешоҳангиро аз даст нахоҳед дод.

Ҳозирини арҷманд!

Мо бо дарки масъулият баҳри таъмини шароити шоистаи зиндагии ҷавононе, ки дар  бахши маориф, тандурустӣ, илму фарҳан-ги шаҳр фаъолият менамоянд барои дастрасӣ ба харидории манзили зист барномаи «Шароити арзанда»-ро роҳандозӣ намудем ва 31 январи соли 2012 КВД «Сохтмони манзили дастрас»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанберо таъсис додем, ки то ба имрӯз беш аз 22 ҳазору 500 м2 манзили истиқоматиро ба истифо-да додааст ва феълан дар хиёбони

Синои шаҳр сохтмони Маҷмааи биноҳои бисёрошёнаи истиқома-тиро, ки аз 10 бинои 14-16 ошёна ва дорои 852 квартира мебошад, баҳри дастрасии оилаҳои ҷавон ба манзили зист бо вусъат ба роҳ мондааст.

Қобили зикр мебошад, ки имкониятҳои фароҳамовардаи муосири коммуникатсионии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе баҳри рушди ҳукумати электронӣ, аз қабили почтаи электронии  dushanbe80@yahoo.com, сомонаҳои www.dushanbe.tj, www.mometavonem.tj, www.bemiyona-ravho.tj ва дастрасиҳои интерактивӣ тавассути сомонаҳои иҷтимоии Твиттер, Фейсбук ва Мой мир иштироки бевоситаи аҳли ҷомеаи шаҳрро дар идоракунии давлатӣ, татбиқи барномаҳои шаҳрдорӣ, Нақшаи генералӣ, муборизаи дастаҷамъона алайҳи коррупсия ва ҷалби мутахассисони ҷавон ба хизмати давлатиро, ки аз омилҳои таъсиргузор мебошанд таъмин сохт ва  ин раванд минбаъд низ тавсеа ва тақвият  хоҳад ёфт.

Боиси ифтихормандист, ки Шумо ҷавонони саодатманд набзи созандагиро дар пойтахти кишварамон пайваста ба мароми азалӣ тақвият мебахшед.

         Бо истифода аз фурсат ва фазои идона миннатдории мақомоти намояндагӣ ва иҷроияи шаҳрро барои нақш ва саҳми босазоятон дар татбиқи барномаҳои созандаи шаҳрдорӣ, риояи Маромномаи сокини пойтахт, Қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, санитарӣ ва ободонӣ, ҳамраъйӣ ва иштироки  фаъолона дар раванди  эҳсонкорӣ бобати ободонии роҳҳои дохилишаҳраку маҳаллагузар  иброз менамоем! 

 

 

Дӯстони азиз!

Баҳри идомаи бомароми фазои «Солҳои ташаббусҳои созанда ва масъулияти шаҳрвандӣ», ки ҷиҳати баланд бардоштани масъулияти шаҳрнишинӣ ва ширкати бевоситаи ҳамагон дар ҷараёни корҳои созандагию ободкории сокинони пойтахт, чун тавсеаи иқдомҳои наҷиби ватандӯстона самараи неку дилхоҳ бахшид, тибқи Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз 25 декабри соли 2014 соли 2015 дар шаҳр «Соли соҳибкории истеҳсолӣ ва иқдомоти креативӣ» ва ободонии роҳҳои дохилишаҳраку маҳаллагузар  элон карда шуд.

Итминон дорем, ки дар амалисозии иқдомоти зикршуда ба истиқболи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳар кадоми Шумо ҷавонон аз худ ташаббусҳои креативӣ нишон дода, дар татбиқи барномаҳои шаҳрдорӣ ва баргузории «Рӯзҳои шаҳри Душанбе дар ноҳияҳои он», ки ҳар ҳафта рӯзи панҷшанбе дар шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт бо  вусъат амалӣ мегардад, саҳми беназир мегузоред.                                                             

Ҳамзамон бо боварии том изҳор менамоем, ки дар ин сабқати созандагӣ институтҳои шаҳрвандӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва воситаҳои ахбори оммаи давлативу мустақил, ки бештари қисми таркибии онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд, аз худ ташаббуси ибратбахш нишон хоҳанд дод.

Вақт ва айёми зудгузар тақозо менамояд, ки ҳар яки мо, новобаста аз мавқеи сиёсӣ, мансубияти иҷтимоӣ ва мансабу мақом дар ҷомеа, баҳри дурахши бегазанди ливои Ватан дар фазои суботу оромӣ, тавассути меҳнати аҳлонаи ҳамарӯза, бедории сиёсӣ, ору номуси ватансозӣ, ки воқеан ҷавобгӯи ниёзҳои бунёди давлати соҳибистиқлоламон мебошанд,  бо  дарки масъулият ҳиссаи сазовори худро гузорем.

Муҳимтар аз ҳама, Шумо, ҷавонон дар раванди ҷаҳонишавии арзишҳову фарҳанги бегона, ки метавонад ба ҳар васила тавассути дилхоҳ технологияву имконоти иртиботӣ таъсиргузор ба рӯҳу тафаккури инсони солим бошад, бо роҳи касби донишҳои асил, тавозунбандии мантиқӣ, бардошт-ҳои амиқи илмӣ  алайҳи ин вабои аср, ки ҷаҳолат ва ифротро  чун намунаи ҳастии адёнӣ нишон додан мехоҳанд, истодагарӣ хоҳед намуд.

Зеро, тавре воқеияти рушди ҷомеаву тамаддунҳо ва вақт собит кардааст, маҳз сохтори дунявӣ, демократӣ ва  ҳуқуқбунёдӣ  барои инкишофи озодонаву фароҳам овардани заминаҳои зиндагии арзанда ва татбиқи потенсиали созандаи аҳли ҷомеа метавонад шароити мусоидро фароҳам овард, ки дар ин роҳ мо чун ҳамеша бо истодагарию ваҳдати комил, зиракии сиёсию чолокӣ ва матонати беназири ватанхоҳонаамон муваффақ хоҳем шуд.

Дар ин росто, ба ҳамагон барору комёбӣ, саодатмандию сарбаландӣ ва масъулияти беназири ватанхоҳӣ орзумандем ва мутмаинем, ки Мо метавонем!

Бори дигар Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон – созандагони фардои пурифтихори Ватан муборак бошад, дӯстони азизу арҷманд!

Ташаккур!