Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
27 May 2015

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ № 270 аз 19.05.2015 

 Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Консепсия дар бораи ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар барои солҳои 2015-2020»

 Бо мақсади ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ба рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе ва иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №107 аз 28 феврали соли 2015 «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Консепсия дар бораи ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар барои солҳои 2015-2020» мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти  маҳаллии  ҳокимияти  давлатӣ»

 

ҚАРОР   МЕКУНАМ:

1.          Нақшаи чорабиниҳои замимагардидаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба татбиқи Консепсия дар бораи ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар барои солҳои 2015-2020, тасдиқ ва мавриди иҷро қарор дода шавад.

2.          Сохторҳои марбутаи шаҳрӣ иҷрои ҳамаҷонибаи Нақшаи чорабиниҳои мазкурро таъмин намуда, аз натиҷааш ҳар нимсола  ба Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҷиҳати ҷамъбаст ва пешниҳод ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ахборот манзур намоянд.  

3.             Назорати  иҷрои  Қарори  мазкур  ба  зиммаи муовини Раиси  шаҳри Душанбе  Мақсудзода Ш. гузошта  шавад.

М. УБАЙДУЛЛОЕВ