Муасисаи давлатии «Душанбе Плаза»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
6 August 2010

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри  Душанбе дар асоси анъаноти хеш  баҳри ғановати дастурхони моҳи Шарифи Рамазон  бо ҷалби  потенсиали соҳибкории пойтахт тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Бо ин мақсад шоми 4 августи соли 2010 бо иштироки васеи соҳибкорони ба фурӯши  маҳсулоти аввалиндарачаи ниёзи мардум, ки дар бозори истеъмолии пойтахт хизматрасонӣ менамоянд ҷаласаи кории шаҳрдорӣ  таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор гардид.

Дар ҷаласа бо инобати моҳи хайрот ва эҳсонкорӣ маҳсуб ёфтани моҳи Шарифи Рамазон аз ҷониби соҳибкорон ҳамчун омили саховатмандӣ баҳри дастгирии сокинони шаҳр ташаббус гардид, ки чун амали маъмулӣ онҳо омодаанд дар тӯли моҳи муборак аз 11 августи то 10 сентябри соли 2010  нархи 1 кг гӯшти гов то 18 сомонӣ, гӯшти гӯсфанд то 19 сомонӣ, нархи 1 халта орди навъи якум то 90 сомонӣ ва равғани растанӣ, равғани маска, шир, тухм, биринҷ, шакар, картошка, помидор, пиёз, сабзӣ, карам, ангур ва харбузаю тарбузро то 15-20 фоиз паст аз нархи бозорӣ ба фурӯш мегузоранд, ки он ҳамчун амали нек дар Соли ташаббусҳои созанда ва масъулияти шаҳрвандӣ  ҷонибдорӣ карда шуд.

Ҷавобан ба ин иқдоми соҳибкорон Раиси шаҳри Душанбе М. Убайдуллоев  КВД «Савдо ва бозорҳои шаҳри Душанбе» ва бозорҳои зертобеи онро  вазифадор намуд, ки дар моҳи Шарифи Рамазон барои деҳқононе, ки маҳсулоти кишоварзиро бе миёнаравҳо ба фурӯш мебароранд ва тоҷирону соҳибкоронеро, ки ба воридоту фурӯши номгӯи маҳсулоти зикргардида машғул мебошанд, афзалияти ҳамаҷониба фароҳам оварда, онҳоро аз пардохти ҳама намуди хизматрасониҳо мутаносибан ба пуррагӣ ва  ба андозаи 50 фоиз озод намоянд.   

Хоҳиш ба амал оварда шуд, ки дар давоми моҳи Шарифи Рамазон аз ҷониби сохторҳои дахлдори назоратии давлатӣ гузаронидани ҳамагуна тафтишу санҷишҳо дар бозорҳои шаҳр  мавқуф гузошта шавад ва минбаъд низ фаъолияти назоратию санҷишиашонро танҳо дар доираи талаботи қонунгузории ҷумҳурӣ амалӣ намоянд.

 Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе, Раёсати андози шаҳри Душанбе, Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе, Раёсати назорати давлатии байтории шаҳри Душанбе ва Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе  муваззаф гардиданд, ки ҷиҳати таъмини ғановати бозори истеъмолии пойтахт, ташкили назорати самараноки санитарию эпидемиологӣ ва ҳифзи саломатии шаҳрвандон дар давоми моҳи Шарифи Рамазон чораҳои зарурӣ андешанд.

Ҳамзамон, ба КВД “Савдо ва бозорҳои шаҳри Душанбе” дастур гардид, ки нуқтаҳои гӯштфурӯшии иловагиро дар бозорҳои зертобеъи худ таъмин намояд.

Баҳри ғанӣ гардонидани бозори истеъмолии пойтахт дар давоми моҳи Шарифи Рамазон ба КВД “Савдо ва бозорҳои шаҳри Душанбе” ва маъмурияти Корхонаи фаръии бозори “Саховат”иҷозат дода шуд,  ки таваққуфгоҳи нақлиётии назди ин бозорро барои гузаронидани ярмаркаҳои доимоамалкунандаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ройгон истифода бурда, ҳамарӯза дар доираи ҳамкорӣ бо тамоми сохторҳои молистеҳсолкунандаю маҳсулоттайёркунанда ва маҳсулоттайёркунандагон дар даромадгоҳҳои корхонаҳои фаръии бозорҳои зертобеаш ва “Гӯшаҳои деҳқонон” ярмарка – фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалу агросаноатиро ташкил ва таъмин намуда, баҳри баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ чорабиниҳои зарурӣ андешад ва ҳамарӯза аз 9 август то 10 сентябри соли ҷорӣ маблағҳои ҷамъовардашавандаи кору хизматрасонӣ ва аз муомилоти ҳама намуди гардиши молӣ дастрасгардидаро бо мақсади хариду захираи маҳсулоти ниёзи аввалия барои нигоҳдошт ва батанзимдарории нарху наво истифода намояд.

Ҷиҳати таъмини ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон маъмурияти бозорҳои дар марзи шаҳри Душанбе фаъолияткунанда новобаста аз шакл ва тобеъияти идоравӣ вазифадор гардиданд, ки то 10 августи соли ҷорӣ ҳамаи тарозуҳоро аз санҷиши Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Тоҷикстандарт” гузаронида, барои хизматрасонии мизоҷон фаъол созанд.

Масъулияти назорати иҷроиши ин амал дар бозорҳои “Шоҳмансур”, “Саховат”, “Деҳқон” мутаносибан ба зиммаи муовинони Раиси шаҳри Душанбе Таваров Р.Ҳ., Раҳимова С.Ҳ., Мансуров Ҷ.М. ва дар бозорҳои хусусӣ ба ӯҳдаи раисони ноҳияҳои пойтахт гузошта шуд.

Бобати воқеияти риояи ташаббус оид ба бо нархҳои иқдомӣ аз ҷониби соҳибкорон ба фурӯш гузоштани анвои маҳсулоти мутазаккира телефонҳои боварии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе  223-22-14 ва 221-26-95 барои сокинон дар даромадгоҳи марказии бинои шаҳрдорӣ ва почтаи электронии Раиси шаҳри Душанбе dushanbe80@yahoo.com фаъол карда мешаванд, ки ҳар як шаҳрванд имкон дорад дар ин хусус аз бардоштҳои худ муроҷиат намояд.