Биноҳои истиқоматӣ ва маъмурии лоиҳаи «Диёри Душанбе»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
1 June 2015

1 июни соли 2015 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе  ҷаласаи васеи кории шаҳрдорӣ бо иштироки роҳбарони сохторҳои марбутаи мақомоти намояндагию иҷроияи шаҳрию ноҳиявӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва назорати давлатию ҷамъиятӣ таҳти садорати Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор гардид.

Маҳмадсаид Убайдуллоев зимни барррасии масъалаҳои ҳаёти хоҷагидории шаҳр, қабл аз ҳама таваҷҷуҳи масъулинро ба идомаи татбиқи фарогири нақша-чорабиниҳои шаҳрдорӣ дар доираи амалишавии барномаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳр дар соли ҷорӣ дар таносуби сохторҳои марбута равона ва натиҷагирӣ намуд. Дар ин росто, фаъолияти анҷомгирифтаро нокифоя арзёбӣ карда, масъулинро муваззаф сохт, ки баҳри тақвияти иҷрои вазифаҳои хизматӣ тадбирҳои иловагӣ андешида, раванди корҳои ободониро дар шаҳр вусъат бахшанд.

Аз ҷумла, зикр сохт, ки бо вуҷуди таскиндиҳанда будани ҳисобтҳои оморӣ фаъолияти сохторҳои дахлдорро дар тамоми самтҳои ҳаёти хоҷагидории шаҳр ба таври доимӣ бояд  тавсеа ва тақвият бахшид.

Қабл аз ҳама таваҷҷуҳи мақомоти дахлдор дар ҷодаи хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ ба пешгирии воридшавии нақлиёти дорои литсензия набуда ба пойтахт, аз байн бурдани ҳолатҳои ҷойдоштаи бенизомию танбашавии ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар хатсайрҳо ва пурзӯр намудани назорати прокурорӣ нисбати хилофкорони қонун нигаронида шуд

Дар иртибот ба ин мавзуъ роҳбарияти сохторҳои марбута  вазифадор карда шуданд, ки дар доираи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда оиди қатъ намудани фаъолияти мошинбозор ва аз марзи шаҳр берун баровардани он тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.

Бо дахли масоили иҷтимоӣ, Маҳмадсаид Убайдуллоев, вазъи таълиму тарбия, ҳолати маишӣ, санитарию эпидемиологӣ дар муассисаҳои зертобеи Раёсати маориф, сифати хизматрасониҳо дар муассисаҳои тандурустии шаҳр, фаъолияти бахши фарҳангу иҷтимоиёт ва кор бо наврасону ҷавонон, занону оилаҳоро ба риштаи таҳлил кашида, дастур фармуд, ки бо инобати ҷавобгӯи талаботи вақт ва замон роҳандозӣ кардани фаъолият, бахусус дар самти пешгирии зиёдаривиҳо дар иҷрои русуми адёнӣ ва танзими расму оин  барномаҳои ҳадафмандро тарҳрезӣ ва муассир амалӣ созанд.

Ҳамзамон, дар ҷаласа вазъи санитарию эпидемиологии шаҳр, барориши саривақтии партовҳои сахти маишӣ, вусъати тадбирҳо оид ба таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ва рафъи садамаҳои бамиёноянда, аз байн бурдани савдои кӯчагӣ, назорати дахлдор нисбати нуқтаҳои фурӯши нӯшокиҳои ташнашикан, ҳолати роҳ, наҳру селпартоҳо ва риояи меъёрҳои истифодабарии дарёҳои марзгузари шаҳр, пешгирии ғасби худсаронаи замин, ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ, реклама ва ороиши мақсадноку мавзӯии шаҳр, тавсеаи барномаҳо баҳри таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва масъалаи ҳар ҳафта рӯзҳои панҷшанбе ҳадафманд доир намудани Рӯзҳои шаҳр дар ноҳияҳои он,  аз ҷониби Раиси шаҳр баррасӣ гардида, ба масъулин дастурҳои судманд ироа гаштанд.