Маркази барқу гармидиҳии -2 Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
9 June 2015

Қарори  раиси шаҲри Душанбе №299 аз 30.05.2015

 

 Дар   бораи   таъсиси   Шӯро  оид  ба

ҳамоҳангсозӣ ва рушди соҳаи моликияти

зеҳнӣ  дар шаҳри Душанбе

 

  Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 декабри соли 2014, №767 «Дар бораи таъсиси Шӯрои миллӣ оид ба ҳамоҳангсозӣ ва рушди соҳаи моликияти зеҳнӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

1.     Шӯро оид ба ҳамоҳангсозӣ ва рушди соҳаи моликияти зеҳнӣ дар шаҳри Душанбе таъсис дода шавад.

2.     Ҳайат ва Низомномаи  Шӯро оид ба ҳамоҳангсозӣ ва рушди соҳаи моликияти зеҳнӣ дар шаҳри Душанбе тибқи замимаҳои №1  ва №2 тасдиқ карда шаванд.

3.     Раёсати  рушди иқтисод ва савдои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ  дар шаҳри Душанбе ҳамчун сохтори масъул оид ба таҳияи  нақшаҳои корӣ ва ҷамъоварии  ҳисобот  аз натиҷаи корҳои анҷомдодаи  мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳо ва сохторҳои марбутаи шаҳри Душанбе муқаррар карда шавад.

4.     Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод гардида, бо Шӯрои миллӣ оид ба ҳамоҳангсозӣ ва рушди моликияти зеҳнӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа карда шавад.

5.     Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Ҳамроев Д.Т.)  инъикоси Қарори  мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

6.      Назорати иҷрои Қарори  мазкур ба зиммаи  муовини Раиси шаҳри Душанбе Лангариева Ҷ.С. вогузор карда шавад.

                                                                             М. УБАЙДУЛЛОЕВ