Шаршара дар Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
16 June 2015

Воҳиди хариди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, тибқи иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе №310 аз 11 июни соли 2015 «Дар бораи баргузории тендери такрорӣ» оиди интихоби молрасони таҷҳизот ва дастгоҳҳои тибби иншооти «Маҷмааи тандурустӣ «Пойтахт-90» -марҳилаи дувоздахум барои:

-Лоти №1 «Таҷҳизот барои ташхиси нурӣ»;

-Лоти №2 «Дастгоҳҳои назорати ҳолатҳои клиникӣ»;

-Лоти №3 «Таҷҳизоти озмоишгоҳӣ»;

-Лоти №3а «Таҷҳизот барои ташхиси гистологӣ ва ситологӣ»;

-Лоти №9 «Таҷҳизот барои ташхиси даруннигарӣ (эндоскопия)»;

-Лоти №10 «Таҷҳизот барои узвҳои нафаскашӣ (распираторная)»;

-Лоти №21 «Оргтехника ва дастгоҳи назорати аудио ва видеогӣ»;

-Лоти №26 «Инвентари мулоим»

 

ТАРИҚИ ИШТИРОКИ НОМАҲДУД, БО МАҲДУД НАМУДАНИ МЎҲЛАТИ ДАРХОСТҲОИ ТЕНДЕРӣ ТЕНДЕРИ КУШОДИ ТАКРОРӣ ЭЪЛОН МЕНАМОЯД.

      Дар тендер шахсони ҳуқуқии ватанӣ тибқи Замимаи №2 Қарори Раиси шаҳри Душанбе №310 аз 11 июни соли 2015 «Дар бораи баргузории тенедери текрорӣ»

«Шартҳои махсуси тендер ҷиҳати интихоби молрасони таҷҳизот ва дастгоҳҳои муосири соҳаи тибби ба иншооти «Маҷмааи тандурустӣ «Пойтахт-90» дар шаҳри Душанбе - пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» метавонанд иштирок намоянд.

 

1.Дархост ҷиҳати иштирок дар тендер (бо тарзи электронӣ) бояд на дертар аз 3 рўз то санаи баргузор гардидани ҷаласаи комиссияи тендерӣ (кушодани лифофаҳо) пешниҳод гардад.

2.Пешниҳоди тендерии довталаб бо дарҷи муҳлати таҳвили таҷҳизот ва арзиши он бевосита аз ҷониби субъектҳои истеҳсолкунанда ва ё дар ҳолати аз ҳуқуқи таҳвили бевосита даст кашидани истеҳсолкунандагон, танҳо аз ҷониби як сохторе, ки худи молистеҳсолкунанда интихоб менамояд ва аз истеҳсолкунанда таҷҳизотро дастрас ва ба иншоот бе иштироки субъектҳои миёнарав ворид месозад, бояд ирсол гардад ва арзиши таҷҳизоту дастгоҳҳои муосири соҳаи тибро бо инобати хароҷотҳои нақлиётӣ, санҷиш, насбу васлкунӣ (пуско-наладочные работы) ва омўзонидани кадрҳои соҳавӣ барои таҷҳизот ва дастгоҳҳои марбута бо муҳлати кафолатӣ барои 2 сол дар бар гирад.

3.Довталаб ҳамзамон ба Комиссияи тендерӣ чунин ҳуҷҷатҳо ва маълумотро бояд ирсол намояд:

3.1.Шаҳодатнома оиди бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ, филиали шахси ҳуқуқии хориҷӣ дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иқтибос аз Феҳрасти ягонаи давлатӣ;

3.2.Маълумотномаи нозироти андози макони қайди иштирокчии тендер, ки набудани қарзҳои ба таъхирмондаро оид ба пардохтҳо ба буҷетҳои ҳамаи сатҳ ва фондҳои давлатии ғайрибуҷетӣ тасдиқ мекунанду на дертар аз 30 рўз то ба охиррасии мўҳлати додани дархост барои иштирок дар тендери мазкур дода шудааст;

3.3.Маълумот оид ба таҷрибаи амсоли таҳвили таҷҳизотҳои тиббӣ ба кишварҳои сайёра бо дарҷи нархи ҳар як таҷҳизот аз рўи борхатҳои мавҷуда дар давоми 3 соли охир;

3.4.Номгўйи таҷҳизоти тиббии таҳвилшаванда бо нишон додани давлати истеҳсолкунанда, завод, сертификати сифат, дастурамали истифодабарӣ ҳатман бо забони русӣ, нарх бо сомонӣ ва асъори ИМА бо қурби муайянкардаи Бонки миллии Тоҷикистон;

3.5.Кафолати бонкӣ дар ҳаҷми 2%-и арзиши дархости тендерӣ;

4.Шартҳои таҳвили DDU (нақлиётӣ, санҷиш, насбу васлкунӣ (пуско-наладочные работы ва омўзонидани кадрҳои соҳавӣ барои таҷҳизот ва дастгоҳҳои марбута то 2 сол) риоя карда шавад.

5.Шакли пардохт аз ҷониби ташкилоти харидор бо усули акредитивӣ ба роҳ монда мешавад.

6.Довталаб метавонад дар як ва ё якчанд лотҳо иштирок намояд.

7.Довталабе, ки дар тендер ғолибият ба даст меорад, бояд номгўи таҷҳизотҳои тиббии воридкунандаро то интиқоли онҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати бақайдгирии давлатӣ ба Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.

8.Пардохти бебозгашти ҳаққи иштирок дар тендер.

Барои гирифтани маълумотҳои иловагӣ ва дастрас намудани ҳуҷҷатҳои тендерӣ, довталабон метавонанд ба Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе, бо суроғаи шаҳри Душанбе, кўчаи Н. Қарабоев-24, бо телефонҳои 221-14-45, 233-77-56 ва почтаи электронии: zokirk@ayndex.com то санаи 19 июни соли соли 2015 муроҷиат намоянд.

Рўзи гузаронидани тендер 23 июни соли 2015, соати 15:00

Макони баргузории тендер: Бинои маъмурии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кўчаи Шевченко-69.

Эзоҳ: Мўҳлати ниҳоии қабули пешниҳодоти тендерӣ то соати 12:00-и 22 июни соли 2015.